logo

сиёсат

ЭЪТИРОФ. ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ПЕШОҲАНГ АСТ

Дар пасманзари иқдомҳои ахири давлати соҳибистиқлоли мо вобаста ба тақвияти муборизаи муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ алайҳи терроризму экстремизм мешавад ба ин  натиҷа  расид,  ки  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  шахси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як кишвари пешоҳанг дар ҳалли муҳимтарин масоили байналмилалист.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки моҳи майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушорикати Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, далели ин гуфтаҳост. Ин ҳамоиши сатҳи баланд, ки беш аз 400 намоянда аз 48 кишвари ҷаҳон ва 31 созмони байналмилаливу минтақавиро гирди ҳам овард, муҳимтарин масъалаҳои вобаста ба таҳкими мубориза бо ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосирро мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мизбонии ин конфронси байналмилалӣ бори дигар аз худ ҳамчун мамлакати ҷонибдори сулҳу субот дар саросари олам мужда дод, ки ин амр эътирофи намояндагони воломақоми идораҳои сиёсати хориҷӣ ва дигар сохторҳои соҳавӣ баъд аз иштирокашон дар ин нишаст аст.
Воқеан зуҳури гурӯҳҳои террористиву ифротгаро дар чанд соли охир вазъи ҷаҳони муосирро печида намуда, ҳатто ба рӯи муносибати қудратҳои ҷаҳониву кишварҳои алоҳида соя афкандааст. Мо шоҳиди танишҳои бесобиқае дар Ховари Миёна ҳастем, ки бар асари тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ба зуҳур омада, рӯзгори мардуми замоне осоиштаро ба куллӣ хароб кардаанд.
Мутаассифона, андешаҳои харобкоронаи ифротгароӣ дар пайи таблиғоти эмиссарҳои гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» дар баробари шаҳрвандони дигар кишварҳои олам, мағзи шаҳрвандони моро низ заҳролуд карда, ба доми худ кашид. Таҳлили сабабу омилҳои шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонони кишвар ба гурӯҳҳои террористӣ нишон медиҳанд, ки онҳо, асосан, аз роҳи мағзшӯӣ ба гумроҳи афтода, рӯзгори худу пайвандони хешро тираву тор сохтаанд. Ғолибан, ҳамонҳое, ки дур аз донишҳои дунявӣ ва ҷаҳоншиносӣ буданд, мавриди ҳадаф қарор гирифта, ба осонӣ фирефта мешуданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки шаҳрвандони гумроҳшудаи мо, асосан, зимни дар хориҷи кишвар қарор доштанашон ба доми ифротиҳо афтода, бо роҳҳои гуногун ба сафи ташкилотҳои террористӣ, аз ҷумла «Давлати исломӣ» пайвастанд.
Хушбахтона, тадбирҳои андешидаи давлату Ҳукумат дар самти пешгирии шомилшавӣ ба сафи гурӯҳҳои террористӣ – экстремистӣ натиҷаҳои мусбат ба бор оварда, дар пасманзари ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ сокинон ҳадафу барномаҳои тахрибкоронаи ифротгароёнро дуруст дарк намуданд. Ташкили мулоқоту вохӯриҳои судманди мақомоти марбутаи давлатӣ, аз ҷумла сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо сокинону аҳли ҷамоатчигии мамлакат натиҷабахш буд. Ин натиҷаро метавон дар омори шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ мушоҳида кард, ки воқеан кам гардида, ё қариб аз байн рафтааст. Вале бо ин наметавон қаноат кард ва зарур аст, ки барои тамоман решакан кардани зуҳуроти терроризму ифротгароӣ дар ҷомеаи тоҷик ба корҳои бештари идеологӣ рӯ овард.
Дар ин самт беҳтарин нишондоду тавсияҳои муҳимро метавон аз паёмҳо ва суханрониҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфт ва онро сармашқи кор қарор дод. Тавре Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатиашон таъкид карданд: «Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90 - уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд». Дар ҳақиқат, мо дар оғози Истиқлолияти давлатӣ зарбаҳои фалокатбори терроризму ифротгароиро дар рӯзгори хеш таҷриба кардем, ки то ҳанӯз он рӯзҳои даҳшатбор дар хотираҳо боқӣ мондаанд.
Пешвои муаззами миллат дар Паём мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро бори дигар вазифадор намуданд, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо боз ҳам  тақвият бахшанд. Дар зимн, таъкид шуд: «Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардондани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад».
Ин таъкиди Президенти маҳбуби кишвар бояд дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ уҳдадории ҳар фарди ҷомеа бошад. Зеро иқдомҳои мантиқии якҷоя дар самти мубориза ва пешгирии ифротгароӣ кафили минбаъдаи ҷомеаи осудаи кишвари мо хоҳад буд.
Сафархон ВАЛИЗОДА,
капитани  милитсия,
муаллими калони кафедраи
пешгирии ҷиноятҳои террористӣ
ва таъмини бехатарии
ҷамъиятии Академияи ВКД - и
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.08.2019    №: 146 - 147    Мутолиа карданд: 642
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед