logo

иҷтимоиёт

ШУҒЛИ АҲОЛӢ. ҚАРИБ 36 ҲАЗОР НАФАР БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ГАРДИД

Тайи нимсолаи аввали соли равон ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои пайдо намудани ҷойи кор қариб 790 ҳазор нафар муроҷиат карда, аз онҳо ба 33 ҳазору 949 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Дар маҷмӯъ, 35 ҳазору 917 корҷӯ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо ҷойи кор таъмин гашт.

Эмин Сангинзода, муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гуфт, ки дар асоси шартномаи тарафайн бо ташкилоту корхонаҳо 4419 корҷӯи беихтисос ба корҳои ҷамъиятӣ ва беш аз 13000 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омӯзиши касб фаро гирифта шуд. Ҳамчунин, ба 6252 нафар, аз ҷумла аскарони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баргашта ва шаҳрвандони аз маҳбас озодшуда, кумакпулӣ пардохт гардид, ки маблағи умумии он 2,7 миллион сомониро ташкил дод.
Бо мақсади дарёфти ҷойи кор 428 ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод гузаронда шуд, ки дар онҳо 10634 корҷӯ ҷои кор пайдо намуд.
Баробари ин, ба 2130 кас барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ 6 миллиону 287,1 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд ва онҳо дар соҳаҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, хизматрасонӣ ва ғайра ба кор оғоз кардаанд.
Ҷиҳати дастгирӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба 624 бекор 1 миллиону 883, 7 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ дода шуд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.08.2019    №: 146 - 147    Мутолиа карданд: 279

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед