Хабарҳо
Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кан Ҷе - квонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот мусоҳибон бо ишора ба натиҷаҳои нахустин сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён ба Тоҷикистон, ки 15-17 июли 2019 баргузор гардид, ба иҷрои саривақтии тавофуқоти ҳосилшуда таъкид намуданд. Мусоҳибон нақши Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Кореяро дар таҳким ва тавсеаи ҳамкории мутақобилаи ду кишвар баланд арзёбӣ карданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо, инчунин, перомуни масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ва ҳамкории ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Форуми Осиёи Марказӣ + Ҷумҳурии Корея, мубодилаи афкор намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1583