logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Қисми 2 моддаи 181 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2012 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, № 9, мод. 838; с. 2013, № 12, мод. 889, 890; с. 2015, № 3, мод. 210, № 11, мод. 965, мод. 966; с. 2016, № 3, мод. 150, № 11, мод. 883; с. 2017, № 1 - 2, мод. 21, № 5, қ.1, мод. 280; с. 2018, № 2, мод. 66, мод. 67, № 7 - 8, мод. 529; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2019, № 1620) дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«2. То 31 декабри соли 2023 амалиёти андозбандишавандаи андоз аз арзиши иловашуда барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонии хӯроки умумӣ бо меъёри 7 фоиз  ва барои хизматрасонии таълимӣ бо меъёри 5 фоиз (минбаъд - меъёри пасткардашуда), ба истиснои воридоти андозбандишаванда ва таҳвили минбаъдаи моли воридшуда, инчунин содироти андозбандишаванда, бе баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашудаи пардохтшуда андозбандӣ карда мешаванд.».
Моддаи 2. Муқаррароти Қонуни мазкур оид ба амалиёти андозбандишавандаи андоз аз арзиши иловашуда барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонии хӯроки умумӣ аз лаҳзаи интишори расмӣ ва барои хизматрасонии таълимӣ аз 1 январи соли 2019 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 июли соли 2019, № 1644


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 28 июни соли 2019, № 1411


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда,  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 июли соли 2019, № 706


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.2019    №: 141    Мутолиа карданд: 324

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед