logo

иҷтимоиёт

ЛИБОСҲОИ МАКТАБӢ. АЗ МИҚДОР БА СИФАТ ГУЗАРЕМ!

Ба бар намудани либоси ягонаи мактабии истеҳсоли ватанӣ дар замири хонандагон ҳисси зебоипарастиро тарбия намуда, дар болоравии худшиносӣ ва ифтихори миллии онҳо нақш мегузорад. Ҳамчунин, корхонаву коргоҳҳои дӯзандагии истеҳсоли либоси мактабӣ метавонанд барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ ва раванди саноатикунонии босуръати кишвар саҳм гиранд.

Ҳоло бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди истеҳсолот, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ дар самти хуштарҳу замонавӣ ва рақобатпазир истеҳсол намудани либоси мактабӣ як қатор имтиёзҳои андозӣ фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, 2 майи соли равон Ҳукумати кишвар «Дар бораи номгӯи либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ, ки таҳвили (фурӯши) онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд» қарор қабул намуд. Ин имтиёз бевосита ба пасттар гардидани нархи либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ мусоидат мекунад.
Дар ҷумҳурӣ солҳои охир ҳаҷми истеҳсоли либоси мактабӣ мунтазам тамоюли болоравӣ дошта, он соли 2014 ба 79 ҳазор, 2015 ба 526 ҳазор, 2016 ба 1 миллиону 7 ҳазор, 2017 ба 1 миллиону 81 ҳазор ва соли 2018 ба 1 миллиону 128 ҳазор расидааст. Алҳол корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ дӯхти либоси мактабиро дар асоси талаботи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки Вазорати маориф ва илм таҳия кардааст, ба роҳ мондаанд.
Ҳамчунин, якуми январи соли гузашта стандарти давлатии «Либоси мактабӣ» ба тасвиб расид ва корхонаҳои соҳа бо риояи талаботи стандарти мазкур либосҳои мактабӣ истеҳсол намуда истодаанд. Аз ин рӯ, сифати либосҳои мактабии дӯхти ватанӣ беҳтар шуда, дар бозори дохилӣ нисбатан рақобатпазир гардидааст.
Дар соли хониши 2019 - 2020 аз ҷониби Вазорати маориф ва илм талабот ба либоси мактабӣ 985 ҳазор дона ба нақша гирифта шудааст. То ҳол дар 53 корхонаи соҳа 401 ҳазор дона либоси мактабӣ истеҳсол намудаанд, ки 40 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Дар аксарияти корхонаҳои соҳа, аз ҷумла «Гулистони Душанбе», «Нассоҷии Тоҷик», «Ёқут - 2000», «Нассоҷи Хуҷанд»,  «Зинат», «Ҳусния - Б», «Ниҳол», «Даҳбед», «Ресандаи Қӯрғонтеппа», «Коргоҳи дӯзандагӣ», «Алишер АСК», «Само и  К», «Кохи Бонувон», таҷҳизоти муосир васл гардида, хатҳои технологӣ пурра бо дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд ва имконияти дӯхти либоси мактабӣ ҳам барои писарон ва ҳам барои духтарон фароҳам оварда шудааст.
Дар корхонаи «Нассоҷи Хуҷанд» доираи пурраи коркарди нахи пахта ба роҳ монда, дар баробари истеҳсоли ришта ва матои пахтагин маҳсулоти дӯзандагӣ ва матои омехта (аз нахи пахта ва синтетикӣ) истеҳсол мегардад ва ин барои қисман таъмин кардани корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ бо матоъ барои истеҳсоли либоси мактабӣ имконият фароҳам овардааст.
Шумораи умумии хонандагон дар кишвар 1,9 миллион нафарро ташкил медиҳад ва иқтидори корхонаҳои дӯзандагии кишвар баҳри пурра таъмин кардани онҳо бо либоси мактабӣ басанда мебошад.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2019    №: 148 - 149    Мутолиа карданд: 240

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед