logo

иҷтимоиёт

ТЕРРОРИ САЙЁҲОН. ДОҒЕ, КИ НАҲЗАТИҲО БАР ҶОЙ ГУЗОШТАНД

Аз замони рух додани амали басо нангину разилона - ба дасти террористони наҳзатӣ кушта шудани сайёҳони хориҷӣ як сол сипарӣ мешавад. Албатта, гунаҳкорони ин ҷиноят дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Аммо ин ҷинояти мудҳиш ҳаргиз фаромӯш намегардад.
Дар асл, наҳзатиҳо бо куштани сайёҳони хориҷӣ мехостанд боз фазои кишварро мағшӯш намуда, дар зеҳнҳо ҳараҷу мараҷ ва тарсу даҳшатро ба вуҷуд оранд. Махсусан, дар зеҳни сайёҳони хориҷӣ, ки метавонанд сарчашмаҳои нави даромади буҷети давлатӣ гарданд. Яъне, эҳсоси бадбинӣ ва зиддимиллӣ андешидан то ҳаддест, ки барои ин гурӯҳи худбохта ҳеҷ як манфиати  ҷамъиятиву миллӣ арзише надорад. Зеро соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон шуда буд ва ҳадафи ин гуна тасмими Ҳукумати кишвар, пеш аз ҳама, амалӣ намудани имконоти истифоданашудаи кишвар дар самти сайёҳӣ буда, аз тарафи дигар, муаррифии Тоҷикистон ба ҳайси як кишвари дорои имконоти муҳими сайёҳӣ буд.
Ҳамагон огоҳанд, ки дар таърихи 29 июли соли 2018 дар ноҳияи Данғара гурӯҳи террористии иборат аз панҷ нафар тавассути нақлиёти сабукрави шахсӣ ба гурӯҳи ҷаҳонгардони хориҷӣ садама зада, сипас бо истифода аз корду табар чор нафари онҳоро куштанд ва  ду нафари дигарро захмӣ карданд. Аз чор нафар сайёҳи хориҷии кушташуда ду нафар шаҳрванди Амрико як нафар шаҳрванди Ҳолланд ва як нафар шаҳрванди Швейтсария буданд. Ду нафар сайёҳи захмишуда, ки шаҳрвандони Швейтсария буданд ҷароҳатҳои вазнин бардошта, фавран ба бемористон интиқол гардида, муолиҷа шуданд.
Вуқӯи ин ҳодисаи маргбор боиси нигаронии тамоми мардуми кишвар гардида, вокунишҳои зиёдеро дар пай дошт. Ҳамагон омилони ин ҳамлаи террористиро ба шиддат маҳкум карда, онро амале муғризона медонистанд, ки ба хотири латма задан ба имиҷи кишвари рӯ ба рушди мо анҷом дода шудааст. 
Дар воқеъ ин гумон ва ҳадси аҳли ҷомеа баъди ба даст афтодани роҳбари гурӯҳи террористии мазкур - Ҳусейн Абдусамадов, сокини 33 - солаи шаҳри Душанбе, тавассути кормандони сохторҳои марбутаи кишвар дар муҳлати кӯтоҳ  тасдиқ шуд. Муҷрим ҳангоми бозпурсӣ эътироф кард, ки ин амали нангини террористиро ӯ ва ҳаммаслаконаш дар асоси нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда ба хотири ноамн кардани вазъи ҷомеаи мо ва коҳиши эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба устувории пояҳои амну субот дар Тоҷикистон роҳандозӣ намуда будаанд, яъне ҳадафи аслии ин террор сиёсӣ буд.
Бо вуҷуди он ки дар зоҳир масъулияти ҳамла ба сайёҳони хориҷиро гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба уҳда гирифта буд, аммо дар иртибот ба иттилоот ва эътирофи худи Ҳусейн Абдусамадов баъдан ба сароҳат маълум гардид, ки тарроҳи ин  нақшаи фоҷиабору хунин ташкилоти террористии наҳзат будааст. Масъулони наҳзатӣ  бо даст доштан дар ин қазияи хунини ноҷавонмардона ва ифротгароёна, ки бар алайҳи ҳамватанону ҳаммилатони хеш анҷом доданд, дигарбора ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва ҷаҳон маълум кардаанд, ки барои онҳо арзишҳое чун Ватану миллат ва дину мазҳаб аслан ҳеҷ қурбу манзалате надошта, фақат барои авомфиребӣ бо сӯзу гудоз аз сари минбарҳо ба забон оварда мешаванд.
Фирориёни ташкилоти террористии наҳзатӣ, ки айни ҳол дар Аврупо ба сар мебаранд ба ҳар роҳ мекушанд худро аз қабзаи террорист будан раҳонанд. Ва ин иқдом аз замони кудатои нофарҷоми онҳо, ки сентябри соли 2015 ба вуқӯъ пайваста, иддае аз омилони он боздошт шуданд ва тибқи ташхисҳои судӣ  ва қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳизб ба ҳайси ҳизби террористӣ эътироф гардид, иддаи дигаре аз омилони ин ҷиноят аз Тоҷикистон фирор карданд ва ба хотири худро аз қабзаи терроризм озод намудан ва дар кишварҳои аврупоӣ ба ҳайси паноҳанда зистан ё зиндагӣ намудан доду бедод роҳандозӣ намуда, бо ин роҳ мехоҳанд ҷиноятҳои хешро пӯшонанд. Ҳамин аст, ки онҳо ҳамеша худро ҷабрдида ва гӯё ҳуқуқҳояшон поймол шуда ба намоиш мегузоранд. Воқеият ин аст, ки ин ташкилоти террористӣ аз бунёд хушунатгаро, инсонбадбин ва ифротию террористӣ буд, ки аъмоли солҳои 1990 - ум дар кишвар анҷомдодаи онҳо сад дар сад инро собит менамояд. Пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ низ сарварони ин ҳизб аз ғояҳои бунёдии худ даст накашиданд ва то соли 2010 борҳо амалҳои ифротгароёнаю даҳшатафканиро ба роҳ монда буданд. Агар ҳамин силсила ҳодисаҳои пас аз истиқрори  сулҳро аз 1997 то ба имрӯз мавриди таҳлил қарор бидиҳем, метавон ба чунин натиҷа расид, ки роҳбарияти фирории ташкилоти террористии наҳзат пас аз истиқрори сулҳ чунин методеро пеш гирифта буданд, ки гурӯҳе дар фаъолияти расмии ин ҳизб худро оромишписанд бо қиёфаи мудерн ва гӯё аз роҳи муборизоти демократӣ расидан ба ҳадафҳояшонро думболагирӣ мекарданд. Вале гурӯҳи дигар, ки дар зоҳир худро дигар ба ин ҳизб марбут намедонистанд, аз роҳи қатлу ғоратгарӣ тарс додани мардум, ба аъмоли зиддиинсонию террористӣ машғул буданд. Агарчӣ ҳадс зада мешавад, ки ҳардуи ин ҷиноҳ як ҳадаф доштанд ва аз як маркази тасмимгиранда идора мешуданд, вале дар зоҳир ба хотири гул задани мардум худро мухолифи якдигар ба намоиш мегузоштанд.
Ҳамин шеваро дар воқеоти сентябри соли 2015 роҳбари фирории ин ташкилоти террористӣ идома дод. Агарчӣ аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷурму ҷиноятҳои террористии роҳбарияти наҳзат собит шуда, ин тарҳ бевосита аз тарафи худи ӯ ва марказҳои тасмимгирандааш таҳия шуда бошад ҳам, вале худро дар ин моҷаро билкул орӣ аз гуноҳ меҳисобад. Чун пешакӣ медонист, ки шуриши низомӣ метавонад ду тараф дошта бошад, ё пирӯз шавад ва ё шикаст хӯрад. Ҳамин буд, ки ин шахси маккори шайёд чор моҳ қабл аз кудатои низомӣ худро аз кишвар берун бурд, то дар ҳолати ба шикаст дучор шудан худро аз муҷримӣ раҳоӣ бахшида, дар Аврупо ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ роҳат зиндагӣ кунад.
Азбаски бунёдан ин ҳизб афкори террористиву зиддиинсониро ҳадаф қарор додааст, ҳамеша ин ғояи меҳварии худро думболагирӣ мекунад. Дар ҳодисаи куштори сайёҳони хориҷӣ ҳам наҳзат аз ҳамон шевае истифода бурд, ки бояд амалҳои анҷомдодаи террористӣ марбут ба гурӯҳҳои дигар, аз ҷумла “Давлати исломӣ” нисбат дода шаванд. Сабаби асосӣ он аст, ки чун сарони ҳизби мамнӯи наҳзатӣ дар Аврупо худро мусичаи бегуноҳ нишон дода, назди созмонҳои ҳуқуқи башар даъвои адолату мардумсолорӣ дошта, намехостанд расман ин ҷиноятро ё ин амали террористиро бо номи худ эътироф кунанд.
Аҷабо, ки ин хоинони ватанфурӯш ва муздурони хориҷӣ дигар бо ҳангомаи сиёсатбозӣ машғул шуда, куллан фаромӯш кардаанд, ки онҳоро замоне модари тоҷик дар кишваре бо номи Тоҷикистон зода буд ва онҳо аз ҳавои мусаффои ин диёри биҳиштӣ нафас кашидаву бо обу нону намаки ин Ватан ба воя расидаанд. Мутаассифона, имрӯз мехоҳанд по бар рӯи хоне гузоранд, ки аз он нон хурдаанд ва санг мехоҳанд бар намакдоне зананд, ки аз он намак чашидаанд. Ин қабил афроди носипосро, ки ба қадри нону намаки Ватан ва ҳамватанони худ намерасад, мардуми мо дар урф намакношинос мегӯянд ва бар он боваранд, ки онон  ҳатман ба нону намаки Ватан ва дидори ҳамватанон зор хоҳанд шуд. Воқеияти рӯзгори феълии ин хоинон дурустии ин бовари мардуми моро собит мекунад.
Эҳсони ИЛҲОМ, таҳлилгари масоили сиёсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2019    №: 148 - 149    Мутолиа карданд: 120

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед