logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

КАРЛ ВИЛГЕЛМ ОШНОИ НООШНО
Кимиёгари шинохтаи швед Карл Вилгелм Шееле бисёр пайвастагиҳои органикиву ғайриорганикӣ ва чанде аз моддаҳо, аз ҷумла хлорро кашф намудааст. Одати ғайримуқаррарию аҷиби Шееле ин буд, ки ҳама моддаҳоро мечашид. Ӯ узви Академияи илмҳои Шведсия буду дар ин  иттиҳоди илмӣ мавқеи намоён дошт, аммо миёни аъёну ашроф машҳур набуд.
Аз ҷумлаи воқеаҳои аҷибе, ки бо ин физики машҳур тавъаманд аҷибаш ин аст: соли 1782 ҳангоми сафари шоҳи Шведсия Густави III ба Париж, ба назди ӯ ҳайати олимони Фаронса омаданд. Аҳли илм қариб ҳама баробар аз нақши барҷастаи Карл Вилгелм Шееле дар рушди кимиё ёдовар шуда, ба олим эҳтироми зиёд доштанашонро изҳор намуданд. Шоҳ, ки ҳаргиз дар бораи Шееле чизе нашунида буд,  бо таърифҳои умумӣ худро аз вазъи ногувор раҳонд. Дар бозгашт зуд фармон дод, ки Карл Шеелеро ба унвони граф  сарфароз гардонанд. Мутаассифона, бо айби сарвазир, ки ӯ ҳам Карлро намешинохт, унвони  граф ба Шеелеи дигар - лейтенанти қӯшуни артиллерӣ расид. Ҳамин тавр, Шееле дар 44 - солагӣ бо сабаби заҳролудшавӣ вафот кард ва ҳамчун  кимиёгари бузург то охири умр ба аҳли дарбор ноошно монд.
Таҳияи Мафтуна НУРИДДИН


ФИЛ  ВА ҲИКМАТИ РИШТА
Писараке аз корманди сирк, ки бо фил бозӣ мекард, пурсид:
- Шумо чаро ин ҷонвари бадҳайбату азимҷуссаро бо як ресмони борик баста мегардед. Ин ҳайвони пурқувват аст, метавонад раҳо шуда, ба атрофиён зарар расонад.
Сиркбоз гуфт:
- Ман ин филро аз хурдӣ калон кардаам. Аввал бо як банди ғафс мебастам. Ҳарчанд кӯшиш мекард, фоида надошт, раҳо шуда наметавонист. Ниҳоят ба тақдир тан дод ва имрӯз ҳам бовар дорад, ки маҳкуми якумра аст. Ҳатто барои раҳоӣ ҳаракате намекунад. Хаёлаш ин ресмон ҳамон банди ғафс аст.
Мо ҳам шояд побанди риштаҳои ноаёни чунин фикрем, ки имрӯзамонро беҳтар аз дирӯз карда наметавонем. Аммо чунин нест, роҳу равиши беҳтари зиндагӣ дар ҳар нафаси мо нуҳуфтааст.
Таҳияи Б. БАҲОДУР


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Муаммоҳои шавқовар барои ҳозирҷавобон
1. Чист он ки дар вақти андозааш зиёд шудан вазнаш кам мешавад?
2. Дар мобайни Замин чӣ меистад?
3. Он чист, ки вақти ҳаракат дар рӯйи об шино мекунад, вале бо рӯй ба Замин меғалтад?
4. Кадом ду адади бутун дар вақти зарб задан адади 31 - ро ташкил медиҳанд?
5. Ҳарфи «С» дар номи дарёи дарозтарини дунё чанд маротиба такрор мешавад?
6. Нисфе аз нисфи адад ба нисф баробар аст. Ин кадом адад аст?

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!

 Телефон: 238-53-40


ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДОИР БА ЗАБОНҲОИ ДУНЁ
Зиёдтарин миқдори ҳарфҳо дар алифбои кхмерӣ мавҷудаст. Алифбои кхмерӣ дорои 72 ҳарф мебошад. Ин забон ба «Китоби рекордҳои Гиннес» дохил гардидааст.
Сокинони Папуаи Гвинеяи Нав қариб бо 700 забон (тақрибан 15 дарсади тамоми забонҳои дунё) гуфтугӯ мекунанд. Аз ҳамин сабаб, конститутсияи давлат ягон забонеро забони давлатӣ эътироф накардааст ва дар ҳуҷҷатнигорӣ забонҳои англисӣ ва гунаи маҳаллии он – пиндҷин-инглиш истифода мешавад.
Дар қитъаи Африқо зиёда аз 1000 забони гуногун мавҷуд аст. Дар забони барбарӣ ( шимоли Африқо) ҳатто хат вуҷуд надорад.
Дар Мисри Қадим зардолуро “тухми офтоб” меномиданд.
Калимаҳои “ҳушёрӣ” ва “чой” дар забони хитоӣ дорои як иероглиф мебошанд.
Таҳияи Лутфия ҚОДИРОВА


АГАР ДИЛ СӮЗАД...
Рӯзноманигори бразилягӣ Себастян Салгаду дар иҳотаи бешазори музофоти Минас-Жерайс ба воя расида, аз хурдӣ бо табиат одат карда буд. Вале ноилоҷ тарки ватан намуд. Баъди гузашти солҳо ҳангоми бозгашт зодгоҳашро қариб ки нашинохт. Зеро он акнун ба биёбони беҷоне мубаддал гашта буд. Ин манзараи ҳузнангез Себастянро хеле мутаассир карда бошад ҳам, аммо рӯҳияи ӯро шикаста натавонист. Ӯ  бо ҳамсараш ба қароре омаданд, ки то ҳадди имкон кӯшиш намуда, бешазорро барқарор намоянд. Бо ин мақсад, ташкилоти «Институти замин» - ро таъсис дода, дӯстдорони табиати зиндаро муттаҳид намуданд. Зиёда аз 300 навъи дарахтонро бо теъдоди беш аз 2 миллион шинонда, олами набототу ҳайвоноти ин маконро ҷони дубора бахшиданд. Дар ин бешазор айни ҳол 172 намуди паранда, намояндаҳои 33 синфи ширхорон, 20 намуди хазандаҳо ва 15 навъи обхокиҳо ба сар мебаранд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Боре, аз Ҳемингуэи машҳур пурсиданд, ки хушбахтӣ чист?
- Хушбахтӣ - ин солимии қавию ҳофизаи суст,- посух гуфтааст нависанда.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзоди ҚУРБОНАЛӢ


МАЪБАДИ ОБИ МУҚАДДАС
Ин маъбади аз ҷиҳати технологияи сохтмонӣ нодир чандин аср боз диққати ҳаводорони равандҳои ҷадидро ба худ ҷалб намудааст. Маъбади Инкамисана дар минтақаи Оллантайтамбои кишвари Перу ҷой гирифта, ҳамчун шоҳкории инкҳо (мардуми таҳҷоии ин давлат) ном баровардааст.
Инкҳо дар самти амалияи муҳандисӣ, махсусан мошинасозии обӣ хеле пешрафта буданд. Онҳо обро омили равонӣ (ҳаракат) ва объекти воқеӣ (физикӣ) мешинохтанду парастиш мекарданд. Оғози тамаддуни худро низ аз об медонистанд.
Маъбади Инкамисанаи Оллантайтамбо барои парастиши худоҳое, ки ба инкҳо об медиҳанд, сохта шудааст. Сохтори он дар замони мо низ шоҳкории меъморӣ ҳисобида мешавад. Пас, инкҳои қадим онро чӣ гуна сохтаанд, барои бисёриҳо муаммо мондааст. Бавижа, агар обу ҳавои номусоиди ин минтақа ва баландии 2792 метр аз сатҳи баҳр доштаи онро ба инобат гирем, ин маъбад афсонаро мемонад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


ЛИБОСИ БАСКЕТБОЛБОЗИИ БАРАК ОБАМА ДАР МУЗОЯДА
Собиқ Президенти ИМА Барак Обама фанати бозии баскетбол аст. Гузашта аз ин, ҳангоми донишҷӯӣ дар мактаби олии Гавая ӯ дар ҳайати дастаи донишгоҳ ҳунарнамоӣ мекард. Соли 1979 дастаи Обама чемпиони иёлат гардида буд.
Акнун, либоси баскетболбозии Барак соҳиби нави худро пайдо мекунад. Майкаи ӯ ба музояда гузошта мешавад ва дар оғоз нархи он 27 ҳазор доллар  мебошад. Дар зимн, созмондиҳандагон ба ин назаранд, ки қимати ҷамъбастиаш то ба 100 ҳазор доллар мерасад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ПАЛТО
Боре, оҳангсози машҳури венгер Имре Калман шабро дар хонаи ҳампешааш Легар рӯз намуд. Субҳ, лаҳзае, ки меҳмон хайрухуш карда, ҷониби дар мерафт, соҳибхона бо эҳтиром аз дасташ дошта, хандида гуфт:
- Дӯсти азиз, шумо метавонед аз хазинаи ин хона сабти қиматтарин оҳангро ҳамчун туҳфа бо худ баред, вале хоҳиш мекунам, аз барои савоб, палтои маро гашта дар ҷояш овезед.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалимаи ҚУРБОНАЛӢ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Ҳуқуқи ронандагӣ барои як соат
Ба Дэйв Пирсони 41- солаи бритонӣ 20 сол вақт лозим шуд, то ки ҳуҷҷати ронандагӣ ба даст орад. Ахиран тавонист аз ҳама имтиҳонҳо баҳои мусбат гирад. Вале аллакай пас аз як соат ӯ аз ҳуҷҷати ронандагӣ, ки ин қадар сол дар орзуяш буд,  маҳрум шуд. Гап дар сари он аст, ки нохост пулисе пайдо гашту гуфт, ки вай то супурдани имтиҳонҳо Дейвро дидааст, ки дар гараж мотори мошинро ба ҳаракат даровард. Барои бе ҳуҷҷат мошин рондан бошад, шахс аз ҳуқуқи ронандагӣ 3 моҳ маҳрум мегардад ва ҳам 1000 марка ҷарима баста мешавад. Дэйв воқеан ҷазо гирифт. Ба ӯ зарур омад, ки боз 3 моҳ интизор шавад. Вай ин воқеаро чунин шарҳ дод: «Дар ҳақиқат ман аз ҳуқуқи ронандагӣ дар як соати баъди гирифтани он маҳрум шудам, ки чунин ҳодиса дар Англия бори нахуст рӯй дод, вале баъди 20 соли интизорӣ ин муҳлат бароям хеле ночиз аст». 
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


ПАНДИ БИБӢ
Ҳар  шахс барои ҳалли ягон мушкилӣ ба дунё меояд, - мегуфт бибиам.
Вақте гуфт, ки: "ту низ ҳалли мушкиле мебошӣ", ҳайрон мондам.
Инро дида бибиям фаҳмонд:
"Маҳорате, ки дорӣ, шояд ба ҳамаи инсонҳо даркор набошад, аммо табассум, муҳаббат ва неруи нотакрорат ҳатман мушкили касро осон мекунад".
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


ҲАМА ОРЗУҲО АМАЛӢ НАМЕШАВАНД
Ҷон Рокфеллер 8 июли соли 1839 дар Ню - Йорк ба дунё омад. Аз хурдӣ ба тиҷорат шуғл варзид. Қанд харида, ба қисмҳои хурд тақсим мекард ва ба хоҳаронаш мефурӯхт. Дар ҳафтсолагӣ мурғ парвариш карда, ба ҳамсояҳо савдо кард. 50 доллари бадастовардаашро  бо фоидаи 7 дарсад дар як сол қарз дод.
Дар 16 - солагӣ курси семоҳаи муҳосибиро хатм карда, дар ширкати «Хюит ва Татл» ёрдамчии муҳосиб шуд. Аз маоши аввалаш китоби муҳосибӣ харида, дар он ҳамаи хароҷоташро менавишт. Ин китоб то охири умраш бо вай буд.
Дар синни 18 - солагӣ ҳарифи тоҷир Морис Кларк мегардад. Солҳои ҷанги гражданӣ дар Пенсилвания нафт ёфт мешаваду Кларк ва Рокфеллер фаъолияташонро ба коркарди он мебахшанд. Дар натиҷа, Ҷон  бо арзиши 72 ҳазор доллар ҳиссаи ҳарифи худро мехарад.
Соли 1870 Рокфеллер якчанд корхонаи коркарди нафтро якҷоя карда, иттиҳоди «Стандарт Ойл» - ро таъсис дод. Баъди 9 соли фаъолият, «Стандарт Ойл» 90 дарсади корхонаҳои коркарди нафти Амрикоро назорат мекард. Соли 1917 дороии Рокфеллер ба 150 миллиард доллар расид. Хайрияи ӯ дар давоми ҳаёташ 500 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ҷон Рокфеллер аз хурдӣ орзу дошт, ки 100 сол умр бинаду 100 ҳазор доллар ба даст орад, аммо 97 сол умр диду дороиаш ба 150 миллиард расид. Яъне на ҳама орзуҳо амалӣ мешаванд.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


СЕРДАРОМАДТАРИН ПУЛИ ДУНЁ
Соҳилҳои баланди Манҳеттен ва Ню-Ҷерсиро пули аҷибу зебое бо номи «Ҷорҷ Вашингтон» мепайвандад, ки он яке аз пулҳои сердаромадтарини ҷаҳон эътироф шудааст. Пули мазкур дорои 14 хати ҳаракати дутарафа ва гузаргоҳҳои васеъ буда, бо тарҳи наву замонавӣ сохта шудааст. Тавассути ин гузаргоҳи аҷиб давоми як шабонарӯз 290 000  воситаи нақлиёт равуо менамояд.
Пули сердаромадтарини олам аз рӯи ҳисоб бо назардошти нақлиёти сабук дар як дақиқа 1050 доллар даромад дошта, дар як соат 63 000, дар як моҳ 45 360 000 ва ё худ дар як сол 551 880 000 долларро ба буҷети давлат ворид мекунад.
Пули «Ҷорҷ Вашингтон» дар ҳудуди ду иёлат - Ню-Йорк ва Ню-Ҷерси ҷойгир аст ва фазои инфрасохториро дар ҳар ду тараф таъмин менамояд.
Таҳияи Анвар ҲАФИЗОВ


АЗ ОЛАМИ АҶИБИ ҲАЙВОНОТ
Мушҳои парон ягона ширмакҳоеанд, ки тавони парвоз карданро доранд.
***
Медуза баъди маргаш низ рақибашро газида заҳролуд карда метавонад.
***
Дили харчанги хурди баҳрӣ дар сараш ҷой гирифтааст.
***
Тимсоҳ забонашро берун бароварда наметавонад.
***
Чашми калмари бузург ба андозаи тӯби баскетбол аст.
***
Чашми страус аз андозаи майнаи сараш калон аст.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


ШОҲКОРИҲОИ САНЪАТИ МЕЪМОРӢ
ҚАСРИ ДИЛРАБОИ ИТАЛИЯ
Кушки Кариняно намои беҳтарини  санъати меъмории асри XVII дар Италия ба шумор меравад.  Он соли 1679  дар шаҳри Турин қомат афрохта, маҳсули дасти меъмор Гварино Гварин (1624 - 1683) мебошад, ки пурра бо хишти пухта сохта шудааст. Қисми асосии иморат бо услуби барокко офарида шудааст, ки  биноро  мавҷшакл нишон медиҳад.  Намо ва  ороиши бино хеле зебо буда,  сабку усули санъатҳои меъмории мавритонӣ, барокко ва гаҷкории классикиро дар бар мегирад.  Солҳои 1864 – 1867 намуди кушки Кариняноро бо мармар пӯшондаанд, ки дар назари аввал хишти пухтаи сурхро ба ёд меорад. 
Таҳияи Лола РИЗОӢ


СЕБ. ЧАНД МАЪЛУМОТИ  ҶОЛИБ
Ба ақидаи олимон себ аввалин дарахте мебошад, ки инсон ба парвариши он шурӯъ намудааст. Дарахти аз ҳама куҳантарин дар Амрико мавҷуд аст, ки онро соли 1647 шинондаанд ва то ҳол мева медиҳад. Масоҳати боғҳои себ дар рӯи замин тахминан 5 миллион гектарро ташкил медиҳад. То ҳозир зиёда аз 7000 намуди себ маълум аст. Истеъмоли  меваи он барои саломатии инсон аҳамияти калон дорад. Таркиби себ аз витаминҳои В  ва С бой мебошад. Истеъмоли он барои кам кардани холестирин дар таркиби хун бисёр муфид аст. Пӯсти себ барои ҳазм кардан ёрӣ мерасонад. Бинобар ин, тавсия дода мешавад, ки пӯсти онро тоза карда напартоянд. Меваи себ боз хосияти аҷиби дигаре низ дорад: агар онро дар об партоем, зери об намешинад, балки дар рӯи он мемонад. Ин шаҳодат медиҳад, ки аз сад биступанҷ ҳисаи онро ҳаво ташкил медиҳад.
Таҳия Лутфия ҚОДИРОВА


ОБУ ҲАВОИ КУҶО ПОКИЗАТАР АСТ? 
Коршиносони «Гринпис» («Greenpeace») ин навбат рейтинги кишварҳоеро таҳия намуданд, ки обу ҳавои тоза доранд.
Обу ҳавои аз ҳама тозатаринро табиати Финляндия дорост. Ҷои дувумро дар ин рӯйхат Испания ишғол намудааст. Ғайричашмдошт дар ҷои сеюм ҷумҳурии Эстония қарор гирифт. Ҷойҳои чорум ва панҷум ба Шведсия ва Австралия дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки ин ташкилоти байналмилалии соҳибихтиёр ва ғайридавлатии экологӣ ба омӯзиши масъалаҳои тағйирёбии иқлим, кам шудани майдони ҷангалҳо, аз ҳад зиёд шудани шикори моҳӣ, хатари радиатсионӣ, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия машғул аст.
Таҳияи М. ТАБАРӢ


ХУРДТАРИН МОШИНАИ ҶОМАШӮӢ ДАР ҶАҲОН
Мутахассисон мошинаи хурдтарини ҷомашӯиро бо номи Scrubba Mini сохтанд, ки ҳатто дар кафи даст ҷой мешавад. Ин асбоб барои онҳое, ки сафарҳои тӯлонӣ мекунанд, хеле қулай аст.
Вазни он 70 грамм буда, ду либосро дар худ ҷой медиҳад.  Шакли  мошина монанди халтаест, ки онро метавон бе ягон мамоният дар қолаби худ кушодаву пӯшид. Он бо матое муҷҷаҳаз гаштааст, ки ба он об, маҳлули тозакунанда зарар намерасонад. Таҷҳизот бидуни қувваи барқ кор мекунад ва худи шахс онро такон медиҳад. Барои шустушӯ 2 - 3 дақиқа басанда аст.  Арзиши ин  таҷҳизоти ҷадид 35 $ (350 сомонӣ) мебошад.
Таҳияи Зикруллоҳи ҚУТБИДДИН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2019    №: 148 - 149    Мутолиа карданд: 449
06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

29.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 6065 КАС ШИФО ЁФТ

ДДСТДТ. БА ДОВТАЛАБОН ИМТИЁЗҲО ПЕШБИНӢ ШУДААСТ

ДДФСТ. СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ БА ШЎРОИ ДИФОЪ НИЁЗ ДОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед