logo

иҷтимоиёт

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА КУМИТАИ ТАДОРУКОТИ ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2019 ИЗҲОРИ СИПОС НАМУД

Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба сифати як шахсияти муътабар дар соҳаи футбол ба кумитаи тадорукоти Чемпионати CAFA – 2019 миёни наврасони то 16-сола  барои дар сатҳи баланд иҷро намудани вазифа ва масъулияти  бардӯшдоштаашон изҳори миннатдорӣ  намуд,- иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
- Аз номи  Ассотсиатсияи  футболи Осиёи Марказӣ  ва, шахсан, аз номи худам ба кумитаи тадорукот миннатдории бепоён иброз медорам, - гуфт Рустами Эмомалӣ. - Мусобиқоти мазкур, ки дар кишвари мо баргузор  шуд,   дар сатҳу сифати олӣ роҳандозӣ  гардид. Дар он як қатор бозиҳои диданиву ҷаззоб сурат гирифтанд, ки то  дер гоҳ дар хотироти мухлисон нақш хоҳанд баст. Бо истифода аз фурсат  дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро барои  дарёфти медалҳои  тилло  сидқан табрику  таҳният гуфта, барояшон ғалабаҳои нав ба нав орзу мекунам!
Рустами Эмомалӣ, ҳамчунин, миннатдории хешро   ба роҳбарият ва аъзои мунтахаби наврасони Ӯзбекистон, Эрон, Афғонистон, Туркманистон ва Қирғизистон  ҷиҳати  иштироки фаъолонаашон дар ин  чемпионат баён дошт ва дар фаъолияти минбаъдаи онҳо баҳри дарёфти роҳхат ба   бозиҳои  интихобии  Чемпионати Осиё – 2020, ки моҳи сентябр доир хоҳад гашт,  барору комёбиҳо орзу кард.
Бояд илова намуд, ки ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон  Чемпионати CAFA-2019 миёни мунтахабҳои то 19 - сола  оғоз мегардад.
- Аминам, ки ин мусобиқа низ дар сатҳу сифати  баланд доир шуда, дӯстиву рафоқат ва меҳру садоқатро миёни ҷавонон  таҳкиму тақвият мебахшад ва барои сокинон ва меҳмонон ба иди бузурги футбол  табдил меёбад, – афзуд  Рустами Эмомалӣ дар мусоҳиба ба дафтари матбуоти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ.
Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.08.2019    №: 150    Мутолиа карданд: 480
26.01.2021


 ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 ҶАЛАСАИ ШӮРОИ НОЗИРОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

 ВОХӮРӢ БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

 «ТОҶИКОН» БА НОҲИЯИ ЛАХШ РАСИД

 НАШРИ КИТОБНОМАИ ШАРҲИҲОЛИИ БОҚӢ РАҲИМЗОДА

 «ҒУНЧАҲОИ ХАТЛОН»

 МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН. БЕЭЪТИНОӢ НИСБАТ БА ОН БОИСИ ҶАВОБГАРӢ ШУД

 СОХТАКОРӢ. БОЗДОШТИ НАФАРОНЕ, КИ ҲУҶҶАТҲОИ ҚАЛБАКӢ МЕСОХТАНД

 ТАМАЪҶӮӢ ЗАНИ 32 – СОЛАРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ ШИНОНД

22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед