logo

иҷтимоиёт

КУРУШ. ҶАМОАТЕ БАРОИ ИБРАТ

Сокинони Ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамени  вилояти Суғд дар пайи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву бунёдкориро вусъати тоза бахшидаанд.
Муовини раиси ҷамоат Мавҷуда Қӯчқорова оид ба бунёдкориҳо ба истиқболи ҷашни миллӣ баён дошт, ки давоми моҳҳои гузаштаи соли равон дар кӯчаҳои Рӯдакӣ ва Ӯришев 1300 метри мураббаъ роҳрав сафолакпӯш ва 4300 метри мураббаъ бетонпӯш карда шуд. Дар кӯчаи Сино бо дастгирии соҳибкор Маҳмадалӣ Умаралиев 1300 метри мураббаъ роҳ ва ду тарафи қасри фарҳанги деҳаро ба масофаи 500 метр  асфалтпӯш карданд. Дар кӯчаҳои марказии деҳа 200 адад парчамҳои фестивалӣ ва 50 адад Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта шуданд. Ҳамаи хонаҳои истиқоматие, ки дар кӯчаҳои марказӣ ва роҳи деҳаҳои Мӯрияк ва Ҳавотак ҷойгиранд, пурра аз таъмир бароварда, рангубор шуданд.
Бо дастгирии соҳибкор М. Умаралиев 400 метри мураббаъ ҳавлии кӯдакистони № 7 сафолакпӯш ва 100 метри мураббаъ роҳрав бетонпӯш гардид.
Эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба муаррифӣ намудани мавзеъҳои таърихиву фарҳангии кишвари маҳбубамон, рушди ҳамаҷонибаи ҳаёти мардуми деҳот, эҳёи анъанаҳои милливу ҳунарҳои аҷдодӣ ва ривоҷи корҳои ободонию бунёдкорӣ вусъати тоза бахшид. Ташрифи хуҷастаи имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамоати деҳоти Куруш барои мардуми ин диёр воқеаи фараҳбахшу хотирмон буд. Бо қадами мубораки Пешвои миллат дар деҳоти Куруш як қатор тағйироту пешравиҳои нишотбахш ба вуқӯъ пайвастанд, ки бузургтарини онҳо ифтитоҳи қасри фарҳанг аст.
Имрӯз дар ҳудуди ҷамоат 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 кӯдакистон, 1 филиали ЛКТ № 68 фаъолият доранд. Ҳамчунин, бачагону наврасон дар 2 мактаби варзишӣ аз рӯи намудҳои волейбол, баскетбол, футбол, тенниси рӯи миз, варзиши сабук, бокс, каратэ-до, муҳорибаи ҷанги дастӣ, гӯштини намудҳои самбо, дзюдо, тарзи озод, миллӣ, камарбандӣ ва шоҳмоту шашка пайваста омӯзишу тамрин мекунанд.
Дар маҳаллаҳо бо ёрии роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, нозирони минтақавӣ, мудирони марказҳои саломатӣ, раисони маҳаллаҳо ва фаъолон оид ба поймол накардани ҳуқуқи занон, пешгирии ба ҷиноят даст задани ҷавонон, шомилшавии онҳо ба ҳар гуна равияҳои динӣ, худкушӣ, экстремизм ва терроризм корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ бурда мешаванд.
— Ба ифтихори Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳиммати соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ва ба истифода додани якчанд иншоот, аз ҷумла корхонаи хишт (Суҳроб Соҳибов), майдончаи варзиш (Норгул Холматова), мағозаи маводи коргузорӣ (Бекзод Бердӣ), коргоҳи хурди ҳайкалсозӣ (Хайрулло Акрамов) ба нақша гирифта шудааст.
Мардум бо дилгармӣ ба меҳнати созанда ва ободкорӣ машғуланду аз Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат шукрона мекунанд.
Ато БОҚӢ, Пир ПИРОВ, ноҳияи Спитамен


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.08.2019    №: 155    Мутолиа карданд: 1048

25.02.2020


САФАРИ РАСМИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БА РОССИЯ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ДИД. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "АТЛАСУ АДРАС" ТАНТАНА ДОРАД

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед