logo

иҷтимоиёт

СИНО ВА ИЛМИ ҶАҲОНӢ

Дар таърихи илми ҷаҳонӣ асрҳои X – XI - ро давраи осиёимиёнагии рушди илм меноманд.  Як зумра олимони бузурги энсиклопедист маҳз дар ҳамон замони тира дар Мовароуннаҳр (байни Амударё ва Сирдарё) фаъолият намуда, дар боло бурдани сатҳи маънавиёти инсоният ҳиссагузорӣ намудаанд. Дар байни ин мутафаккирони бузург Абуалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино (980 -1037), ки дар Аврупо бо номи Авитсена маълуму машҳур аст, мавқеи намоён дорад. 

Доир ба ҳаёт ва фаъолияти ин нобиғаи илми ҷаҳонӣ муаллифони зиёде садҳо асар офаридаанд. Хушбахтона, гӯё таваҷҷуҳи ояндагонро ба шахсияти хеш ҳис карда бошад, Ибни Сино аз камтарин шахсиятҳои таърихии олами илм аст, ки ҳаёту фаъолияти гуногунҷабҳаи илмии сӣ соли аввали ҳаёташро бо дасти хеш ба пуррагӣ ба қалам додааст, ки ин хилофи анъанаҳои маъмулии он замон буд. Зеро дар он давраи тираи таърихӣ танҳо ҳаёту корнамоиҳои ҷангии ҳокимони замон ба тасвир кашида мешуданд. 
Сокини Бухорои Шариф, писари андозғундор, ки баъдтар ба мартабаҳои гуногуни давлатӣ ҷалб гашта, оқибат ҳамчун «ҷинояткор» солҳои зиёди ҳаёташро дар оворагию саргардониҳо гузарондааст, аз худ 450 асари илмии гаронбаҳо боқӣ гузоштааст, ки 274 - тои он то замони мо расидаанд. Ҳарчанд танҳо рисолаи бунёдии «Ал-қонун» - и ӯ, ки то асри XVIII ягона китоби таълимӣ дар мактабҳои тиббии Шарқу Ғарб маҳсуб меёфт, кифоя буд, ки номи Абуалӣ ибни Сино дар таърихи илм бо ҳарфҳои заррин сабт гардад.  
 Мавриди зикр аст, ки пас аз кашф шудани дастгоҳи мошинчопкунӣ «Ал-қонун» баъди «Инҷил» дуюмин китобе буд, ки ба нашр расонда шуд.  Ибни Сино дар давоми умри 57 - солааш  аз худ дар 29 соҳаи илм осори пурбаҳо боқӣ гузошта, саҳми ӯ, махсусан дар рушди илми тиб беназир ҳисобида мешавад. Беҳуда нест, ки аз рӯи як ақидаи дар доираҳои илмии ҷаҳонӣ паҳнгашта вожаи «медитсина» аз ибораи  лотинишудаи «мадади Сино»  пайдо гашта, ба таври кӯтоҳ ҳамчун «методи Сино» истифода бурда мешавад.
Ибни Сино ҳеҷ як мактаби махсуси академиро хатм накарда буд, вале то ҳабдаҳсолагиаш тавассути аз монеаҳои сангини асримиёнагӣ ҷасурона гузаштану дар таҷрибаи амалӣ татбиқ намудани тибби назариявӣ ба мартабаи табиби шахсии амири Бухоро расида буд. Дар 18 - солагиаш бо бузургтарин олимони Шарқ оид ба фалсафа, физика ва риёзиёт дар баҳсҳои илмӣ ширкат намуда, аксар вақт дастболо мешуд.
Ибни Сино 800 сол пеш аз Луи Пастер, кашшофи вирусҳои барангезандаи бемориҳои сироятӣ, ақидае пешниҳод карда буд, ки бемориҳои вараҷагиро як намуд «ҷондорҳои хурдтарин» ба вуҷуд меоранд. Ӯ аввалин шуда ба сироятӣ будани бемории нағзак (оспа) эътибор дода, байни бемориҳои вабо ва тоун фарқият гузошт ва истилоҳи саръ (эпилепсия) - ро дар тиб ворид сохт. Инчунин, бемориҳои махав (ҷузом) ва зардпарвинро таҳқиқ намуда, сабаб, аломат ва усулҳои муолиҷаи менингит ва захми меъдаро муайян сохт. Фарзияеро бо далелҳо исбот намуд, ки бисёр бемориҳо зери таъсири эҳсосоти нохуш пайдо мешаванд.
Ибни Сино назарияи мукаммали ташхис аз рӯи набзро кор карда баромадааст. Аз рӯи ақидаи табиби бузург: «Набз метавонад мавҷшакл, тирмонанд, дузарба, дурудароз, ларзанда, кӯтоҳ, хурд, оҳиста, асабии пуршиддат, мӯрчагӣ, паст, пурра ва холӣ бошад».
Дар ин росто ривояте аст, ки духтари яке аз савдогарони давлатманди Бухоро ба бемории вазнине гирифтор мешавад. Тамоми олимону мунаҷҷимон дар табобати ӯ оҷиз мемонанд. Савдогар, ҳамчун чораи охирин, Ибни Синоро ба ёрӣ даъват менамояд.  Табиби он вақт ҷавону, аллакай, таҷрибадор аз банди дасти духтар дошта, кӯчаҳои шаҳри Бухороро як - як номбар кардан мегирад. Вақте навбат ба яке аз кӯчаҳо мерасад, набзи духтар ноором мегардад. Баъди ин бо талаби Ибни Сино рӯйхати одамонеро меоранд, ки дар он кӯча зиндагӣ мекунанд. Вақти номбар кардани рӯйхат чун исми ҷавонеро ба забон меорад, рангу рӯи духтар лолагун мегардад. Аз рӯи набз Ибни Сино муайян менамояд, ки духтар ба фалон ҷавон дил бастаасту падар садди роҳи хонадор шудани онҳо гаштаанд. Баъди ин падар ноилоҷ ба хости фарзандаш розигӣ медиҳаду мардум бори дигар ба истеъдоди нотакрори табиби ҷавон тан медиҳанд.
Ғайр аз ин, Ибни Сино аз рӯи ранги пӯст ва пешоби бемор муолиҷаро вобаста ба характери беморӣ ва ҳолати рӯҳии бемор дар алоқамандӣ бо ранг ба тасвир мекашад. Дар атласи тартибдодаи Ибни Сино алоқамандии байни рангу миҷоз ва солимии инсон хеле мӯшикофона ба қалам дода шудааст. Табиби номӣ бештар аз 2000 бемории гуногунро ташхис ва табобат карда метавонист, дар ҳоле ки то имрӯз ҳамагӣ 5000 беморӣ ба қайд гирифта шудааст. Бо ҳама тараққиёташ тибби имрӯза аз уҳдаи пешгирии вайроншавии масуният бар асари истеъмоли доруҳои гуногун баромада натавониста истодааст, ҳол он ки шарти аввали шифоёбии бемор ин муқовимати организми ӯ бар зидди дарду иллатҳои ҷойдошта мебошад.  Ибни  Сино  бошад, дар ҳамон давра барқарор намудани таносуби табииро барои организми одам аз ҳама муҳим меҳисобид. Ӯ тасдиқ кардааст, ки аз берун зоҳиршавии беморӣ сабабҳои дарунӣ дорад, аломатҳо бошанд, нишонаи муқовимати қувваҳои худии ҷисм мебошанд. Ибни Сино усулҳои таҳрик додани ҳамин аломатҳоро бар зидди иллату нуқсонҳои дохили ҷисм ҷустуҷӯ мекард.
Табиби ҳамадон машқҳои ҷисмониро шарти асосии солимӣ меҳисобид. Дар ҷои дуюм бошад, реҷаи ғизо ва хобро мегузошт. Ӯ менависад: «Дар санъат чизи асосӣ хушоҳангист, ки он мувозинати омилҳои заруриро талаб менамояд: мувозинати хулқу атвор; интихоби ғизо, покӣ аз ҳар гуна ғаждиҳо, нигоҳдории вазн, беҳтарсозии он чизе, ки ба воситаи бинӣ ба дарун кашида мешавад, интихоби сарулибос, мувозинати ҳаракати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ».
Абуалӣ ибни Сино дар Исфаҳон расадхонае сохт ва аввалин шуда ҳаракати радифи маснуи Заминро исбот кард. Барои аниқ чен кардан бошад, усули аҷиберо истифода бурд, ки баъдтар он ҳамчун «принсипи Нониус» бо номи олими португалӣ, ки танҳо дар асри XVI тавонист аз хусуси ин усули синоӣ дубора овоз баланд кунад, машҳур гашт. 
Ҳанӯз дар давраи ҳаёташ Ибни Сино ба чунин унвонҳои баланд, аз қабили Ҳуҷҷат - ул Ҳақ, Шайх - ур - раис, Ҳакими бузург, Шараф - ул - мулк сазовор дониста шуда буд.
Баъд аз 500 соли вафоти ин нобиғаи оламшумули тоҷик осори ӯро Леонардо да Винчи ва Андрей Везалий омӯхта, аз он иқтибосҳо овардаанд. Дар бораи Ибни Сино Данте низ дар «Мазҳакаи Илоҳӣ» - аш ёдовар шудааст. Биологи машҳур Карл Линней як авлоди рустаниҳоро  Авитсения номгузорӣ намудааст, инчунин, ба номи Абуалӣ ибни Сино сайёраи хурди 2755 Avicenna гузошта шудааст.
Мадфани олим ва табиби номӣ то ҳол ба ҳамагон маълум аст ва ҳар рӯз ҳазорҳо нафар ба зиёрати ӯ меоянд. Аксарияти зоирон боварӣ доранд, ки ҳатто даст расондан ба мақбараи Абуалӣ ибни Сино боиси рафъи садҳо дарду иллат мегардад.
М. ГУЛЗОДА, ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ  ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.08.2019    №: 155    Мутолиа карданд: 1087

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед