logo

фарҳанг

ГУЛШИНОСОН МАЪБАДИ ДОНОИЯНД

Лолазорони пойтахт ва чаманороиҳои шаҳру деҳотро дида, ҳавасам омад, ки пиндори худро пиромуни гулпарастии Пешвои муаззами миллат рӯйи саҳифа оварам. Мақолаҳои бешумореро аз расонаҳои хабарии кишварҳои дигар хонда ниҳоят хурсанд шудам, ки гӯшаҳои намоёни худро ба гулкориҳои Сарвари тоҷикон бахшидаанд. Мебояд таъкид кард, ки унвонҳои он нашрияҳо гӯёву расо буданд ва рӯзноманигорони Россия дар даҳсолаҳои охир ба кишвари дигари пасошӯравие чунин тавсифҳои гармро набахшидаанд. Ва чунинанд унвони он мақолаҳо:
“Миллион гулҳо. Дар Душанбе ба парвариши лолаҳо пардохтаанд. (Миллионы цветов. В Душанбе начали сажать тюльпан), Душанбе ғарқи лола шуд..., (Душанбе утонул в тюльпанах .), Иди лола: боғҳои Душанбе ғарқи гулҳои лола мегарданд..., (Праздник тюльпанов: парки Душанбе утопают в цветах.), Душанбе – шаҳри сохтмонҳои нав, роҳҳои ороста ва лолазорон (Душанбе - город новостроек, добротных дорог и тюльпанов),  Душанбе шаҳри хушбахтиҳо ва шукуфоиҳо. (Душанбе – город счастья и процветания.)”
Дар мақолаи «Лолаҳои Тоҷикистон» (Тюльпаны Таджикистана), муаллиф аз ҷумла навиштааст, ки дар гулгаштҳои Тоҷикистон 24 навъи гулҳои лола парвариш ёфтаанд, ки 19 навъи онҳо дар номнависии гиёҳҳои камёфти рӯ ба нобудшавӣ ниҳодаи Китоби Сурх ба сабт расидаанд.
Инҷониб чунин мепиндорам, ки гулистону чаманистон сохтани кӯчабоғҳои шаҳру деҳот рамзест бар он, ки Пешвои миллат  хостаанд тамоми эҳсосоти неки худ, бавижа меҳру садоқати худро ба ин сарзамин, ба ин одамон бо гулкорӣ ва гулистонсозии кишвар баён созанд. Гӯё он кас аз миллионҳо гулбунҳои камёфти зебо дастагули бузурге оро дода ба мардумоне, ки раҳбарашон мебошад, подош намудааст. Шоири некбаёне сурудааст, одамони баҳравар аз тарбияи баландро, аз осмонҳо ҳидоят  мерасад, ки то дил ба гулшиносиву гулпарастӣ бидиҳанд:
Гарчи зонуи табиат хокӣ аст,
Гулпарастӣ шеваи афлокӣ аст.
Гулшиносон зойири зебоиянд,
Гулшиносон маъбади доноиянд.
Ҳамон гуна ки сухансарои бузурги Фаронса бону Жорж Санд (1804 - 1876), изҳор дошта, ба гулпарастон рисолати шунидани гуфтугӯйи гулҳо дода шудааст. (Духтараке ба гуфтаҳои омӯзгори фанни ботаника, ки дар посух ба пурсиши ӯ гуфтааст, ки гулҳо аз сухангӯйӣ баҳраманд нестанд, бовар накарда, ҳар субҳ ба гулзор меравад ва дар танҳоӣ гӯш ба лабони гулҳо мениҳад. Гулҳо бо овози хеле нозуки танҳо ба он духтарак шунаво, бо як одоби баланд аз чӣ будани худ гуфтугӯ менамуданд. Боре чунин суханороии гулҳоро мешунавад: «Одамон ба гули садбарг бартарӣ бахшида, ӯро шаҳбонуи гулҳо хондаанд, вале лолаи даштӣ бо як меҳрубонӣ аз кам набудани чеҳраву атри худ ҳикоят мекунад ва гулҳои дигар гуфтаҳои вайро мепазиранд)».
Лолазор сохтани кӯчабоғу гулгаштҳои пойтахтро набояд осон дид. То ба шукуфтан даромадани лолаҳо на танҳо харҷи зиёди ва бо ҳавопаймо эҳтиёткорона овардани  тухмиҳову парвардаҳо, роҳ ёфтан ба дили тоҷирони ҷаҳонии гули лола, маъмурони гумруки кишвари Ҳоланд ва иҷрои даҳҳо тадбирҳои дигарро мехоҳад, балки ба роҳ андохтани омӯзишу парвариши гулкорон, ҳунару фаросати нигаҳбонии гулҳои лолаи «аврупоишуда», ниёз ба тайёр кардани кордонҳои боҳавсаларо дорад.
Боре ба як дӯстам, ки донишманд буд, гуфтам: «Биё, ҳар кадоме рӯйи варақ номи гулҳоро бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ менависем, то бубинем, ки кадомамон бештар унвони гулҳоро медонем». Он дӯст 20 номи гулҳоро бо забони тоҷикӣ ва 30 номро бо забони русӣ дар ёд доштааст. Инҷониб каме бештар бо забони тоҷикӣ ва хеле зиёд бо русӣ унвони гулҳоро сабт карда будам. Гузашта аз ин, дарёфтем, ки  номи гулҳои зиёдеро бо забони русӣ дар ёд дорем, вале намедонем, ки онҳоро тоҷикони худамон чӣ ном додаанд. Чунончи намедонистем, ки гули «Астра»  - ро доноёни тоҷик «Мино», «Магнолия» - ро «Гули Марям», гули «Шиповник» (Хуч) - ро  «Настаран», «Хризантема» - ро «Гули Довудӣ», «Георгин» - ро «Гули Кавкаб» ва донистем, ки гули «Лилия» ҳам обӣ мешавад ва ҳам саҳроӣ, ки дар забони тоҷикӣ обиашро «Нилуфар» ва саҳроияшро «Савсан» ва «Занбақ» низ номидаанд. Бисёриҳо намедонанд, ки «Бунафша», «Ёсуман», «Ёс», «Гули Марворид», «Ҳамешабаҳор», «Гули Атлас», «Гули Ноз» чӣ гулҳоянд ва аксаран дарнарафтаанд, ки «Гвоздика» на “Мехчагулак”, балки «Гули Мехак» буда,«Шақоиқ» гули лолаи даштӣ мебошад ва гули «Папалоқ» - ро дар адабиёти классикӣ «Бӯйи модарон» номидаанд ва гузаштагонамон дар китобҳои куҳан аз гулҳое ёдовар мешаванд, чун «Гули Шаббӯ», «Гули Лодан», «Гули Занҷабил» ва монанди он. Гулшиносони Аврупо гулеро бо номи «Горный Пион» дар рӯйи замин нобудшуда пиндоштаанд, вале ин гул зери унвони «Гули Муҷах» дар кӯҳи баланди Уштурчаро (ноҳияи Ховалинг) зинда аст. (Гули Пионро дар дуконҳои гулфурӯшии Душанбе метавон пайдо кард, ки «Гули Ашрафӣ» ном дорад, вале он даштӣ буда, бо бӯю рӯйи худ аз Гули Муҷах тафовут дорад). Ҳамчунон, дар Тоҷикистони зебоямон ҳазорон навъи гулҳо моро иҳота кардаанду мо намедонем, ки номи онҳо чист.
Ҳар гуле ба худ атре дораду маъниву мафҳуми вижа ва ҳамин аст, ки ба ҳангоми додани гулҳо ба дӯсту ошно дар баробари роиҳаи хушу зебоӣ, паёми дархӯри маъние низ тақдим мегардад. Ҳамон гуна ки  подоши шохаи гули садбарг дархӯри маъниест, ки «То зиндаам, дӯстат хоҳам дошт», «Ишқи оташини маро бипазир», «Бо ту аз худ бехудам». Гули лола асосан ба вафодорӣ ишора мекунад ва гаҳе мегӯяд: «Ту, ки дили маро ғамзада мехостӣ, инак, ин ман ва инак, ин дили ғамзадаи ман. Ва омодаам, ки дар роҳи ишқат аз ҷони худ ҳам бигзарам.…».
Гулпарастии Сарвари давлатамон идомаи даъвати мардум ба бозоварии хотираи таърихӣ, фарҳанги гумшудаи тоҷикон мебошад. Гулпарастӣ, ба гумони ман, давоми мантиқии танзими расму ойинҳои мардумӣ, бузургдошти ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон ва рӯ овардан ба китобхонӣ низ ҳаст.
Имсол бо ташаббуси хирадмандонаи Пешвои миллат ба хотири зиндасозии фарҳанги гулпарварии тоҷикон дар кишвар Ҷашни «Сайри гули лола» баргузор гардид, ки ниҳоят зебову хотирмон буд. Чанде аз миллатҳои бофарҳанги ҷаҳон низ ҳамсон ба ин  сайругаштҳои зеборо доир мекунанд. Аз ҷумла, мардумони зебоипараст ва кордони Япония ҷашнҳое доранд ба сони «Сайри гули лола» - и мо. Япониҳо дар баҳорон, ба ҳангоми шукуфтани гулҳои дарахтон, сайреро доир мекунанд, бахшида ба Гули Олуболу, унвонии «Саккура» ва дар тирамоҳ «Сайри  Гули Довудӣ (Хризантема)»,  ки шоиронаву романтикӣ мебошанд. Дар рӯзи сайри Гули Довудӣ агар ҷавон ба духтаре Гули Довудӣ тақдим намуда, бигӯяд, ки «ту чун Гули Довудӣ зебоӣ», дархӯри маъниест, ки дӯсташ дорад ва мехоҳад ӯро барои ба абад ҷуфт шудан даъват кунад.
Даъвати Пешвои муаззами миллат ба гулпарастӣ дар маниши ориёии он кас сарчашма  дорад. Гузаштагони мо ҳанӯз аз замони Ҳахоманишиён ва Каёниён ба гулпарварӣ ва подоши гул аҳамияти хосса медоданд. Дар мавриди гулпарастии Ҳахоманишиён метавон гуфтаҳои таърихнигорони Юнони бостонро намуна овард, вале сарчашмаи аз ҳама гӯё сангнигорае дар Тахти Ҷамшед мебошад, ки 2500 сол пеш шоҳаншоҳ Дориюши Бузург бо гулғунчаҳо дар даст бозтоб гардидааст. Дар наздики шаҳри Шероз нақше рӯйи девор бозмондааст, ки мардеро дар ҳолати тақдими дастагул ба бонуе нишон медиҳад. Ва ё дар баъзе сикаҳои замони Ашкониён олиҳае бознамоён шудааст, ки дар даст шохаи гуле дорад. Ҳамчунон, дар сангнигораҳо шаҳбонуи Куруши Бузург  - Мандоно дар ҳолати гулороӣ нишон дода шудааст, ки дар дасту ҷабин гули гулобӣ дорад.
Рӯзи ҷашни Наврӯз ба шоҳаншоҳ Баҳроми Гӯр кишвардорони қаламрави ӯ дар баробари армуғонҳои дигар дастагулҳои шоҳона мефиристоданд. Чунончи дар «Шоҳнома» омадааст:
Шутурворҳо нору себу биҳӣ,
Зи гул дастаҳо карда шоҳаншоҳӣ.
Шоҳаншоҳони Сосонӣ, бавижа Хусрави Парвиз, ҳамзамон, бо оростану перостани дарбор, дар кишвар чаманистонҳо бунёд карда, ба гулпарастии мардум аҳамияти хосса мебахшидааст. Ҳамон гуна ки Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» оини ба шикор рафтани Хусрави Парвизро бознамоён сохтааст, дар баробари  700 марди рӯйи дастҳо бози шикорӣ, 700 саги шикорӣ, 2000 ромишгари шутурсавор, 800 шутури пурбори курсиву хаймаву хиргоҳ, 200 мард бо дастаҳои гулу арғувон пешопеши корвон ҳаракат мекарданд.
Сарварони замони пеш аз истиқлол хоста буданд, лолапарвар будани табиати Тоҷикистон ва гулпарастии хешро бо роҳи аз оҳантунука сохтани гули лола ва дар пояҳои оҳанини интиқоли барқ часпонидани онҳо намоиш диҳанд. Ҳамин буд, ки  пояҳои оҳанини хиёбони Рӯдакӣ (он замон хиёбони Ленин) бо гулҳои оҳанин «гулпӯш» гардида, дар назди бинои Шӯрои Олӣ (ҳоло Маҷлиси намояндагон) фаввораи хурде бо муҷассамаҳои аз санги хоро тарошидаи гули лола «ороиш» ёфта буд.
Моро тамоми тасмимҳо ва ташаббусҳои Пешвои миллат ба он натиҷагирӣ меоваранд, ки ин шахсияти дар роҳи душвори миллатсозӣ устувор, орзуҳо ва пиндорҳои чандин даҳсолаҳо пеши андешамандони оянданигарро амалӣ мекунанд. Ҳанӯз 37 сол пеш дар суҳбате рафиқи рустаборам - корманди дипломатии Сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон чунин гуфта буд: «Парвариши пахта бисёр кори камаршикан аст ва фоидаовар нест, то агар аз пахта матоъ ва сипас аз он либоси бозоргири бозори ҷаҳонӣ истеҳсол нашавад. Тоҷикистони шумо кишвари камназир аст ва бояд ба боғдориву гулпарварӣ шуғл варзид. Шумо метавонед дар гулпарварӣ пешрафта гардед ва иқтисодиёти кишваратонро дар баробари он бо тавлидоти атриёту хушбӯиҳо дар ҷаҳон чашмгир намоед».
Дар поёни ин ситоиши гулпарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таманно мекунам, ки гулистони умри бобаракаташон шодобу шукуфону дароз бод!
Зафар МИРЗОЁН, узви иттифоқҳои нависандагон ва журналистони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.08.2019    №: 155    Мутолиа карданд: 322

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед