logo

иҷтимоиёт

СИНО ИФТИХОРИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Таърих номи силсилаи олимону адибонро дар сафҳаи китоби ҷовидонаи ҷаҳонии худ дохил кардааст, ки  онҳо бо заковату фаросат ба хазинаи афкори умумиинсонӣ ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Абуалӣ ибни Сино аз зумраи чунин бузургон буда, бо ду асари ҷовидонаи худ, яъне «Ал-Қонун» ва «Китоб-уш-шифо» ҳамчун қутбнамои фазои ҳикмат зоҳир мегардад.
Бисёр дастуру хулосаҳои илмии ӯ имрӯз ҳам арзиши худро гум накардаанд. Табобати беморон, дақиқкорона санҷиши доруҳо ва ба таври фардӣ таъйини онҳо, робитаи мутақобилаи бемории узвҳои инсон ва ҳолати физиологии тамоми организм, ҳангоми ҷарроҳӣ ба ҳисоб гирифтани авзои бемор, кайфият ва ҳолати рӯҳию ҷисмонии вай аз ҳамин қабиланд.
Бисёр фикру мулоҳизаҳо ва маслиҳатҳои олим доир ба ин масъалаҳо ҳанӯз ҳам арзиши илмӣ ва амалии худро аз даст надодаанд.
Хизмати бузурги Ибни Сино дар соҳаи илми тиб аз кӯшиши бунёди аломатшиносӣ (семиотика), ташхис (диагностика) ва назарияи илмии табобат иборат буд. Ӯ дар ин соҳа ва дигар самтҳои илми тиб, аз ҷумла ҷарроҳӣ, муолиҷа, вабошиносӣ, дорушиносӣ ва ғайра кашфиёту ихтирооти зиёде кардааст.
Омӯзиши илмҳо дар назди ӯ ҳалли он масъалаҳоеро, ки гузаштагон баррасиву амалӣ карданӣ буданд, ба миён гузошт: «Дар кадом қисмати бадани одам муҳаррики (қувваи)  некӣ ҷойгир аст? Чӣ ӯро ба роҳи камолот мебарад? Чӣ чиз одамро ба зебоӣ ҷалб мекунад?». Ҷавобҳоро  ба бисёр саволҳои хеш аз асарҳои олимони Юнони Қадим ёфт. Вале ба ташаккули ягонагии рӯҳ маҳдуд нашуда, фикрашро бо «ягонагии насли одамизод» ҷамъбаст намуд.
Ибни Сино одамро дар муносибати зич бо муҳити зист ва таъсири омилҳои муҳити беруна ба тандурустӣ дида баромадааст. Аз ин лиҳоз, ӯ аввалин духтури нигаҳдории тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Тахминаш дар ҷиҳати  имкони  гузариши мавҷудоти хурд ба организими одам ба воситаи ҳаво ва об, ки сабабгори пайдоиши бемориҳои гуногун мешавад, хеле муҳим  мебошад. Ҳамин тавр, 8 аср қабл аз Л.Пастер ӯ имконияти заҳролудшавиро (сироят) бо воситаи ҳаво, яъне бемориҳои нағзаку тоунро пешгӯӣ кард. Инчунин, аввалин маротиба дар таърихи илми тиб бемории силро ҳамчун бемории сироятӣ баён дошт.
Дар саратоншиносӣ низ ҳиссаи чашмрас дорад. Дар асрҳои миёна, асосан, дар бораи  бемориҳои саратони шакли беруна, ки дида мешуданд, тасаввуроти муайян  доштанд. Ба Абуалӣ ибни Сино   бемориҳои пеш аз омос, пайдоиши варами безарар ва зарарноки узвҳои берунӣ ва дохилӣ  хеле хуб маълум буданд. Ӯ ғояи ягонагии қонунияти пайдоишу инкишофи варамҳои гуногуни этиологиро пешниҳод намуда, аввалин шуда бо маълумот дар бораи саратони меъда инкишофи варамҳои зарарноки узвҳои дохилиро нишон дод. Дар бораи  зарурати дахолати  ҷарроҳӣ ҳангоми пайдоиши варами зарарнок зикр карда, оид ба масъалаҳои  паҳншавии варам андешаашро баён намудааст.
Нуқтаи назари худро оид ба панҷ узви ҳис, аҳамият ва вазифаи  онҳо дар раванди маърифат чунин баён мекунад: “Басират ин қувваест, ки дар асаб ҷойгир шуда, намуди ҷисмеро, ки дар зуҷоҷа (намии  яхмонанд) акс ёфтааст, қабул намуда, дорои ранг буда, ба воситаи ҷисмҳои шаффоф ба рӯи сатҳи ҳамвори ҷисмҳо мебарояд. Қувваи сомеа – ин қувва дар системаи асаб ҷойгир шуда, ба сатҳи мақоми шунавоӣ паҳн шуда, чунин шаклеро қабул мекунад, ки ба воситаи  ларзиши ҳаво байни ҷисми бархӯрда, ҷисми фишурдашуда, зарба ба муқобилият мегузарад ва дар натиҷа овоз пайдо мешавад”. 
Ӯ аввалин шуда тавсифи дақиқи мушакҳои чашмро медиҳад. Ҳафт намуди захми қарнияи чашмро ном мебарад. Маслиҳатҳояш ҳангоми муолиҷаи бемориҳои чашм пурра ба усули муосир мутобиқ мебошад.
Ибни Сино, инчунин, тафриқа ва тавсифи мукаммали шаклҳои гуногуни муолиҷаи пурраи зукомро  медиҳад. Тарзи муолиҷаи озахи биниро зикр намуда, қайд кардааст, ки «гӯшти зиёдатиро бо корди борик бо диққат метарошанд». Хусусиятҳои анатомию физиологии гулӯ, бемории дарди гулӯ ва боди он, усули бартараф намудани варами гулӯро, ки худ васеъ истифода мебурд, мухтасаран шарҳ додааст.
Хуллас, 800 сол қабл аз Евстахия нои сомеаро шарҳ дода, ба аҳамияти он дар нигоҳдории ҳолатҳои муътадили қувваи сомеа (шунавоӣ) баҳо медиҳад. Тавсифи сабаб ва муолиҷаи бемориҳои дохили сарӣ ва бемориҳои гӯш, ки шайхурраис ифода кардааст, дар бисёр мавридҳо бо пешниҳодҳои илми муосир монанд мебошанд.
Ҳамин тавр, ба қавли устод Садриддин Айнӣ «Абуалӣ ибни Сино   ифтихори халқи тоҷик, падари табибони ҷаҳон аст».
Зафархӯҷа ҒУЛОМОВ,
раиси ҷамъияти оториноларингологони  Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, номзади илмҳои тиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2019    №: 156    Мутолиа карданд: 659

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед