иҷтимоиёт
ОФАТҲОИ ТАБИАТ. ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ
- Тағйирёбии иқлим имрӯз дар тамоми ҷаҳон боиси нигаронии аҳли башар гардидааст. Офатҳои табиат, аз қабили обхезӣ, сӯхтори майдони васеи ҷангалзорҳо маҳз бар асари тағйирёбии иқлим ва гармшавии ҳаво ба вуқӯъ меоянд, ки дар пай хисороти зиёд доранд. Дар чунин ҳол пешгирии офатҳои табиӣ ва бартарафсозии оқибатҳои онҳо аз масъалаҳои афзалиятнок маҳсуб меёбанд. Вале, ҷиҳати ҳалли ин мушкилот ҳатто давлатҳои абарқудрат дар танҳоӣ оҷизанд.
Ин нуктаро Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ҷаласаи якҷояи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаҳои фароҳам овардани имкониятҳо дар муҳити бехатар ва идоракунии оби бехатари ошомиданӣ ва беҳдошт дар Тоҷикистон, ки бо иштироки роҳбарони Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон Валбурга Рус ва филиали Агентии Фонди Оғохон оид ба макони зист Ҳодӣ Ҳусайнӣ, роҳбарияти Фонди Оғохон дар Тоҷикистон ва дигар шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид, иброз дошт. Зикр гардид, ки бар асари офатҳои табиӣ, махсусан, минтақаҳои кӯҳистон, мисли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки беш аз 90 фоизаш кӯҳсор мебошад, хеле осебпазиранд. Дар ин ҷо тобистону зимистон ва ҳам баҳору тирамоҳ рух додани ҳар гуна офати табиӣ аз эҳтимол дур нест. Раиси вилоят дар робита ба ин аз ҳаёти шаҳру деҳоти ВМКБ мисолҳои зиёд овард ва таъкид кард, ки бевосита бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд оқибатҳои чунин офатҳои табиӣ барқарор шуданд. Ҳамзамон, таъкид шуд, ки аз бартараф кардани хисороте, ки дар паи офатҳои табиӣ рух медиҳанд, пешгирӣ кардани онҳо беҳтар аст. Ҳам маблағ камтар масраф мегардаду ҳам талафоти ҷонӣ пешгирӣ мегардад.
Ёдгор Файзов Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва Фонди Оғохонро аз ҷумлаи шарикони боэътимоди Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ин самт унвон карда, афзуд, ки барномаҳое, ки ҳоло аз хусуси иҷрои онҳо ҳарф мезанем, асосан аз ҷониби ин ташкилотҳо маблағгузорӣ гардидаанд. Раиси вилоят ба шарикони рушд ҷиҳати амалигардондани марҳилаҳои аввали барномаҳои мазкур, ҳамчунин, кумаки саривақтӣ дар зимистони сербарфи имсола дар таъмини техника ва сӯзишворӣ барои аз барфу тармаҳои зиёд тоза намудани роҳҳои мошингард сипосгузорӣ намуд.
Валбурга Рус ва Ҳодӣ Ҳусайнӣ аз фароҳам овардани шароит барои ҳамкории судманд ва дастгирӣ дар татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр доштанд, ки омода намудани аҳолӣ ба тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ, фароҳам овардани зиндагии шоиста дар муҳити бехатар, мусоидат ва дастгирии худидоракунӣ дар ҷомеаи устувор аз ҳадафҳои асосии пиёда намудани ин лоиҳаҳо мебошад. Барои тақвияти ҳамкорӣ дар татбиқи ин барномаҳо ва тарҳрезии лоиҳаҳои муваффақ вобаста ба беҳтар намудани сатҳи рӯзгори мардум дар дастгоҳи раиси вилоят шуъбаи махсус ташкил мешавад, ки маблағгузорӣ, аз ҷумла таъмини маоши кормандони он аз ҷониби Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.08.2019 №: 156 Мутолиа карданд: 923