logo

маориф

КОҒАЗ: АЗ ИСРОФ ТО САРФА

Дар назари аввал бас содаву нозарур менамояд, вақте кас дар бораи исрофу сарфаи коғаз сухан мекунад ва онҳоро аз масъалаҳои мубрам ба шумор меорад. Шояд ин суолҳоро ҳам бидиҳанд: «Оё он кирои баррасӣ мекунад? Ва магар меарзад, ки ба хотири ҳалли дурусти масъала он дар маркази диққату таваҷҷуҳи масъулон қарор дода шавад?». Посух ба ин пурсишҳо гуногун мебошад. Идомаи «анъана» - ро бисёр хуш пазируфтаанд ва ҳам ҷонибдоранд, ки он идома биёбад. Ин дар суратест, ки дар кишвар ба хотири сарфакорӣ ва, инчунин, харҷҳои беҳуда қонуни танзимро ба тасвиб расонданд. Иҷрои он собит сохт, ки қонун барои беҳбудӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии худи мардум мебошад.
Ба яқин, масъалаи исрофу сарфаи коғаз дар кишвар бояд ба миён гузошта шавад. Агар коғаз оқилона истифода гардад, боке нест. Аммо эҳсос мешавад, ки дар баъзе мавридҳо аз он суиистифода мекунанд. Дар бисёр ҳолатҳо ин амрест, ки ногузир иҷрояшро бо истифодаи коғази зиёд талаб менамоянд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 2508, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 123 256, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 5775 ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 11693 омӯзгор фаъолият доранд. Албатта, ин миқдори калон аз рӯи талаботи касбӣ барои гузаштани ҳар дарс омодагӣ мегиранд ва аксар дар оғози фаъолияти ҳаррӯзаашон қайдҳои омодагиашонро аз назари масъулони муассисаҳои таҳсилот мегузаронанд. Шубҳае нест, ки ин амал ба нафъи кор мебошад. Ва ҳам масъулон ба санҷиши дафтарҳову бо мавҷудияти сабтҳои зарурӣ аз омодагии омӯзгорон воқиф мегарданд. Инчунин, амали мазкур омӯзгоронро масъул месозад, ки ба дарс бо тайёрӣ биёянд. Агар ин миқдор омӯзгор ба рӯзе се соат дарс бигузаранду дар се саҳифаи «дафтари умумӣ» сабтҳои заруриву талаботиро бинамоянд, дар маҷмӯъ чандин дафтарро ташкил медиҳад ва ба гуфти Мавлонои Балх «Маснавӣ» ҳафтод ман мешавад. Агар ин миқдор дафтарро ба ҳама рӯзҳои таҳсили як соли хониш зарб бизанем, шумораашон касро дар тааҷҷуб мегузорад.
Дар мавриди миқдори истифодаи дафтарҳои одӣ ва умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зарурат ба сухан гуфтан намемонад. Оре, чун шумораашон нисбат ба ҳамаи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилот: ҳам миёнаи умумӣ, ҳам миёнаи касбӣ ва низ таҳсилоти олии касбӣ ба чандин маротиб зиёд мебошад.
Мусаллам аст, ки роҳи ҳалли ин масъаларо пайдо намудаанд. Яъне Ҳукумати кишвар ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ барномаи компютеркунониро, ки ба сарфаи оқилонаи коғаз мусоидат мекунад, иҷро намудаанд. Махсусан таъмини муассисаҳои таҳсилот бо тахтаи электронӣ, ба ин хотир мебошад. Ҷойи таассуф он аст, ки нақшаи ин барнома аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллӣ то ба ҳанӯз иҷро нашудааст ва ҳам дар иҷрои он саҳлангорӣ мекунанд. Кишварҳои пешрафта масъалаи мазкурро ба таври мусбат ва ба манфиати аҳли ҷомеа ҳал намудаанд. Инчунин, аз расмиятчигӣ ва истифодаи зиёду исрофи коғаз барканор шудаанд.
Ин мушкилот ба дигар вазорату идораву ташкилотҳо низ иртибот мегирад ва ҳатман ҳалли дурусту саривақтиро тақозо дорад.
Агар коршиносон ҳисоб намоянд, ки ба ҳар соле чӣ қадар дафтарҳои одиву умумӣ ва коғазҳо барои навиштан ба кишвар ворид мешаванд, мушкил нест маълум намоем, то чӣ қадар маблағҳои зиёди мо ба берун мебароянд.
Алҳол мо бар асари ноогоҳӣ ва надоштани имкони пурра ба дастрасиву истифодаи системаи электронӣ, навтарин дастовардҳои техникаву технологияи аср наметавонем ба сарфаи бештари коғаз муваффақ гардем. Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки дар ин хусус тадбирҳои иловагӣ биандешем. Ба ҷуз ин, масъулияти бештару беҳтар эҳсос бикунем, ки аҳли ҷомеаро ҳамқадами замон намоему ба кишварҳои пешрафта баробар бишавем. Танҳо дар ин сурат мушкилот батадриҷ ҳалли худро меёбад.
Абдулқодири РАҲИМ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2019    №: 158    Мутолиа карданд: 3443

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед