logo

иқтисод

ТАДБИРҲОИ МУАССИР РОҲАНДОЗӢ МЕШАВАНД

 

Посух ба матлаби «Хатлон. Бефаъолиятии корхонаҳо соҳаи саноатро қафо мекашад!!!», ки 19 июни соли 2019 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп шудааст.

Иттилоъ медиҳем, ки матлаби интиқодии «Хатлон. Бефаъолиятии корхонаҳо соҳаи саноатро ба қафо мекашад!!!» дар ҷаласаи васеи назди раиси ноҳияи Қубодиён мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки дар ҳақиқат, иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тараққӣ додани соҳаи саноат ва то ҳадди ниҳоӣ коркард намудани маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан пахта, бо назардошти тағйирёбии вазъу талаботи бозори ҷаҳонӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини рӯз мебошад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар барои соли 2019, таъсиси 8 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ - коргоҳҳои дару тирезаҳои пластикӣ, дӯзандагӣ, қаннодӣ ва корхонаи истеҳсоли хишти бетонӣ тарҳрезӣ шуда буд. Ҳоло корхонаи истеҳсоли хишти бетонӣ, коргоҳҳои дару тирезаҳои пластикӣ, қаннодӣ ва дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз намуда, маҳсулот истеҳсол мекунанд.
Дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 49,3 миллион сомонӣ расонда шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3,7 дарсад зиёд буда, 50 дарсади дурнамои солонаро ташкил медиҳад.
Аз 24 корхонаи саноатии ноҳия 7 корхона бинобар сабаби надоштани ашёи хом ва мавсимӣ будан фаъолият накард ва 2 корхона аз сабаби муфлисшавӣ фаъолияташро қатъ намуд. Барои бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва барқарорсозии иқтидори корхонаҳо мушкили асосӣ ҷудо нагардидани маблағҳои қарзӣ бо фоизи паст барои дастгирии соҳибкорон аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ мебошад.
Дар ноҳия ду корхонаи дӯзандагӣ - «Мавлуда» ва «Мастура Авезова» дар самти таъмин намудани хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ  фаъолият дошта, дар нимсола 8340 дона (комплект) либоси мактабӣ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4840 адад зиёд аст.
Барои истиқболи сазовори Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 дар ин бора нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тасдиқ шудааст, ки бунёду навсозии 149 иншоотро фаро мегирад.
Дар ин радиф, тибқи нақша, бунёди 8 коргоҳи дӯзандагӣ, ду дукони ҳунарҳои мардумӣ, ду коргоҳи дӯхти либосҳои мактабӣ ва коргоҳи омӯзиши адрасбофӣ тарҳрезӣ шудааст.
То ин муддат 3 коргоҳи дӯзандагӣ, коргоҳи дӯхти либоси мактабӣ ва як дукони ҳунармандӣ бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, хусусан дар самти ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда чораҳои муассири амалӣ меандешад.  
Зафар ФАЙЗУЛЛОЗОДА, раиси ноҳияи Қубодиён


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2019    №: 158    Мутолиа карданд: 806
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед