logo

иҷтимоиёт

ТВ «БАДАХШОН» ДАР МОҲВОРАҲОИ AL VAH 1 ВА NSS 12

Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар шаҳру деҳоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои  созандагиву ободонӣ вусъати тоза гирифтаанд. Маркази интиқоли мавҷҳои радио ва телевизиони ҶСК “Телерадиоком” дар ВМКБ низ  дар самти беҳтар намудани сатҳи сифати намоишҳои телевизионӣ, фарогирии бештари аҳолӣ ба барномаҳои шабакаҳои  ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ корҳои назаррасро анҷом   медиҳад. Дар ин бора директори Маркази интиқоли мавҷҳои радио ва телевизионии вилоят Наврӯзбек Ниёзмамадов чунин иттилоъ дод:
- Зимни сафари кориашон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати нокифоя будани миқдори фарогирии аҳолии вилоят бо телевизиони маҳаллӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулин супориш доданд, ки дар ин самт чораҷӯӣ намоянд. Бояд гуфт, ки он вақт пахши телевизиони «Бадахшон» дар ҳақиқат ҳатто 20 дарсади аҳолии вилоятро дар бар намегирифт. Бо мақсади иҷро намудани супориши Пешвои миллат ва васеъ гардондани доираи ҳудуди пахши телевизиони маҳаллӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком» нақша-чорабиниҳои махсус таҳия намуд. Дар доираи ин чорабиниҳо аз  тарафи Маркази интиқоли мавҷҳои радио ва телевизионии вилоят дар ҳамкорӣ бо ширкати «Вавилон» пахши телевизиони маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон таъмин гардид. Ҳамчунин, дар рӯзҳои наздик бо дастрас гардидани таҷҳизоти техникӣ қисми деҳаҳои Бунӣ ва Ёмҷ низ бо телевизиони маҳаллӣ фаро гирифта мешаванд. Ҳамин тариқ, фарогирии аҳолии вилоят бо пахши телевизиони «Бадахшон» ба зиёда аз 30 дарсад расонда шуд.
Бо дастури Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба роҳандозӣ намудани намоиши телевизиони «Бадахшон» тариқи моҳвора аз ҷониби ҶСК «Телерадиоком» таҷҳизоти зарурии техникӣ харид ва насб шудааст. Ба ин мақсад аз пойтахти ҷумҳурӣ ба вилоят мутахассисон равона гардида, дар насби таҷҳизот ба мутахассисони маҳаллӣ кумак расонданд. Моҳи апрел мо телевизиони «Бадахшон»-ро дар реҷаи тестӣ ба моҳвора баровардем ва он дар давоми қариб як рӯз тариқи моҳвора нишон дода шуд. Аз 27 июл пахши доимии ТВ “Бадахшон” дар як лифофа бо барномаҳои телевизионии  “Душанбе.НD”, “Хатлон”, “Футбол”, “ТМТ.Шаҳнавоз” ва “Кӯлоб” тариқи маҳвораҳои AL Vah 1 ва NSS 12 оғоз гардид. Бо ҳамин, фарогирии он дар ҳудуди вилоят бо назардошти деҳаҳое, ки қувваи барқ  надоранд, аз 70 дарсад ҳам гузашт.           
Масъалаи дигаре, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба он таваҷҷуҳи хоса равона мегардад, ин ба тариқи рақамӣ гузаштани пахши телевизиони ҷумҳурӣ мебошад. Мувофиқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра бояд  90 дарсади шаҳру деҳоти вилоят бо пахши телевизиони рақамӣ таъмин гарданд. Дар доираи чораҷӯиҳо барои амалӣ намудани супориши мазкур Маркази интиқоли мавҷҳои радио ва телевизионии вилоят дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар марказҳои ноҳияҳои Ванҷ ва Рӯшон фиристандаҳои рақамиро насб намуд. Ин имкон дод, ки 18 ҳазор сокини ноҳияи Ванҷ ва 8 ҳазор сокини ноҳияи Рӯшон бо телевизиони рақамӣ таъмин гарданд. Ҳамчунин, тибқи нақша, то охири соли ҷорӣ дар ҳамаи марказҳои ноҳияҳои вилоят фиристандаҳои телевизиони рақамӣ насб карда мешаванд, ки ин, дар навбати худ, дастрасии сокинони вилоятро ба  тамошои  шабакаҳои телевизионии кишвар беҳтар месозад.
Дар баробари ин, дар соҳа мушкилот низ ҷой  доранд. Яке яз мушкилиҳои асосӣ дар ин самт ҳолати ногувори хоначаҳои техникӣ барои фиристандаҳо мебошад. Дар вилоят, дар маҷмӯъ, 177 хоначаи техникӣ мавҷуд аст, ки зиёда аз 90 дарсадашон айни ҳол дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Ин, дар навбати худ, барои фарогирии аҳолӣ бо телевизиони рақамӣ монеа эҷод мекунад. Хоначаҳои техникӣ аслан дар тавозуни ҷамоатҳои деҳот қарор доранд, барои ҳамин масъулини ҷамоатҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо бояд барои барқарор ва таъмир кардани онҳо чораҷӯӣ намоянд.
Ҳоло сокинони  баъзе деҳаҳои дурдаст бо вуҷуди дар онҳо насб будани фиристандаҳои телевизионӣ ҷиҳати набудани барқ аз тамошои барномаҳои телевизионӣ маҳруманд. Масалан, ба ҳолати имрӯза дар вилоят 16 деҳа – 9 деҳа дар ноҳияи Мурғоб ва 7 деҳа дар водии Бартанг маҳз аз сабаби набудани барқ ба шабакаҳои телевизионӣ дастрасӣ надоранд.
Агар   дар  миқёси  вилоят  барои  пахши  босифати  барномаҳои  телевизион  ва радио  релйефи  хоси  Бадахшон  монеа  эҷод  карда бошад, барои ин  кор дар  шаҳри  Хоруғ  чизе халал  намерасонад. Вале, бо  каме вазидани  боду  боридани  борону  барф  канда – канда пахш  гардидани  намоишҳои телевизиониро дар Хоруғ ҳам мушоҳида мекунем.
Имрӯз дар деҳоти вилоят  мавҷуд набудани имкониятҳои техникӣ барои гӯш кардани барномаҳои радио  монеа эҷод мекунад. Бо мурури замон канда, корношоям шудани  симҳои радио, тариқи таҷҳизоти муосир пахш нашудани барномаҳои он боис гаштаанд, ки дар деҳот умуман радиошунавонӣ аз байн  рафтааст. Вале, мушкил он аст, ки дар шаҳри Хоруғ ҳам кам касон ба   барномаҳои радио таваҷҷуҳ доранд. Бисёре аз мардуми кишвар ба  тамошои телевизиони Россия, як қисмати ноҳияҳои сарҳадӣ ба шабакаҳои телевизиони Ӯзбекистон ва Қирғизистону Афғонистон  завқи бештар зоҳир мекунанд.
Радио  ва телевизион бояд воситаҳои асосии ташвиқгари сиёсати давлату ҳукумат бошанд. Мақсад аз сарфи маблағҳои зиёд барои фаъолияти шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ ҳифз ва таъмини фазои ягонаи иттилоотии кишвар, таблиғи сиёсати  иқтисодӣ, иҷтимоии давлат, ҳифзи  арзишҳо ва музаффариятҳои миллӣ, таъмини суботи ҷомеа мебошад.
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2019    №: 158    Мутолиа карданд: 1739
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед