logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

Субҳи 20 - уми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, нахуст ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ташриф оварданд.  Дар маркази ноҳия – шаҳраки Меҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони меҳнатқарини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо самимият ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.
Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ соли 1996 таъсис ёфта, яке аз ноҳияҳои зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад. Ин ноҳия дар давоми беш аз 20 сол бо азму талошҳои бунёдкорона ва таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як деҳа ба ноҳияи муосиру пешрафта табдил дода шудааст, ки имрӯз дар аксар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, пешравиҳои зиёд дорад.
Давоми солҳои охир картошкапарварони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар баробари таъмини эҳтиёҷоти ноҳия, ҳамчунин, дар таъмини мамлакат бо картошкаи аълосифати маҳаллӣ нақши арзанда мегузоранд ва пайваста барои афзун намудани нишондиҳандаҳои ҷамъоварии картошка талош менамоянд.

Ифтитоҳи беморхонаи марказӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ– шаҳраки навбунёди Меҳрон бинои беморхонаи марказии ноҳияро ифтитоҳ намуданд.
Беморхонаи марказӣ дуошёна буда, дар муддати кӯтоҳ барои 60 кати хоб сохта шудааст. Фармоишгари асосии иншоот идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буда, корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон» анҷом додаанд.
Барои табобат ва муолиҷаи беморон дар беморхонаи марказӣ шуъбаҳои ҷарроҳӣ, кӯдакона, амрози дарунӣ ва таваллудхона мавҷуд аст. Ҳамаи шуъбаҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ муҷаҳҳаз буда, дар он табибон бо истифода аз технологияи муосир ба мардум хизмат мерасонанд.
Бояд таъкид намуд, ки то имрӯз беморхонаи марказии ноҳия ба талабот ҷавобгӯ набуд ва сокинон аз сабаби набудани шароит барои ташхису табобат ба маркази вилоят, ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Душанбе мерафтанд, ки ин харҷи зиёдро талаб мекард. Акнун, баъди бунёди бинои нави беморхонаи марказӣ, ки он дорои шароити хуби ташхису табобат мебошад, мушкилоти чандсолаи сокинон бартараф гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва ҳангоми суҳбат табибонро барои хизмати софдилона ба аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва муносибати хуб бо корафтодагон ҳидоят намуданд.
Сохта ба истифода додани бинои нави беморхонаи марказии ноҳия туҳфаи арзандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Ҷашни 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони ин ноҳияи дурдасти мамлакат ба ҳисоб меравад. Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ имкон фароҳам овард, ки 40 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шавад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Меҳрон сохтмони як қатор иншооти нави маъмурию хизматрасонии дигар идома дорад.

Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳраки Меҳрон
20-уми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрон, ҳамчунин, бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба истифода доданд.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ моҳи июли соли 2018 оғоз гардида, дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуд.
Иншоот дуошёна буда, бо тарҳи муосир ва намои зебо сохта шудааст. Фармоишгари корҳои сохтмонӣ Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паймонкор Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гулгун» - и шаҳри Панҷакент мебошанд. Дар рафти сохтмон зиёда аз 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гардид. Таъкид кардан ба маврид аст, ки то ин вақт кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳия дар бинои куҳнаву фарсуда ва дар шароити номутобиқи корӣ фаъолият доштанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нав, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 16 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ барои 100 ҷойи нишаст дошта, дар маҷмӯъ, дорои шароити хуби корӣ мебошад ва ба системаи ягонаи гармидиҳӣ, ки бо ангишт фаъолият мекунад, пайваст шудааст. Ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсии нав ва технологияи компютерӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Дар дохили бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ утоқи шиносномадиҳӣ, шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ, бойгонӣ ва ғайра ҷойгир шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат кормандони онро барои хизмати содиқона ба Ватан ҳидоят намуда, ҷиҳати коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бинои нави филиали “Амонатбонк”
20-уми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави филиали рақами 41 - и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” - ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои филиал дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, беҳтарин шароит барои пешбурди корҳои бонкдориро доро мебошад.
Он аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, 7 ҳуҷраи корӣ дорад ва ҳамаи онҳо бо мизу курсии нав ва технологияи муосир таъмин шудааст.
Фармоишгари корҳои сохтмонӣ Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” буда, паймонкори асосӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ситоиш” ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Созанда - 2012” мебошанд.
Хотиррасон бояд шуд, ки барои анҷоми амалиётҳои бонкӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мушкилоти зиёд мавҷуд буд ва бо ифтитоҳи филиали ин бонки давлатӣ мушкилоти мизоҷони бонкҳо то андозае бартараф карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоят ва ноҳия барои беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ дар ноҳия ва ҷалби мутахасисони варзидаи соҳаи бонкдорӣ ба кор дастуру супоришҳои мушаххас доданд ва аз кормандони соҳа талаб намуданд, ки ҳамеша бо мизоҷон муомилаю муоширати хуб дошта бошанд.
Дар филиал аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ 12 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шуд.

Ифтитоҳи бинои суд
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави суди ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои суд бо назардошти беҳтар сохтани шароити корӣ барои кормандон сохта шудааст. Масоҳати он 1200 метри мураббаъ буда, аз 2 ошёна ва 28 утоқи корӣ иборат мебошад. Бинои мақомоти суд бо тарҳи муосир ва сифати баланд бунёд ёфта, дар он барои кормандон тамоми шароити корӣ фароҳам мебошад.
Сохтмони иншоот моҳи майи соли 2018 оғоз гардида, дар давоми беш аз як сол бо сатҳу сифати баланд ба истифода дода шудааст. Дар рафти сохтмон аз 30 то 60 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Фармоишгари бинои мақомоти суд Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, паймонкор Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пастиғав” - и ноҳия ва лоиҳакаш Пажӯҳишгоҳи илмии САНИИОСП мебошанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандони мақомоти судро барои фаъолияти поквиҷдонона ва ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, дар асоси нақшаи генералӣ, дар маркази ноҳия - шаҳраки Меҳрон барои беҳтар намудани шароити кору зиндагии аҳолӣ биноҳои наву замонавӣ ба истифода дода шуда, ба шаҳраки ободу зебо ва замонавӣ табдил ёфтааст.

Бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мавриди истифода қарор гирифт
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ҳамзамон, бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки  бинои нави шуъбаи  Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ  ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фармоиши Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, паймонкори асосии иншоот  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  “Шаҳриёр - 93” мебошад.
Сохтмони иншоот соли 2018 оғоз гардида, дар  муддати кӯтоҳ бо сифати баланд ва тарҳи  муосир бунёд шудааст ва  дар  корҳои сохтмонӣ  30 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин буд.
Бинои навбунёд аз 3 ошёна иборат аст. Ҳамчунин, барои таъмини кормандони ниҳод бо манзил дар бино хобгоҳ бунёд гашт. Саҳни бино чароғон ва  роҳравҳои  гирду атрофи  он  сафолакпӯш шудаанд. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  шиносоӣ аз ҳуҷраҳои корӣ ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд  дода, кормандонашро барои  хизмати софдилона ба нафъи давлату  миллат  ҳидоят намуданд.
Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки баъди ба истифода додани бинои нави Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барои кормандон  шароити мусоиди корӣ  ва истиқомат фароҳам оварда шудааст.

Тантана дар майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
20 август дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои тантанавӣ ба истифода доданд.
Майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия- шаҳраки Меҳрон бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки роҳбарону фаъолони ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Парчами давлатӣ бо баландии 36 метр дар арафаи таҷлили сазовори 28 - умин cолгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст. Паҳноии Парчам 5 ва дарозиаш 10 метрро ташкил намуда, атрофи он дар масоҳати 3 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ дар паҳлуи Парчам пояи Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд. Баландии он 18 метрро ташкил медиҳад.
Корҳои сохтмонӣ дар майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Деспе Газ” бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шуд.
Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ масоҳати 6 ҳазор метри мураббаъро дар бар гирифта, атрофи онро беш аз 200 арча, гулҳои гуногун ва сабзазор зеб медиҳад.
Дар майдон, бо дарназардошти сайругашти сокинону меҳмонон, 20 нишастгоҳ ва чароғҳои равшанидиҳанда насб шудаанд.
Мавриди истифода қарор гирифтани майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ноҳияи дурдасти мамлакат боиси рӯҳбаландӣ ва ифтихору садоқати сокинон ба Ватан - Модар гардидааст ва акнун, онҳо метавонанд дар майдони назди он чорабиниҳои гуногуни фарҳангиро баргузор намоянд.

Ба истифода супурдани бинои хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулода
20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои тозабунёди дуошёнаи қисми мустақили хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба истифода доданд.
Бинои оташнишонии ноҳия дар кӯтоҳтарин фурсат бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст. Баробари бунёди иншоот барои фаъолияти дурусти кормандони ин сохтор шароити зарурӣ муҳайё гардид.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмони маълумот дода шуд, ки хадамоти мазкур дорои парки автомобилӣ, 2 нақлиёти оташнишонӣ, 10 ҳуҷраи корӣ - утоқҳои дарсӣ, таҷҳизоти зиддиоташнишонӣ ва либосҳои корӣ, ҳуҷраи маишӣ ва бойгонӣ мебошад, ки барои фаъолияти фаврӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин, дар ошёнаи якум ду утоқи кории махсус барои ситоди ҳолатҳои фавқулода ҷойгир шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони ин сохтор 1 адад воситаи нақлиёт тақдим намуданд, ки бо тамоми таҷҳизоти лозима муҷаҳҳаз мебошад.
Баҳри зебову назаррабо гардидани атрофи бино, дар масоҳати зиёда аз 20 садяк замин, беш аз 3500 дона гули ҳархела ва 40 дарахти ҳамешасабз шинонда шудаанд. Ҳамзамон, ба хотири рафтуомади бе мамониат, 200 метр роҳ мумфарш гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воситаҳои асосии оташхомӯшкунӣ, асбобҳо барои гузарондани корҳои наҷотдиҳӣ ҳангоми садама, либоси махсус барои хомӯш намудани сӯхторҳои ҳарораташон баланд ва дигар намуди таҷҳизоти муосирро, ки ба маъраз гузошта шуда буд, тамошо карданд.
Кормандони шуъбаи хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои таъмини шароити муосири фаъолият ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.

Муаррифии кони ангишти Ғузни Ҷамъияти масъулияти маҳдуди “Қудрат 2010”
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар муаррифии кони ангишти Ғузни Ҷамъияти масъулияти маҳдуди  “Қудрат 2010”  иштирок карданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхона соли 2017 таъсис ёфтааст. Айни ҳол дар он 35 нафар сокини маҳаллӣ дар рафти истихроҷи ангишт ба кор ҷалб шуда, бо маоши хуб таъмин гардидаанд.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин аввалин маротиба аст, ки дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ангишт истеҳсол карда мешавад.
Тибқи маълумот, иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол то 10 ҳазор тонна ангишт мебошад. Роҳбарияти корхона ният дорад, ки бо ворид намудани технологияҳои муосир иқтидори истеҳсолии онро ба 100 ҳазор тонна расонда, 120 нафарро бо ҷойи кор таъмин кунад.
Тибқи маълумоти тадқиқоти геологии гузарондашуда, захираи ангишт дар кони Ғузн 27 миллион тонна мебошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2019    №: 159    Мутолиа карданд: 315

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед