logo

суханрониҳо

Cуханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, 21 августи соли 2019

Ҳамдиёрони азиз!
Мулоқоти имрӯзаи мо бо шумо - роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳияи хушманзараи Деваштич дар айёми омодагӣ ба Ҷашни бузурги миллӣ - бистуҳаштумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат мегирад.
Ба ин муносибат тамоми сокинони ноҳия ва ҳамаи шумо, ҳозирони гиромиро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо ва хурду бузурги ин гӯшаи зебои кишвари маҳбубамон саломативу сарбаландӣ ва рӯзгори хушу осуда орзу менамоям.
Бисту ҳашт сол аст, ки мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони ноҳияи Деваштич, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи комил барои амалисозии ҳадафҳои миллӣ ва таъмин намудани рушди босуботи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии сарзамини аҷдодиамон аҳлона заҳмат мекашанд. Мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки ноҳияи Деваштич ҳамчун яке аз мавзеъҳои дурдасти мамлакат имрӯз дар натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ ва азму талоши ватандӯстонаи сокинони он дар самтҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ба пешравиҳои назаррас ноил шуда истодааст.
Соли 2016 ба ноҳия номи яке аз қаҳрамонони халқи тоҷик - Деваштич гузошта шуд. Мо ин гуна қарорҳоро ба хотири гиромидошти рӯҳи шикастнопазири Спитамену Деваштич, Исмоили Сомонӣ, Темурмалику Восеъ ва садҳо нафар родмардони халқамон ва бо нияти идома бахшидан ба фидокориву корномаҳои онҳо аз ҷониби насли даврони истиқлолият қабул кардем. Яъне, насли имрӯзу фардо бояд аз муборизаву ҷоннисориҳои қаҳрамонони миллиамон ифтихор намоянд ва аз онҳо сабақи бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ омӯзанд.
Дӯстони азиз!
Тайи солҳои истиқлолият шумораи аҳолии ноҳия қариб ду баробар афзоиш ёфта, ба 170 ҳазор нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда гувоҳи возеҳи мунтазам беҳтар шудани шароит ва сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Дар давоми соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Деваштич беш аз 420 миллион сомонӣ равона шудааст, ки 245 миллион сомонии он танҳо ба се соли охир рост меояд.
Имрӯз мо бо натиҷаҳои заҳмати созандаи сокинони ноҳия, яъне як силсила иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ шинос шуда, таассуроти нек бардоштем.
Чунонки медонед, имрӯз тамоми қаламрави Ватанамон ба саҳнаи бузурги созандагӣ табдил ёфта, соҳибкорону тоҷирон ва мардуми бонангу номуси кишвар ба хотири ободу зебо гардондани зодгоҳи худ ва кишвари азизамон саъю талош карда истодаанд. Вусъати корҳои созандагӣ ҳамаи моро умедвор месозад, ки дар солҳои наздиктарин Тоҷикистони азизи мо боз ҳам ободу зеботар мегардад.
Дар ноҳияи Деваштич бо мақсади истиқболи шоистаи Ҷашни бузурги 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду азнавсозии 309 иншоот ба маблағи умумии беш аз 316 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз сохтмони 95 иншоот ба анҷом расонда шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Деваштич вазифадоранд, ки суръати корҳои ободониву бунёдкориро назорат карда, дар ин раванд, ба сифати масолеҳи сохтмон, риояи ҳатмии меъёрҳои қабулшудаи бинокорӣ ва санъати меъмории иншооту биноҳои бунёдшаванда диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Дар ҷараёни сафари имрӯза мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани қитъаи 17 - километраи роҳи мошингард аз шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ то маркази ноҳия, муассисаи томактабӣ барои 200 нафар ва маркази саломатӣ дар деҳоти Яхтан, ифтитоҳи муҷассамаи Деваштич ва боғи Парчами давлатӣ, биноҳои нави нозироти андоз, маркази адлия ва хонаи ақди никоҳ ва баъд аз таҷдиду навсозӣ ба фаъолият оғоз кардани шабакаи таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ шаҳодати дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат аз ҷониби сокинони ноҳия, хусусан соҳибкорони саховатпеша ва шахсони ҳимматбаланд мебошад.
Тибқи маълумот Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Деваштич барои солҳои 2016 – 2020, ки дар доираи он бунёди беш аз 200 иншооту биноҳои нав пешбинӣ гардидааст, то имрӯз 48 фоиз иҷро шудааст. Дар доираи он яке аз лоиҳаҳои барои соҳаи кишоварзии ноҳия муҳим - сохтмони шабакаи обрасонии «Даҳкатсой - Даҳанасой» бо харҷи 64 миллион сомонӣ бояд амалӣ карда мешуд, вале он то имрӯз ҳамагӣ ба маблағи 10 миллион сомонӣ иҷро гардидааст, ки беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд.
Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати вусъати корҳо дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд. Татбиқи лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, ки қариб 12 000 гектар замини ноҳия бо оби полизӣ таъмин гардида, беш аз 50 ҳазор нафар сокин ба оби босифати ошомиданӣ дастрасӣ пайдо намояд ва ҳазорҳо ҷойҳои кории нав таъсис дода шаванд.
Ҳоло дар ноҳия қариб 4000 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуда, ба онҳо аз ҷониби бонкҳо 18 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, истихроҷу коркарди маъдан, маҳсулоти кишоварзӣ ва бо ҳамин роҳ афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва молу маҳсулоти содиротӣ иқдомоти зарурӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.
Дар ин самт, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Деваштич барои бунёди корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори 100 ҳазор тонна дар як сол ва таъсиси 200 ҷойи нави корӣ қитъаи замин ҷудо гардидааст, ки сохтмони он соли ҷорӣ оғоз мегардад. Итминон дорам, ки бунёд ва ба кор шурӯъ намудани корхонаи мазкур боиси афзоиш ёфтани қисми даромади буҷети ноҳия ва дар ин замина беҳтар шудани некуаҳволии сокинон мегардад.
Ноҳияи Деваштич дар кишвар яке аз пойгоҳҳои асосии истеҳсоли тухми картошка ба ҳисоб меравад. Боиси қаноатмандист, ки дар ду соли охир майдони кишти картошка қариб 700 гектар ва ҳаҷми истеҳсоли он 14 ҳазор тонна зиёд шудааст. Соли 2018 дар ноҳия 114 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст ва кишоварзон ният доранд, ки соли ҷорӣ ин нишондиҳандаро ба 120 ҳазор тонна расонанд.
Тибқи маълумот дар чор соли охир, яъне тайи солҳои 2015 - 2018 майдони кишти картошка дар ноҳия 1000 гектар ва истеҳсоли он 20 ҳазор тонна зиёд шудааст. Вале, чунонки аз таҳлилҳо бармеояд, ҳосилнокии картошка дар ин давра сол ба сол тамоюли камшавӣ дошта, дар давраи зикршуда аз ҳар гектар 16 сентнер коҳиш ёфтааст.
Имсол кишоварзони ноҳия дар майдони 4 ҳазору 430 гектар картошка кишт карда, мувофиқи ҳисоби пешакӣ мақсад доранд, ки аз ҳар гектар 270 - сентнерӣ ҳосил рӯёнанд.
Бо дарназардошти имкониятҳои ниҳоят васеи ноҳия, Ҳукумати мамлакат, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, дигар сохтору мақомоти дахлдор, роҳбарони вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки доир ба азхудкунӣ ва обёрии заминҳои нав чораҳои қатъӣ андешида, истеҳсоли картошкаро дар ноҳияи Деваштич то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 200 ҳазор тонна ва дар панҷ соли оянда, яъне то соли 2024, ба 300 ҳазор тонна расонанд. Дар сурати амалӣ шудани чунин иқдом ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад ва шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ низ хеле коҳиш меёбад.
Ман ба азму иродаи заҳматкашони ноҳия дар бобати боз ҳам афзоиш додани истеҳсоли картошка эътимод дорам, зеро ин навъи маҳсулот барои инсон баъди нон ғизои дуюм ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, фаровонии бозори дохилӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархи он низ аз самараи заҳмати кишоварзон вобаста мебошад.
Дар се соли охир, яъне солҳои 2017 -2019, дар ноҳия дар майдони 261 гектар боғу токзори нав бунёд гардида, 100 гектар боғу токзори куҳна барқарор карда шудааст, ки ин нишондиҳанда вобаста ба имкониятҳои ноҳия ҳоло ҳам нокифоя мебошад.
Ҳарчанд ҳангоми суханрониҳоям дар шаҳру ноҳияҳои кишвар истифодаи оқилонаву самараноки заминҳои киштро таъкид менамоям, вале ин масъала дар ноҳияи Деваштич ҳанӯз ташвишовар мебошад. Масалан, дар ноҳия соли 2018 аз 40 ҳазору 500 гектар замини кишт дар майдони 30 ҳазору 500 гектар кишти зироатҳои ғалладона гузаронда шудааст, ки дар маҷмӯъ, 75 фоизи замини кишти ноҳияро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар соли 2014 низ 74 фоизро ташкил медод. Вале ҳосилнокии аз ҳама баланд дар панҷ соли охир танҳо дар соли 2017 аз ҳар гектар ҳамагӣ 13 сентнер ба даст оварда шудааст.
Вобаста ба ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар самти истифодаи оқилонаву самараноки замин, зиёд намудани майдони боғу токзор, кишти картошка, истифодаи дарахтони мевадиҳандаи ба иқлим мутобиқ, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ, тухмии босифати картошкаву зироатҳои ғалладонагӣ, зиёд намудани ҳосилнокӣ ва таъминот бо оби полизӣ, тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. Зеро дар ноҳия захираҳои истифоданашуда дар ин самт ҳанӯз зиёданд. Дар ин масъала, зарур аст, ки, пеш аз ҳама, вазъи мелиоративии заминҳо ва обёрии онҳо мунтазам беҳтар карда шавад.
Табиат ва имкониятҳои ноҳияи Деваштич барои парвариши чорво хеле мусоид аст. Масалан, аз соли 2014 то соли 2019 афзоиш ёфтани саршумори чорвои калон ба 15 ҳазор сар ва моли майда қариб ба 19 ҳазор сар гувоҳи гуфтаҳои боло мебошад. Бинобар ин, дар ин ҷода масъулон бояд барои ташкили хоҷагиҳои чорводорӣ ва зиёд намудани саршумори чорвои хушзот чораҷӯӣ намоянд.
Кам будани техникаи кишоварзӣ ва сатҳи пасти дастрасии хоҷагидорон ба қарзҳои бонкӣ мушкилоти дигаре мебошанд, ки аз роҳбарони ноҳия, бонкҳо ва Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикагролизинг” амалӣ намудани иқдомоти заруриро талаб мекунанд.
Ҳозирони гиромӣ!
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Деваштич аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 32 бинои нави таълимӣ барои 12 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Алҳол дар қаламрави ноҳия сохтмони бинои нави таълимӣ бо 640 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии рақами 5, 37 синфхонаи иловагӣ барои 950 нафар хонанда, муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 8 барои 240 нафар ва бинои алоҳида дар назди муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 1 бомаром идома дорад.
Таъмини солимии ҷомеа аз масъалаҳои муҳим маҳсуб мегардад. Дар ин замина, соли 2018 дар ноҳия бинои 5 маркази саломатӣ бунёд ва ба истифода супурда шуда, се маркази дигар дар арафаи баистифодадиҳӣ қарор дорад.
Қобили зикр аст, ки сокинони ноҳияи Деваштич дар масъалаи ба тариқи ҳашар бунёд намудани иншооти таъйиноти гуногун пешсаф ва намуна мебошанд. Тибқи маълумот, беш аз 74 километр роҳи ҳудуди ноҳия аз ҷониби аҳолӣ ва бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ таҷдиду азнавсозӣ гардида, ҳоло дар назди 11 муассисаи таълимӣ барои 1274 хонанда биноҳои иловагии таълимӣ бунёд шуда истодаанд.
Имрӯзҳо аз ҷониби сокинони саховатпешаи деҳаи Далёни Поён сохтмони бинои беморхона ба маблағи 6 миллион сомонӣ, бинои таваллудхона дар деҳаи дурдасти Росровут ва даҳҳо иншооти дигар дар деҳаҳои гуногун босуръат ҷараён дорад.
Дӯстони азиз!
Тавре ки аз таҳлилҳо бармеояд, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, бешубҳа, барои ғанӣ гардидани буҷети оилаҳо, беҳтар шудани вазъи моддии хонаводаҳо ва таълиму тарбияи насли наврас таъсири мусбат гузошта истодааст. Вале, ҳамзамон бо ин, мушоҳида мегардад, ки то ҳол муқаррароти қонунҳои зикршуда на дар ҳама ҷой пурра риоя карда мешаванд. Дар ин масъала, пеш аз ҳама, бояд худи масъулони назорати иҷрои қонунҳои миллӣ намунаи ибрат бошанд, муқаррароти қонунҳоро амиқ донанд ва худашон ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд.
Ҳар як масъули соҳа, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сар карда, то раиси маҳалла бояд кӯшиш намояд, ки барои амалисозии қонунҳои зикршуда саҳм гузорад, баҳри аз байн бурдани хурофотпарастӣ ва унсурҳои ба фарҳанги мо бегона корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшад. Танҳо дар ҳолати дарки ҳамаҷонибаи ин қонунҳо мо метавонем ба татбиқи пурра ва ҳатмии муқаррароти онҳо муваффақ шавем.
Масъалаи дигаре, ки хусусан, солҳои охир ҷомеаро ба ташвишу нигаронӣ овардааст, зиёд шудани зуҳуроти бисёр нангини худкушӣ мебошад. Мутаассифона, чунин амали нангин дар ноҳияи Деваштич низ зуд-зуд ба амал меояд.
Албатта, сабабу омилҳои ба чунин ҷиноят даст задани шаҳрвандон гуногун мебошанд ва ман дар ин хусус ба роҳбарони сохтору мақомоти масъул супориши дахлдор додам.
Ба андешаи ман, яке аз сабабҳои ин зуҳурот дар сатҳи паст қарор доштани дониш ва ҷаҳонбинии аҳолӣ мебошад. Вале қисми зиёди чунин ҳолатҳо дар заминаи набудани фазои созгор дар оила ба вуқӯъ меояд.
Бинобар ин, зарур аст, ки масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дар навбати аввал, масъулони кор бо занон, оила ва ҷавонон, ходимони дин, шахсони рӯзгордида, падару модарон, омӯзгорону устодон ва хусусан, раисони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо ба ин масъала муносибати ҷиддӣ кунанд ва миёни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшида, манфиати илмомӯзиву азхудкунии касбу ҳунарҳои замонавиро ҳарчи бештар талқин намоянд.
Масъулон бояд ба мардум фаҳмонанд, ки дар асри XXI, яъне дар замони пешрафти илму техника, бо ҷаҳонбинии даврони куҳан кору зиндагӣ кардан ғайриимкон аст ва мо ҳар қадаре ки пойбанди хурофот ва урфу одатҳои зараровар гардем, ҳамон қадар дар оила фазои ноором ва рух додани амалҳои нангин, аз ҷумла худкушӣ, афзоиш меёбад.
Дар робита ба ин, мехоҳам як масъаларо вобаста ба тарбияи наврасону ҷавонон таъкид намоям. Ҳамасола хатмкунандагони макотиби олӣ бо ихтисосҳои гуногун ба зодгоҳи худ бармегарданд ва мо - калонсолон фикр мекунем, ки акнун бояд онҳо роҳи зиндагиашонро худашон ёбанд ва нисбат ба онҳо беэътибор мешавем, ки чунин муносибат аз ҷониби мо амали ғалат мебошад. Зеро, барои он ки кадри ҷавон то ба сатҳи корманди мустақил сабзида расад, на кам аз панҷ соли дигар бояд таҳти сарпарастии кормандони таҷрибадор қарор дошта бошад. Ба ҷои ин, мо дар фаъолияти ҷавонон камбудӣ меҷӯем, аз ислоҳи хатову иштибоҳашон худро канор мегирем, ки дар натиҷа онҳо дилсард гардида, тарки касбу кор менамоянд.
Бинобар ин, кормандони калонсол бояд рисолати худро дар назди насли ояндасози кишвар иҷро намоянд, зеро сарнавишти давлату давлатдории мо минбаъд ба уҳдаи онҳо вогузор мегардад. Умуман, вазифаи роҳбарону фаъолони ноҳия, раисони ҷамоату маҳаллаҳо, хизматчиёни давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли зиё ва шахсони обруманду ботаҷриба аз он иборат аст, ки минбаъд низ мардум ва, хусусан, наврасону ҷавононро ба ҳисси баланди миллӣ, ифтихор аз давлату миллат, таҳкими сулҳу субот, риояи қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, корҳои созандаву ободгарона ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят намуда, ба иҷрои амалҳои неки инсонӣ, аз ҷумла дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва тарбияи дурусти фарзандон, роҳнамоӣ кунанд.
Ҳар яки мо бояд бо дарназардошти вазъи ноором ва ниҳоят мураккаби ҷаҳони муосир мавқеи устувори шаҳрвандӣ дошта бошем, ба шукронаи соҳибдавлативу соҳибватанӣ манфиатҳои милливу давлатиамонро ҳамеша ҳимоя кунем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳкиму тақвият бахшем.
Сол ба сол беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум ва болоравии масъулияти ватандориву ватансозии сокинон бори дигар эътимоди моро қавӣ месозад, ки танҳо бо ваҳдату ҳамбастагӣ ва заҳмати созандаву содиқона ба рӯзҳои аз ин ҳам нек хоҳем расид.
Дар ин раванд, зарур аст, ки ба масъалаи сохтмони иншооти ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пешбинигардида, хусусан дар самти бунёди иншооти иҷтимоӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои тиҷорату хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, муносибати ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Бовар дорам, ки сокинони сарбаланди ноҳияи Деваштич тавассути меҳнати аҳлонаву содиқона дар ҷодаи иҷрои нақшаву ҳадафҳои неку созанда, ободу зебо намудани ноҳияи хушманзараи худ ва истиқболи шоистаи Ҷашни бузурги 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ минбаъд низ саҳми босазо мегузоранд.
Ҳамаи шумо, ҳозирони гиромӣ ва сокинони заҳматқарини ноҳияи Деваштичро бори дигар ба ифтихори Ҷашни мубораки Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, барои истиқболи самимии Роҳбари давлат миннатдорӣ изҳор мекунам. Ҳамчунин, хурду бузурги мардуми ноҳияро ба муносибати 90 - солагии таъсисёбии ноҳияи Деваштич табрик мегӯям ва бароятон барори кор ва саодати зиндагӣ орзу менамоям.
Саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2019    №: 160 - 161    Мутолиа карданд: 184

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед