logo

фарҳанг

"МАРДИ РОҲ" - И НОСИР САИД ҒОЛИБИ ФЕСТИВАЛИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ФИЛМҲОИ МУСТАНАД

Чанде пеш дар «Кохи Суруш» - и пойтахт маросими ботантанаи ҷамъбасти Фестивали телевизионии филмҳои мустанади «Симо», ки ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шудааст, баргузор гардид. Дар он ҳунармандони маъруфи кишвар, шахсиятҳои муътабари соҳаҳои илму фарҳанг ва телевизиону синамо, коршиносони соҳа ширкат доштанд.
Аксари онҳо баргузории чунин ҷашнвораву озмунҳоро аз шарофати сулҳу суботи кишвар медонанд. Аз ҷумла, Носир Раҳмон, директори Киностудияи «Тоҷикфилм»,  мақсад аз баргузории фестивалро агар аз як ҷиҳат, ба рушди деҳот ва сайёҳӣ аҳамияти ҷиддӣ додан ва арҷгузорӣ ба ҳунарҳои мардумӣ дониста бошад, аз ҷониби дигар зикр намуд, ки «Он дар татбиқи амалии тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди соҳа саҳм гузоштан аст». Киношинос Тиллои Некқадам изҳори умедворӣ намуд, ки фестивал дар рафти амалӣ намудани Барномаи давлатии рушди кино барои солҳои 2018 – 2022 низ мусоидат хоҳад кард. Набӣ Набизода, директори Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо», дарёфти истеъдодҳои нав ва мусоидат намудан ба рушди минбаъдаи синаморо аз мақсадҳои дигари фестивал арзёбӣ намуд.
Ҷашнвораи мазкур бори дувум аст, ки  бо ташаббуси Телевизиони «Синамо» гузаронда мешавад. Дар рафти он 48 филми ҳуҷҷатӣ манзури ҳайати ҳакамон гардонда шуд. Ҳакамон аз ин миқдор 22 филм ва барномаҳои телевизионии ба он монандро барои ширкат дар фестивал – озмун пешбарӣ намуданд. Дар асоси қарори қабулнамудаи ҳайати ҳакамон 14 нафар барои офаридани филмҳои баландмазмун ва саҳми арзанда дар рушди кинематографияи тоҷик бо ҷоизаҳои таъсисдодаи Телевизиони «Синамо» қадр шуданд.
Ёдовар мешавем, ки имсол ба ҳайати ҳакамони ҷашнвора беҳтарин коршиносони соҳа ҷалб гардида буданд. Коргардони шинохта Носир Раҳмон  аъзои ҳакамонро роҳбарӣ намуда, ба аъзои он  ректори  ДДФСТ Хайриддин Усмонзода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлат Убайдуллоев, адиб ва филмноманавис Абдурофеъ Рабизода, журналист ва киношинос Тиллои Некқадам шомил буданд. Онҳо аз рӯи номинатсияҳои беҳтарин филмнома, коргардон, наворбардор, танзим ва кори дизайнерӣ намунаҳои хосро ҷудо намуда, филми хуб дар бораи муҳити зистро муайян сохтанд. Ҳамчунин, барандагони ҷоизаҳои таваҷҷуҳи ҳайати ҳакамон ва тамошобинон, бозёфти ҷашнвора муайян шуданд.  
Дар номинатсияи беҳтарин филм бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Дилбар Наҷмиддин (Телевизиони “Тоҷикистон”) барои филми “Саёҳати Рашт” ва Шарафи  Кароматулло (Телевизиони “Ҷаҳоннамо”) барои  филми “Истаравшан”  ғолиб дониста шуданд. Дар номинатсияи таваҷҷуҳи  ҳакамон бошад, ҷоиза насиби Фурқати Низом (Телевизиони  “Сафина”) барои  филми “Омадани аввалин қатора” гашт. Ҳамин гуна ҷоизаро Зиёвуддин Сафаров (Телевизиони “Баҳористон”) барои филми “Сарчашма” соҳиб шуд. Номинатсияи  таваҷҷуҳи  тамошобинро бошад, Толиб Раҳматуллоев (Киностудияи “Тоҷикфилм”)  барои филми “Ҳадяи осмонӣ” соҳибӣ кард. Ҳамин гуна ҷоиза насиби Саидҷаъфар Сафарзода (Телевизиони  “Хатлон”) барои филми “Бадахшон” гашт.
Бозёфтҳои ҷашнвора Ҳошим Раҳимов (Телевизиони “Суғд”) бо филми “Кулол” ва Далери Эмомалӣ (Киностудияи “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов) бо филми “Умар - ако” – яш муайян гардиданд. Беҳтарин асар оид ба ҳифзи муҳити зист филми Рустами Ғойиб (Телевизиони “Синамо”)  “Кӯҳнавард” дониста шуд. Неъматулло Неъматов (Телевизиони “Синамо”)  барои филми “Достони асп” дар номинатсияи беҳтарин танзим ва кори дизайнерӣ муваффақ гашт.
Наворбардори беҳтарин Меҳрубон Маликов барои филми “Ганҷ” интихоб шуда бошад, Давлат Сафар барои “Достони асп” – аш филмноманависи баргузида гашт.
Беҳтарин кори коргардонӣ асари Худойдод Орифӣ (Телевизиони “Сафина”) “Исмоили Сомонӣ” муайян гашта бошад, мустанади Носир Саид “Марди роҳ” соҳиби ҷоизаи асосии ҷашнвора шуд. 
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2019    №: 160-161    Мутолиа карданд: 517

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед