logo

туризм

ХОВАЛИНГ. НАҚШИ ЯК МАРКАЗИ САЙЁҲӢ ДАР МУАРРИФИИ ТОҶИКИСТОН

Ховалинг дар яке аз мавзеъҳои зебо, хушбоду ҳаво ва қадимии Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Бошишгоҳҳои одамони асри санг дар деҳоти Кӯлдара, Хонақоҳи Севодара, сангтӯдаҳои деҳаи Сангтӯда, ёдгориҳои бостонии шаҳри Мунк, маъбади буддоии деҳаи Чепол, Қалъаи Бегим, шукӯҳи Чилчанори чандсадсола, Хона - музейи қаҳрамони тоҷик Восеъ дар Дараи Мухтор ҳам сайёҳони хориҷӣ ва ҳам сайёҳони дохилиро ҷалб месозанд. Ин аст, ки ҳамасола ба ин ноҳияи дурдасти мамлакат сайёҳони зиёд ташриф меоранд.
Мувофиқи иттилои шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, соли гузашта ба ноҳияи Ҳовалинг 24 363 сайёҳи дохилӣ ва 222 сайёҳи хориҷӣ омадаанд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ бошад, ба ноҳия 505 нафар сайёҳи хориҷӣ ташриф овард, ки аз зиёдшавии шумораи онҳо шаҳодат медиҳад.
Ховалинг дар замонҳои қадим яке аз марказҳои савдо ва фарҳангии Бухорои Шарқӣ буда, масири Шоҳроҳи Абрешим аз он мегузашт. Аз рӯйи пажӯҳишҳои олимон, аз ҷумла А. Ранов, Ховалинг қадимтарин музофоти Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ буда, таърихи якмиллионсолаи бошишгоҳҳои одамони асри сангро дар худ нигоҳ медорад ва барои илми ҷаҳонӣ чун сарчашмаи бостоншиносӣ хизмат мекунад. Асбобу олоти меҳнати асри санг, ки ҳангоми ковишҳои ҳафриётӣ аз Кӯлдара, Хонақоҳи Севодара ва дигар мавзеъҳои Ховалинг пайдо шудаанд, дар осорхонаи марказии ноҳия ва Осорхонаи кишваршиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфузанд. 
Ховалинг, ки дар ҳудуди шаҳри бостонии Мунк (асрҳои VI – IX милодӣ) доман паҳн кардааст, солҳост бо табиати зебо, чашмаҳои равон, таърихи қадима, мардумони меҳмоннавоз, диловарону паҳлавонони номӣ, адибони овозадор на танҳо дар қаламрави Тоҷикистон, балки берун аз он машҳур аст.
Бо эълон гаштани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар ноҳия касбу ҳунарҳои қадимаи мардумӣ, аз қабили заргарӣ, дутортарошӣ, табақтарошӣ, чармгарӣ, қамчинбофӣ, намадбофӣ, рафидадӯзӣ, нақшдӯзӣ, чакандӯзӣ, сабадбофӣ, зардӯзӣ, ҷуроббофӣ, оҳангарӣ, қолинбофӣ,  аз нав эҳё гашта, беш аз пеш густариш меёбанд. Ҳамин аст, ки сайёҳон маҳсули дастранҷи мардумиро, ки бо завқу салиқаи баланд омода гаштаанд, бо камоли майл мехаранд.
Дар Ховалинг, ки маркази сайёҳӣ ва яке аз гӯшаҳои бостонӣ, боғановат ва зебои табиати Тоҷикистон аст, баҳри ҷалби бештари ҷаҳонгардон меҳмонхона ва се ҳомстей (хонаҳои меҳмонқабулкунии маҳаллӣ) бо ороишоти миллӣ бунёд шуда, як қатор меҳмонхонаҳои муосир сохта шуда истодаанд, ки дар наздиктарин фурсат мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Дар асоси захираҳои фаровони сайёҳии ноҳия, ба Кӯлдара, оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ, Шугнов, Сангтӯда, маъбади буддоии Чепол ва дигар мавзеъҳои ҷолиб ҳафт хатсайри сайёҳӣ таъсис ёфта, се ширкати сайёҳӣ омодаи пешниҳоди хизмати сифатнок мебошанд.
Ба гуфтаи коршиносон, ба шарофати ҳамсарҳадӣ бо шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Балҷувон, Муъминобод ва Тавилдара, Ховалингро метавон чун маркази сайёҳии Хатлон ном бурд. Зеро дар наздикӣ ва гирду атрофи  он мавзеъҳои овозадори Чилдухтарон, Сари Хосор, оромгоҳҳои ҳакими машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ҳазрати Бурхи Валӣ ҷойгиранд, ки минтақаро барои сайёҳон боз ҳам ҷолиб мегардонанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки бо вуҷуди он ки Ховалинг бо таърихи боғановат, табиати рангину зебо, сокинони меҳмоннавозу ҳунарманд, посдории анъанаҳои қадимӣ диққати ҳазорҳо сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб намудааст, рушди сайёҳӣ дар ноҳия беҳбудиро тақозо менамояд ва барои ин маблағгузориҳои иловагӣ, ҷалби мутахассисони соҳибтахассусу ботаҷриба ва вақту кӯшиши бештар лозим меояд.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2019    №: 160-161    Мутолиа карданд: 791

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед