logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД
22 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод бо фаъолияти фермаи иноватсионии парвариши чорвои хурди бузҳои зоти аврупоӣ ва корхонаи коркарди ширу истеҳсоли панир шинос шуданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки фермаи парвариши чорвои хурд соли 2015 дар ҳудуди иншооти фермаи хусусигардидаи соҳибкори маҳаллӣ Назар Ғоибназаров дар ҳамкорӣ бо шаҳрванди Австралия Ҷеври Диллон таъсис ёфта, дар ибтидо 10 сар бузи ширдеҳ парвариш меёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин иқдоми соҳибкорону мутахассисонро дар ташкили чунин фермаи иноватсионӣ барои парвариши бузҳои зоти ширдеҳ муҳим арзёбӣ намуданд. Ин амал саҳмгузорӣ дар иҷрои “Барномаи маҷмӯъавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022”, барои афзун намудани саршумору маҳсулнокии чорво, таъмини бозори истеъмолӣ бо ғизои манфиатбахшу фоиданок мебошад.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шахсони алоҳида аз хориҷи кишвар бузҳои зотҳои ширдеҳи аврупоӣ, русӣ ва қамарӣ – покистонӣ ворид намуда, барои эҳтиёҷоти оила ва бозор шири буз истеҳсол менамоянд.
Ташкили фермаи махсуси иноватсионии бузпарварӣ нахустин дар минтақа аст. Соҳибкорон бо мақсади афзун намудани саршумор, ба шароиту иқлими минтақа мутобиқ намудану ба вуҷуд овардани гурӯҳи бузҳои сермаҳсули самти ширӣ ва ташкил намудани фермаи махсус аз давлатҳои Швейтсария ва Фаронса нутфаҳои (тухмии) такаҳои зоти алпинии бузҳои ширдеҳ ворид намудаанд.
Чорабиниҳои афзун намудани бузҳои сершир ва ба вуҷуд овардану такмили рамаи бузҳо дар ду марҳила гузаронда шудааст. Бо роҳи бордоркунии сунъӣ аввал аз зотҳои аврупоӣ нуфтаҳои такаҳои ҷойдорӣ истифода гардида, дар марҳилаи дуюм нуфтаҳои аз ҳисоби истифодаи такаҳои зоти алпинӣ ва қисман зоти бузи қамарии Покистон ин бузҳои ширдеҳ ба вуҷуд омадаанд. Ин тадбирҳо дар ҳамкорӣ бо гузарондани корҳои селексионии олимону мутахассисони филиали Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти гирифтани наслҳо, баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва равғаннокии шир, мутобиқ намудани бузҳои зоти ширдеҳ ба иқлими ноҳияи Зафаробод натиҷа доданд.
Дар давоми солҳои 2016 - 2019 саршумор ҳар сол аз 25 то 40 сар зиёд гардида, ҳоло ба 240 сар расонда шудааст. Аз ин миқдор 100 сар бузи ширдеҳ мебошад.
Ширҷӯшӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сар дар як шабонарӯз 2,5-3 литрро ташкил медиҳад. Дар натиҷа дар 1 шабонарӯз 200-220 литр, дар як моҳ 6-6,5 тонна шири буз истеҳсол карда мешавад.
Фермаи махсуси бузпарварӣ бо таҷҳизоти технологии пешрафтаи иноватсионӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Ин таҷҳизоти технологии обу ғизодиҳӣ, профилактикию тарбияи бадани чорво, тозакунии иншоот ва ширҷӯшӣ мебошанд, ки истеҳсоли давлатҳои Швейтсарияю Олмонанд.
Тавассути хати технологии обу ғизодиҳӣ тақсимоти хошоку консентрат ва об ба таври автоматӣ мувофиқи талаботи зооинженерӣ суръат мегирад. Истеҳсоли шири буз ва ҷурғоту маҳсулоти дигар аз шири буз бино ба хулосаҳои илмию тиббӣ ба организми одам манфиатбахшу шифобахшанд.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо фермаи иноватсионӣ, суҳбатҳо бо муассисони ферма ва мутахассисони соҳа таъкид доштанд, ки таъмину дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифату табиӣ омили асосии солимии ҷомеа мебошад. Ҳамчунин, таъкид ёфт, ки ҳарчи бештар ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти чорво, хусусан шири чорво ва аз он истеҳсол намудани маҳсулоти ширӣ аз имкониятҳои таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии табиии худӣ мебошад.
Муассисони фермаи иноватсионии бузпарварӣ дар ҳудуди ферма бо таъсиси коргоҳи коркарди шири буз истеҳсоли панирро аз шири буз дар асоси усулу анъанаҳои аврупоӣ ба роҳ мондаанд.
Иқдоми соҳибкорони ватанию хориҷӣ оид ба ташкили фермаи бузҳои зотҳои аврупоию маҳаллии ширдеҳ қобили пайравӣ ва паҳн кардани ин таҷриба дар дигар минтақаҳои кишвар мебошад.
 

22 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод дар вазъияти тантанавӣ Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд.
Баландии нишон 23 метрро ташкил медиҳад ва он дар як мавзеи хеле ободу зебои ноҳия сохта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадршиносӣ ба муқаддасоти миллӣ дар зери Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд.
Майдони Нишони давлатӣ акнун ба як макони тозаву озода ва маҳали зебои сайру тамошои сокинону меҳмонон мубаддал гардид. Дар атрофи пояи нишон аз тарафи сохтмончиён фаввораҳо, роҳравҳои тахту ҳамвор сохта шуда, дар ҳудуди боғ чароғҳои рангаи равшанидиҳанда, садҳо адад ниҳолҳои ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонда шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки гузоштани муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, бунёди Нишони давлатӣ ва партавафшон кардани Парчами давлатӣ дар маркази маъмурии шаҳру ноҳияҳои кишвар ба ҳукми анъана даромадааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2016 зимни як сафари корӣ дар ноҳияи Зафаробод Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва баҳри бедор кардани ҳисси баланди ватандорӣ дар замири мардум дар майдони марказии ноҳия муҷассамаи аввалин асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомониро ифтитоҳ карда, дар вазъияти тантанавӣ Парчами давлатиро партавафшон намуданд.
Сокинони ноҳияи Зафаробод барои истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногунро сохта мавриди истифода қарор медиҳанд.
Ифтитоҳи майдони Нишони давлатӣ низ аз тадбирҳои созанда дар ин самт мебошад, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи мардуми ноҳия амалӣ гардид.

Дар ин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод дар вазъияти тантанавӣ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айниро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Масоҳати умумии боғ бо майдони Нишони давлатӣ 7,5 гектарро ташкил медиҳад. Дар маркази боғ муҷассамаи сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ, ки аз тарафи ҳайкалтарош Рустам Маҷидов офарида шудааст, ҷойгир мебошад.
Боғ дорои ду даромадгоҳи асосӣ буда, дар ҳудуди он фаввораҳои гуногун, зиёда аз 80 адад чароғи ранга, 5 суҳбаткада, 400 адад дарахти ороишӣ, як шаршараи сунъӣ, амфитеатри таҷдидшуда бо 400 ҷойи нишаст, бинои маъмурӣ барои коргарони боғ, даҳҳо адад курсиҳо, дуконҳои фурӯши обҳои ташнашикан ва дигар иншооти зарурӣ мавҷуданд.
Атрофи боғи фарҳангию фароғатӣ дар масоҳати 700 метр бо панҷараҳои пурнақшу нигори муҳофизатӣ таъмин гардида, барои нақлиёти сокинон 4 таваққуфгоҳ сохта шудааст. Дар ин муассисаи фарҳангӣ 45 нафар бо кори доимӣ таъмин гаштааст.
Дар вақти сохтмон коргарон бо истифода аз нақшу нигори миллӣ сутунҳои дарвозаҳои боғ ва фаввораҳоро оро додаанд, ки хеле ҷаззобу назаррабо менамоянд. Дар ҳудуди боғ ҷӯйҳои оби равон, роҳравҳо бо сафолакҳои ранга, чароғҳои рангаи равшанидиҳандаю ороишӣ сохта шудаанд, ки аз ороишоти дигари боғ маҳсуб меёбанд.
Баъди бунёди чунин як маркази муосири истироҳатию фароғатӣ сокинони ноҳия метавонанд дилхоҳ чорабинии фарҳангии худро бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ доир намоянд.
Бунёди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ туҳфаи арзандаи Пешвои миллат ба сокинони ноҳияи Зафаробод дар арафаи таҷлили Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ гардид.

Дар ноҳияи Зафаробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун бо шумораи зиёди сокинону фаъолони ноҳия мулоқоти самимию созанда баргузор карданд.
Сарвари давлат ҳамаи иштирокчиён ва дар шахси онҳо кулли мардуми ноҳияро ба муносибати Ҷашни 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрику муборак намуда, ба хонадони онҳо саодати рӯзгорро орзу намуданд.
Таъкид гардид, ки даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди босуръати ноҳияи Зафаробод такони ҷиддӣ бахшид. Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории Буҷети давлатӣ барои рушди ноҳияи Зафаробод 262 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 23 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Дар Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Зафаробод барои солҳои 2016 – 2020 - ум 106 лоиҳа ба маблағи умумии 145 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, тайи сею ним соли охир 15 лоиҳа иҷро гардидааст ва ҳоло амалисозии 46 лоиҳаи дигар давом дорад. Айни ҳол дар ноҳия татбиқи 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дошта, то имрӯз дар доираи он 24 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.
Баъди таҳлилу баррасии вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод супориш доданд, ки бо истифодаи имкониятҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои созандагиро вусъат бахшида, баҳри бо дастовардҳои назаррас сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар  охир бори дигар Президенти мамлакат ҳамаи ҳозиронро бо иди дарпешистода - солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, ба онҳо рӯзгори обод орзу намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки сокинони заҳматқарини ноҳияи Зафаробод бо ҳисси баланди миллӣ ва дастгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаи  Ҳукумати  мамлакат  дар  пешрафти  ноҳия  ва ободии Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми боз ҳам бештар хоҳанд гузошт.
Баъди суханронии Сарвари давлат чанд тан аз сокинони ноҳия, намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, аз рушду пешрафти кишвар ва шукуфоии сарзамини аҷдодӣ бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, шукргузорӣ намуданд.


ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
22 август дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” боздид ба амал оварданд.
Дар ҳудуди боғ нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои меҳнаткашон шинос шуданд. Дар намоиш навъҳои беҳтарини меваҷот, сабзавот ва полизӣ, аз қабили себ, шафтолу, нок, анҷир, олу, пиёз, қаланфур, помидору бодиринг, каду ва тарбузу харбуза, ба маъраз гузошта шуданд, ки аксари онҳо маҳсулоти ҳамин боғанд.
Ёдовар мешавем, ки “Боғи миллии Ваҳдат” 20 марти соли 2008 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта буд ва имрӯз он ба як мавзеи дилфиреб ва макони ризқофарии марди деҳқон мубаддал гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарзандон ба чиниши себ ва олу дар ин боғ оғоз бахшиданд.
Майдони умумии боғи мазкур 631 гектарро ташкил медиҳад, ки дар он, аз ҷумла дар 364 гектар зардолу, 48 гектар шафтолу, 35 гектар себ, 5 гектар гелос, 12 гектар олу ва дар 10 гектар ангур, парвариш карда мешаванд.
Дар ин муассисаи давлатӣ бо ғунҷоиши то 300 тонна маҳсулот сардхона бунёд ёфтааст. Ин имкон медиҳад, ки ҳосили боғот талаф наёфта, маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ба харидорон пешниҳод гардад. Дар ин ҷо 80 нафар ба таври доимӣ ва 60 нафар ба таври мавсимӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” бо вазъи моҳипарварӣ, ки дар се кӯли масоҳаташ 0,35 гектар роҳандозӣ гардидааст, шинос шуданд. Дар ҳавзҳо барои парвариши моҳиҳои гуногун, рушди соҳаи моҳипарварӣ ва мусоидат кардан ба тозагии муҳити атроф 15 ҳазор моҳии навъи “пешонағафси сиёҳ ва ало”, “карп” ва “амури сафед” сар дода шудааст.
Дар қисми дигари боғ Сарвари давлат ба чиниши олу оғоз бахшиданд. Тавре мушоҳида гардид, шохаҳои дарахтони боғ аз меваи бисёр сар хам кардаанд, ки ин аз фаровонҳосилии боғоти мамлакат шаҳодат медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар бозорҳои ҷаҳонӣ талабот ба меваҳои хуштамъ, шаҳдбор ва хушкмеваҳои хушсифати Тоҷикистон зиёд аст. Айни ҳол аз Тоҷикистон ба кишварҳои аъзои ИДМ, Чин ва дигар давлатҳо меваю полизӣ ва сабзавоти тару тоза содирот мегарданд. Аз ин ҳисоб шаҳрвандони мамлакат даромади соф гирифта, рӯзгори хешро беҳтар месозанд. Бо дарки ин масъала дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат боғҳои куҳна барқарор ва боғоти интенсивии меваҳои содиротӣ зиёд мегарданд.
Баъди шиносоӣ бо вазъи боғоти Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои истифодаи самараноки имкониятҳои мусоид дастуру супоришҳои муфид доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2019    №: 162    Мутолиа карданд: 550

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед