logo

иҷтимоиёт

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ СИМОИ НАВ ГИРИФТ

Беморхонаи марказӣ ва шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати беҳтар намудани вазъи солимии аҳолӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолию мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли 2019 як қатор  тадбирҳои судмандро амалӣ намуданд.
Мирзо Абдураҳимов, сардори шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия (КАТС) зимни суҳбат иброз дошт, ки феълан дар тобеияти КАТС - и ноҳия 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 7 маркази саломатии деҳот ва 52 бунгоҳи тиббӣ мавҷуд буда, ба 171407 нафар хизмати босифати тиббӣ мерасонанд. КАТС фарогири 636 нафар корманди соҳаи тиб аст, ки дараҷанокии касбиашон 85 дарсадро ташкил медиҳад.
- Маркази саломатии ноҳия аз соли 1989 ба фаъолият оғоз намуда, айни ҳол дар як баст ба қабули 500 нафар бемор омода аст. Ин ҷо табобати ҳама намуди бемориҳо ба роҳ монда шудааст. Аз ҳуҷраи ҷарроҳӣ то шуъбаи ташхису УЗИ ва ташхиси рентгенӣ ҳама бо табибони соҳибтаҷриба дар хизмати мардум мебошанд. Қобили зикр аст, ки тайи ду соли охир сатҳи мубталои бемориҳои сироятӣ муътадил шуда, дар ин муддат ягон ҳодисаи гирифторӣ ба бемориҳои домана, малерия, гепатити А ва В, батулизм, бруселлёз, таби хунин ва фалаҷи канора ба қайд гирифта нашудааст. Сатҳи мубталои бемориҳои сил, шадиди меъдаву рӯда ва роҳи нафас дар шашмоҳаи солҳои 2018 - 2019 мутаносибан 11- 14, 56 - 74 ва 8 - 17 ҳолатро ташкил медиҳанд, - гуфт М. Абдураҳимов.
Ҳамчунин, номбурда афзуд, ки дар ноҳия маркази тибби оилавӣ амал мекунад, ки 8 нафар табибони соҳибтаҷриба ва 21 ҳамшира ба мардум хизмат мекунанд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани базаи моддӣ - техникӣ, таъмини муассисаҳои тиббии ноҳия бо мутахассисон, баланд бардоштани савияи дониши кормандон, гузарондани корҳои профилактикӣ  фаъолияти босубот роҳандозӣ гаштааст. Зеро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ин беҳтар гардондани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ мебошад.
Қурбон АҲМАДЗОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2019    №: 162    Мутолиа карданд: 1142
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед