logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

ИДОМАИ САФАРИ КОРӢ

Оғози таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум»
23 август сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон идома ёфт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон нахуст ба татбиқи лоиҳаи "Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” оғози расмӣ бахшида, бо рафти навсозии 6 агрегати ин иншооти гидроэнергетикӣ аз наздик шинос шуданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки таҷдиди асосии Неругоҳи барқи обии “Қайроққум”, иншооти ёрирасон ва гидротехникии он марҳила ба марҳила сурат мегирад.
Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” иншооти гидроэнергетикии сарбанддори агрегатҳояш дар танаи дарғоти обпарто ҷойгирифта мебошад ва дар соҳили чапи маҷрои Сирдарё воқеъ аст.  Сохтмони неругоҳ соли 1952 оғоз ёфта, агрегати якуми он, бо иқтидори 21 мегаватт, 15-уми декабри соли 1956 ба кор даромад. Дар маҷмӯъ, неругоҳ аз 6 агрегат иборат буда, аз 20-уми ноябри соли 1957 бо иқтидори пурра (126 мегаватт) фаъолият менамояд.
Ба кор оғоз кардани неругоҳ ба обёрии заминҳои бекорхобида ва азхудкунии самараноки захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ибтидо гузоштааст. Феълан, дар ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ 110 нафар, аз ҷумла 20 нафар зан, фаъолият дошта, шумораи ҳайати муҳандисӣ- техникии он 41 нафарро дар бар мегирад.
Сарвари давлат дастур доданд, ки барои татбиқи лоиҳа ва иҷрои корҳо, 80 дарсад коргари неругоҳ ва сокинони шаҳри Гулистон ҷалб шаванд.
Обанбори неругоҳи “Қайроққум” ба ҳисоби иншооти мавсимӣ - танзимшаванда дохил мегардад ва ҳаҷми умумии он 3,5 миллиард мукааб обро ташкил дода, ҳаҷми фоиданокии он ба 2,6 миллиард мукааб баробар аст. Масоҳати обанбор ҳангоми пур шудани об то сатҳи болоии уфуқӣ 512 километри мураббаъро дар бар мегирад. Дарозии умумии сарбанди хокӣ ва бетонии неругоҳ 1300 метр буда, фишори об ба иншооти гидротехникӣ ба 24 метр баробар мебошад.
Истеҳсоли солонаи неруи барқ дар Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” ба ҳисоби миёна 600 – 650 миллион киловатт-соатро ташкил дода, иншоот ба системаи энергетикӣ тавассути 5 хати интиқоли барқи 220-киловолта ва 5 хати интиқоли барқи 110-киловолта пайваст аст.
Зимни муаррифии лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум”, иттилоъ дода шуд, ки неругоҳ дар давоми 63 соли фаъолият зиёда аз 40 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол кард. Бо сабаби фаъолияти беш аз нимасра, таҷҳизоти неругоҳ куҳнаю фарсуда гардида, зарурати таҷдиду навсозии онҳо ба миён омад.
Бо татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум», ки муҳлати он 57 моҳ буда, то соли 2023 идома хоҳад ёфт, таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони неругоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110 - киловолта ва таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникии он амалӣ гардида, иқтидори лоиҳавии ҳар як агрегат аз 21 мегаватт то наздики 30 ва, дар маҷмӯъ, тавоноии неругоҳ аз 126 ба 176 мегаватт расонда мешавад. Дар маҷмӯъ, бо татбиқи лоиҳа, иқтидори Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” 50 мегаватт зиёд гардида, истеҳсоли миёнаи неруи барқ то 38 дарсад афзуда, таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодии вилояти Суғд бо неруи барқ ба таври назаррас баланд ва беҳтар хоҳад шуд.
Бо таваҷҷуҳ ва талошҳои рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – истиқлолияти энергетикӣ, дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд, маблағи умумии корҳои таҷдиду навсозии ин иншооти гидроэнергетикӣ 200 миллион доллари ИМА (1 миллиарду 900 миллион сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.
Асосноккунии техникӣ-иқтисодии таҷдиди неругоҳ соли 2014 дар доираи лоиҳа бо ҷалби сармоягузории грантии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз ҷониби ширкати машваратчӣ “IC Consulenten” (Австрия) сурат гирифтааст.
Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум”, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони марбутаи мамлакат барои назорати иҷрои босифати корҳо супоришҳои мушаххас дода, ба ширкати пудратии лоиҳа консорсиуми ширкатҳои “General electric Hydro” (Франсия), “General electric renewable Switzerland” (Швейтсария) ва “Cobro Instalaciones Servicios S.A” (Испания) ҷиҳати дар сатҳи баланд ва дар муҳлати муқарраргардида амалӣ намудани ҳадафҳои дар пешгузошташуда маслиҳатҳои судманд доданд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки ҳангоми татбиқи лоиҳа барои бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳо аҳамияти махсус диҳанд ва навсозии неругоҳро дар муҳлатҳои муайянгардида ба охир расонанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки баъди анҷоми корҳои муҳим дар самти рушди соҳаи энергетика то соли 2023 Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ хоҳад расид. Бо таҷдиди неругоҳ тамоми системаи он бо технологияи навтарин ва пешрафтаи соҳа иваз мешавад ва сифати хизматрасонӣ бамаротиб беҳтар мегардад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз шиносоӣ бо ҷараёни таҷдиду навсозии неругоҳ, татбиқи ин лоиҳаро дар рушди иқтисодии кишвар ва вазъи таъмини неруи барқ, махсусан дар вилояти Суғд, дорои манфиати зиёд арзёбӣ карданд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки вобаста ба нақшаи пешбинигардида, ширкати пудратӣ дар доираи лоиҳа раванди таҳвил ва васлу насби 6 агрегат, таҷҳизоти барқии ёрирасони онҳо, 6 турбина ва системаи идоракунии он, ивази 6 ғалақаи обӣ, таъмири ду крани борбардор, ивази дастгоҳи тақсимкунандаи элегазии 110-киловолта, ивази 6 трансформатори қуввагии 10, 5/110-киловолта, ивази 2 трансформатор бо иқтидори 125 мегаватт дар тарафи шиддати 110/220-киловолта, таъмири нуқтаҳои харобгардидаи садди бетонӣ, навсозии асосии дарвозаи дарғот, таъмири дарғоти обпарто, ивази таҷҳизоти назоратии иншооти гидротехникии обанбор ва дигар корҳои муҳиму аввалиндараҷаи иншоотро ба уҳда дорад.
Дар доираи лоиҳа, ширкати ватании Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж”, ҳамчун зерпаймонкор, корҳои таҷзия, васлу насби таҷҳизоти асосӣ ва корҳои сохтмониро ба иҷро мерасонад.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади татбиқи нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва амалӣ кардани мақсадҳои неку дурбинонаи Роҳбари давлат дар самти таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат, бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шудаанд.
Оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун», ба истифода додани хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 - киловолтаи Душанбе – Роғун, ба кор андохтани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500-кВ ва 220-киловолтаи Неругоҳи барқи обии“Роғун”, мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда - 1”, “Сангтӯда - 2”, “Помир - 1”, Неругоҳи барқи обии “Тоҷикистон” дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”, зеристгоҳҳои барқии 500 - киловолтаи Душанбе ва Суғд, хати интиқоли барқи 500 - киловолтаи “Ҷануб – Шимол”, дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500 - киловолта дар Неругоҳи барқи обии “Норак”, зеристгоҳҳои барқии 220 - киловолтаи “Лолазор”, “Хатлон”, “Айнӣ”, “Шаҳристон”, “Шаҳринав”, “Геран – 2”, хатҳои интиқоли барқи 220 - киловолтаи “Лолазор - Хатлон”, “Тоҷикистон – Афғонистон”, “Хуҷанд – Айнӣ”, “Қайроққум – Суғд”, “Айнӣ – Рӯдакӣ” ва оғози татбиқи лоиҳаи САSA–1000 аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошанд, ки таҳти роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд.
Бо татбиқи лоиҳаҳои мазкур, дар даҳ соли охир иқтидори истеҳсолии системаи энергетикии кишвар 1320 мегаватт зиёд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 500, 220 ва 110-киловолта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Ҳамаи ин тадбирҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодии мамлакат, ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини зиндагии шоистаи халқи тоҷик равона гардидааст, ки пайомадҳояш дар рушду пешрафти кишвари азиз неку бобарор дониста мешаванд.
Давоми 10 соли охир, бо ифтитоҳи шумораи зиёди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ҳамчунин, шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 50 дарсад коҳиш ёфт. Агар, қаблан, дар Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои хориҷӣ беш аз 1 миллион муҳоҷир ба қайд гирифта шуда бошад, имрӯз он ба 520 ҳазор нафар расидааст.
Мавриди зикр аст, ки танҳо дар доираи сафари кории имрӯзаи Пешвои миллат дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон ва ноҳияи Ҷаббор Расулов 7 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид, ки дар самти татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатисозии босуръати кишвар, таъсиси садҳо ҷойи корӣ қадами устувор ба шумор меравад.

Ифтитоҳи майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
23 август, ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Гулистон майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дар масоҳати 0,5 гектар бунёд ёфта, сохтмони он дар давоми камтар аз се моҳ, бо ҷалби мутахассисони ватанӣ, ба анҷом расид. Баландии сутунпояи Нишони давлатӣ аз сатҳи сақф 17 метрро дар бар гирифта, бо истифода аз масолеҳи аълосифат бунёд гардидааст. Давраи Нишони давлатӣ  2, 5 метрро ташкил дода, дар маҷмӯъ, баландии он бо сутунпояаш ба 19, 5 метр мерасад.
Майдони Нишони давлатӣ, дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хеле ободу зебо гардонда шуда, роҳравҳои атрофи он дар масоҳати зиёда аз 2000 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидаанд. Ҳамчунин, иншоот бо зиёда аз 100 ҳазор бех гулу буттаҳои мавсимӣ оро дода шуда, бо фароҳамсозии шароити зарурӣ, майдон ба макони диданӣ табдил ёфтааст ва барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони ин шаҳри саноатию сайёҳӣ басо мувофиқ мебошад.
Майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Гулистон шабонгоҳ наздики 70 чароғаки поядор ва сутунпояи онро 10 чароғак хеле назаррабо мегардонанд. Зинапояҳои назди Нишони давлатӣ дар масоҳати 600 метри мураббаъ бо истифода аз сангҳои ороишии ватанӣ зинат ёфтаанд. Дар ин ҷо, бо тарҳи муосир фаввораҳои зебо бунёд гардидаанд, ки басе диққатҷалбкунандаанд. Дар майдони Нишони давлатӣ наздики 100 бех ниҳоли ҳамешасабз шинонда шуда, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон 3 суҳбаткада низ мавҷуд аст.
Иншоот дар назди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, дар шафати роҳи автомобилгард, бунёд ёфта, 320 метр девор ва 200 метр панҷараҳои иҳотавии бино навсозӣ гардидаанд.
Зимни шиносоӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар майдони Нишони давлатӣ баҳои баланд дода, ба масъулон ҷиҳати нигоҳубини хуби иншоот ва сабзу хуррамии атрофи он дастуру ҳидоятҳо доданд.
Майдони навбунёди Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир буда, ба макони асосии тамошо ва саёҳату фароғати сокинону меҳмонон табдил ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки солҳои соҳибистиқлолии кишвар бунёди рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маркази шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади гиромидошти муқаддасоти миллӣ амалӣ мегардад.

Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Файзбахш” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Файзбахш” - ро ифтитоҳ карданд.
Бинои 2-ошёнаи кӯдакистон аз маҷмӯи иншооти асосӣ ва ёрирасон иборат буда, дар ошёнаҳои якум ва дуюм 8 ҳуҷраи бозии кӯдакон, 8 ҳуҷраи хоб ва ошхона мавҷуданд. Толорҳои варзиш ва мусиқӣ бошанд, дар таҳхонаи бино ҷойгиранд.
Кӯдакистон метавонад ҳамарӯза 300 нафарро ба таълиму тарбия фаро гирад, ки ин раванд дар амалӣ шудани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати ҳарчи бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, мусоидат намояд.
Муассисаи томактабии хусусии “Файзбахш” дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи бонуи соҳибкор Отиной Бутаева бо беҳтарин шароити  таълиму тарбия сохта шудааст. Таълиму тарбия дар кӯдакистон ба се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Масоҳати кӯдакистон 25 садякро ташкил дода, худи бино дар майдони зиёда аз 1600 метри мураббаъ  қомат афрохтааст. 4 суҳбаткадаи зебову назаррабо, ки дар саҳни боғча доман густурдааст, барои гузарондани машғулиятҳо ва бозии кӯдакони ин боргоҳи таълиму тарбия бисёр мувофиқ аст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин муассисаи томактабӣ, шумораи боғчаҳои кӯдакона дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба 25 - то расид.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар кӯдакистони хусусии “Файзбахш”, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо ва шароити муассиса баҳои баланд дода, онро туҳфаи арзанда дар рӯзҳои таҷлил аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов маънидод намуданд.

Тақдими туҳфаҳои идона ба ятимон
23 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба 100 ятим, ки таълимгирандаи муассисаҳои миёнаи як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошанд, туҳфаҳои идона тақдим карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ятимонро, ки бо амри тақдир аз меҳру муҳаббати оила маҳрум гардидаанд, бо фарорасии 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфта, ба онҳо дар идомаи таҳсил ва ҳаёти мустақилона барору комёбӣ орзу намуда, таъкид доштанд, ки бо хониши хубу аъло ва ахлоқи ҳамида ҳамчун фарзандони содиқи Ватан ба воя расанд.
Дар ин рӯз шодиву хурсандии ятимон ҳадду канор надошт, зеро онҳо маҳз аз дасти Сарвари ғамхору пуштибони худ туҳфаҳои арзанда гирифтанд. Ятимон изҳори сипосу миннатдории хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самимияти беандоза ва меҳри зиёд баён намуданд.
Туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат аз ёрдампулии яквақтаина ва сарулибоси зебо иборат буданд. Ҳамзамон, дар ин рӯз баҳри афзун гардидани шодию нишоти ятимон дастархони идона ороста шуд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 723 кӯдаки бе падар ё бе модар ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 16 нафарро ятим ташкил медиҳад. Ҳамаи ин нафарони бесаробонмонда таҳти таваҷҷуҳ ва дастгирии Роҳбарияти Олии мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва барои онҳо шароити мусоиди таълиму тарбия муҳайё карда шудааст.
Дасти мадад дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз хислатҳои неки инсонӣ маҳсуб меёбанд, ки, хушбахтона, имрӯз ҳамчун анъана дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳои миллӣ аз тарафи шахсони саховатпеша анҷом дода мешавад.
Ҳунармандони ҷавону наврасе, ки дар назди Сарвари давлат бо барномаи рангини пурмуҳтаво баромад намуданд, аз ҳисоби ятимон буданд.
Тайи соҳибистиқлолии кишвар, дар партави хислатҳои неки инсондӯстонаи роҳбарияти давлату Ҳукумат, бо иқдомҳои пайвастаи соҳибкорону дигар ашхоси саховатпеша сатҳу сифати зиндагии мардуми эҳтиёҷманд беҳтару хубтар гардида, ин раванд идома меёбад.

Баистифодадиҳии майдони Нишони давлатӣ
23 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов ифтитоҳ карданд.
Майдони иншооти навбунёд 0,15 гектарро ташкил дода, бо маблағгузории соҳибкорони ватандӯст аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Истиқлол”, бо истифода аз масолеҳи хушсифат, дар муҳлати муайян бо сифати баланд сохта шуд.
Сутунпояи Нишони давлатӣ 24 метр баландӣ дошта, андозаи нишон 2, 4 метрро ташкил медиҳад. Иншоот аз рӯи лоиҳаи ширкати сохтмонии “Шаҳрофар” - и вилояти Суғд дар муддати қариб 4 моҳ бунёд гашт.
Масоҳати майдони Нишони давлатӣ 3000 метри мураббаъ мебошад ва бо гулу буттаҳои мавсимӣ оро дода шуда, ба мавзеи дилфиреби шаҳр ва сайругашти сокинону меҳмонон табдил ёфтааст.
Атрофи майдони иншоотро шабонгоҳ 30 чароғаки ба тозагӣ насбгардида равшан менамояд. Ҳамзамон, 3 фаввора ва 8 нишастгоҳ, ки бо тарҳи нав сохта шудаанд, ба майдон ҳусни дигар зам менамоянд.
Майдони сайру саёҳати назди нишон ба талаботи замон мутобиқ буда, имкон фароҳам меорад, ки сокинону меҳмонони ноҳия вақти худро хушу хотирмон гузаронанд.

Ифтитоҳи корхонаи ресандагии ҶДММ “Органик Ян”
23 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов корхонаи истеҳсолии коркарди нахи пахта ва ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Органик Ян” - ро расман ифтитоҳ бахшиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи онро саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар арзёбӣ карда, таъкид доштанд, ки дар мамлакат барои рушди соҳаи саноат иқтидору имкониятҳо зиёданд. Аз ҷумла, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳа маҳсуб меёбад.
Дар вилояти Суғд, дар доираи омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони беш аз 300 корхонаю коргоҳи саноатӣ, бо зиёда аз 9 ҳазор ҷои корӣ, ба нақша гирифта шуда, баҳри амалӣ намудани ин иқдомҳои созанда корҳои бунёдкорӣ вусъати тоза гирифтаанд.
Корхонаи ресандагии “Органик Ян” дар доираи ин чорабиниҳо сохта шудааст, ки дар он нахи пахта коркард ва аз он риштаи пахтагӣ истеҳсол мегардад. Коркарди нахи пахта дар дохили кишвар яке аз самтҳои муҳими саноатикунонӣ буда, аз он истеҳсол гардидани маҳсулоти нимтайёру ниҳоӣ иқтидори содиротиро афзун карда, ба иқтисоди миллӣ даромад меоварад.
Таъсиси корхона самараи ҳамкории соҳибкорони Тоҷикистону Туркия буда, бо арзиши лоиҳавии 70 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. 35 миллион сомонӣ саҳми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “25-солагии Истиқлолият” - и Тоҷикистон ва 35 миллион сомонӣ саҳми ширкати “Мехмет Доган”- и Туркия мебошад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масоҳати корхона ду гектар ва майдони иншооти истеҳсолӣ беш аз як гектарро ташкил медиҳад. Дар корхона коркарди нахи пахта ва истеҳсоли ришта бо технологияи пешрафта ба роҳ монда мешавад. Таҷҳизоти технологӣ истеҳсоли ширкати “Марзолли” - и Италия буда, технологияи иноватсионӣ аст. Хати технологӣ аз 5 қисм иборат мебошад ва ришта аз нахи пахта дар марҳилаҳои шонакунӣ, пилтапечӣ, лентасуфтакунӣ, ресмонресӣ ва ғалтакпечӣ истеҳсол мешавад. Дар ин технология энергияи барқ сарфа мегардад. Иқтидори солонаи корхона коркарди 5 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли ришта аз он мебошад.
Соҳибкорон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷорӣ намудани имтиёзҳои давлатӣ ва сабукиҳо ба вориди технологияҳои муосир изҳори сипос намуданд.
Корхона барои афзун намудани ҷойҳои корӣ дар деҳот нақши муҳим дорад. Дар ин корхона дар марҳилаи аввал 100 нафар, дар марҳилаи дуюм боз 100 нафар ва, дар маҷмӯъ, 200 нафар бо кори доимӣ таъмин мегардад, ки қисми асосиро занону духтарони маҳаллӣ ташкил хоҳанд дод.
Таъсису ба фаъолият пардохтани корхонаи ресандагӣ дар деҳаи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов тадбири муҳим дар самти татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалисозии барномаҳои рушди иқтисодӣ баҳри коркарди ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, таҳкими иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ арзёбӣ гардид.

Дар муассисаи таҳсилоти томактабии “Ғунчаи Истиқлол”
23 август, дар рӯзи чоруми сафари корӣ дар вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд боғчаи бачагонаи рақами 3 - ро, ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати 1 гектар бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ, ифтитоҳ намуданд.
Боғчаи бачагонаи “Ғунчаи Истиқлол”  аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, метавонад 200 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад. Бо ифтитоҳи ин муассисаи томактабӣ, 40 нафар имкон пайдо намуд, ки дар шароити хубу муосири корӣ, ба тарбияи кӯдакони синни томактабӣ машғул шавад.
Боғчаи бачагон дорои хонаи қабули кӯдакон, ҳуҷраҳои барҳавову васеи таълимӣ ва хоб, нуқтаи санитарӣ, толори мусиқӣ, толори калон барои гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳуҷраҳои тиббӣ, ошхона, анборҳои хӯрокворӣ (барои сабзавоту ғалладона) мебошад. Инчунин, дар саҳни бино шаш айвончаи бозӣ, майдончаи варзиши тобистона, ҳавзи шиноварӣ бунёд ёфтаанд.
Дар муассиса омӯзиш ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои навбунёд ба корҳои сохтмонӣ ва шароити муассиса баҳои баланд доданд.
Сокинони шаҳри Хуҷанд муассисаи навбунёдро туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат барои насли ояндасози миллат арзёбӣ карда, ба Президенти кишвар барои ҳамаи ғамхориҳо изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Пешвои миллат тарбиятдиҳандагонро барои тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ ҳидоят карданд.

Бинои нави шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ
23 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ ва шиносномадиҳии раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро, ки бо тарҳи хосса дар масоҳати 10 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ, ифтитоҳ намуданд.
Дар ошёнаи якуми бино ҳафт ҳуҷраи корӣ, ошёнаи дуюм панҷ, ошёнаи сеюм се ҳуҷраи корӣ, толори маҷлис, хобгоҳ ва  дар таҳхонаи он хазина, ду ҳуҷраи корӣ ва толори варзиш барои кормандон ҷойгиранд.
Сохтмони бино моҳи марти соли 2019 оғоз гардида, моҳи августи соли ҷорӣ, бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ ва бо истифода аз масолеҳи ватанӣ, бо сифати баланд анҷом ёфт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои навро дар доираи истиқболи сазовор аз Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳа табрику муборакбод намуданд.
Мавриди зикр аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нав, кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу Ватан ва саҳмгузории бештар дар таъмини оромӣ ва суботи ҷомеа ҳидоят карданд.
Ба кормандони раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 мошини хизматӣ тақдим шуд.

Ифтитоҳи бинои шиносномадиҳии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ
23 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлуи бинои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ, ҳамчунин, бинои шиносномадиҳии раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд.
Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар қабати якуми он ҳафт ҳуҷраи корӣ ва дар ошёнаи дуюм панҷ ҳуҷраи корӣ мавҷуданд. Ҳамчунин, бинои шиносномадиҳӣ дорои толори маҷлис бо 35 ҷойи нишаст ва таваққуфгоҳ мебошад. Гирду атрофи иншоотро зиёда аз 100 дарахти сояафкан ва 15 ҳазор гули гуногуни мавсимии ороишӣ ободу зебо гардондаанд. Сохтмони он моҳи март оғоз гардида, моҳи августи соли 2019 бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба анҷом расид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳм