logo

сиёсат

ФАЪОЛИЯТИ ҶСП "ЗАВОДИ АСФАЛТУ БЕТОН" ГУСТУРДАТАР ШУД

27 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Заводи асфалту бетон”- ро ифтитоҳ карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти дастгоҳи наву муосири истеҳсоли асфалт ҳусни оғоз бахшиданд.
Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Заводи асфалту бетон”, ки роҳбариашро соҳибкори ҷавон Тоҳир Ҳукуматов ба уҳда дорад, аз соли 2002 фаъолият мекунад. Шумораи коргарон 300 нафарро ташкил медиҳад ва баъди васлу насби коргоҳи муосир дар ин ҷо боз 50 ҷойи кории нав таъсис ёфт.
Дастгоҳи истеҳсоли асфалт аз давлатҳои Италия ва Туркия ворид карда шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як соат 240 тонна ва дар як басти корӣ наздики 2000 тоннаро ташкил медиҳад.
Кормандони корхона ба хотири саҳм гузоштан дар рушду пешрафти пойтахт, ободу зебо кардани кӯчаю хиёбон ва роҳҳои шаҳр ҳамчун иқдоми саховатмандона солҳои 2017 - 2019 дар маҷмӯъ, наздики 30 километр роҳҳои шаҳри Душанберо асфалтпӯш кардаанд. Дар асоси шартнома бошад, корхона дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 47 километр роҳро азнавсозӣ намудааст.
Дар корхонаи асфалтбарорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз озмоишгоҳи муосир боздид ба амал оварда, бо шароити кор ва самти фаъолияти он шинос шуданд.
Бояд гуфт, ки чунин озмоишгоҳ на дар ҳама корхонаҳои истеҳсолӣ мавҷуд аст ва ҳадафи таъсисашро мутахассисон таъмини сифат, бехатарӣ ва пойдории маҳсулоти корхона арзёбӣ мекунанд. Заводи асфалтбарорӣ аз лиҳози экологӣ хеле мувофиқ аст ва ба ҳамаи меъёрҳои экологӣ ҷавобгӯ мебошад.
Дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Заводи асфалту бетон” дар як вақт якчанд намуди маҳсулот, аз қабили асфалти майдадона, асфалти калон, сангрезаи бо қир сиёҳкардашуда ва асфалтубетони сангрезаю мастикӣ - “ШМА”, истеҳсол карда мешавад. Ҳамчунин, дар ин ҷо дигар масолеҳи сохтмонии дар бунёди роҳҳо истифодашаванда омода мегардад.
Дар сехҳои корхона маҳсулоти оҳану бетонӣ, аз қабили канорасангҳои бари роҳ, новаҳои оҳану бетонӣ, болопӯши новаҳои оҳану бетонӣ, ҳалқаҳои бетонӣ, болопӯши ҳалқаҳои оҳану бетонӣ, тахтасангҳои роҳҳои пиёдагард, маҳсулоти оҳану бетонӣ барои сохтмони каналҳо ва новаҳои оҳану бетонӣ барои хатҳои лӯлаҳои гармидиҳанда аз маҳсулоти дигари корхонаанд, ки бо сифати ҷавобгӯ ба талабот истеҳсол мегарданд.
Бо истифода аз имконот дар дохили корхона аз тарафи роҳбарияти он сехҳои гуногун, устохонаҳо бо таҷҳизоти мухталиф фаъолият доранд.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли асфалту бетон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ Тоҳир Ҳукуматов барои иқдоми шоиста ва пуштибонии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои арзанда дода, ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд.
Ифтитоҳи чунин корхонаҳои саноатӣ дар мамлакат барои татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд. Ҳамчунин, таъсиси корхонаҳо ва ташкили ҷойҳои корӣ дастоварди арзанда ба истиқболи сазовори Ҷашни умумимиллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби шахсони ватандӯст бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар амалӣ мегардад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2019    №: 164    Мутолиа карданд: 291
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед