logo

иҷтимоиёт

ДУ МЕДАЛИ ТИЛЛОИ ЯК БОНУИ ТОҶИК

Бонуи ихтироъкори тоҷик Мавлуда Давлатмамадова чанде пеш дар 12 – умин «Форуми занони ихтироъкор», ки дар шаҳри Сеули давлати Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид, сазовори ду медали тилло шуд. Яке аз ҷониби президенти Ассотсиатсияи занони ихтироъкор дар давлати Кореяи Ҷанубӣ ва медали дувум аз тарафи Созмони байналмилалии моликияти зеҳнӣ ба ӯ тақдим шуд.
Мавлуда Давлатмамадова ходими илмии шуъбаи фармакогнозия, технологияи дору ва биотехнологияи муассисаи давлатии “Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ” - и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Номбурда соли равон  сазовори дипломи дараҷаи 3 ва ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон” аз рӯи номинатсияи  “Зиёдтарин миқдори патент барои ихтироот” ва сазовори дипломи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Мавлуда Давлатмамадова  аз бонувони ихтироъкоре мебошад, ки аввалин шуда дар ҳудуди ҷумҳурӣ хокаи кӯдаконаро аз талки  кони Мулвоҷ, ки дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир аст, кашф намудааст.
Ба муносибати  иштирок дар чунин як форуми сатҳи баланд ва сазовори ҷойи аввал гардидан, инчунин, доир ба самтҳои фаъолияти ин бонуи ихтироъкор бо Мавлуда Давлатмамадова суҳбате оростем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.
- Сараввал мегуфтед, ки чӣ гуна ба чунин як форуми сатҳи баланд роҳ ёфтед?
- Занону бонувони тоҷик имрӯз на танҳо роҳбар ва сиёсатмадор ҳастанд, балки онҳо метавонанд дар қатори мардон рӯ ба илм оварда, ихтироъ ҳам бикунанд. Барои иштирок намудан дар чунин як форуми сатҳи баланди ихтироъкорон  барои мо, пеш аз ҳама, он патенте, ки аз ҷониби муассисаи давлатии "Маркази патенту иттилооти кишвар" дода шудааст, кумак намуд. Инчунин, бо назардошти он ки дар кишвари  Корея ба патентҳои вобаста ба соҳаи тиб бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, барои иштирок дар ин форум мо иқдом пеш гирифтем.
 - Вақте дар миёни  274 иштирокчӣ аз 28 кишвари олам сазовори медали тилло гардидед, шуморо чӣ эҳсос фаро гирифт, оё бовар доштед, ки дар ин форум сазовори ҷои аввал мегардед?
- Не, ростӣ,  бовар надоштам. Чунки дар ин форум намояндагон аз кишварҳои мутараққии олам низ ҳузур доштанд, ки дар баробари онҳо рақобат намудан ва ҷои аввалро гирифтан хеле душвор буд, аммо ман ҳарчи бештар кӯшиш намудам, ки ҳунар ва маҳорату дониши худро ба ҳозирин нишон бидиҳам. Ҳини рӯнамоии лоиҳаи хеш хеле кӯшиш намудам, то бифаҳмонам, ки ихтирои мо на дар Тоҷикистон, балки дар дигар давлатҳо низ метавонад мавриди истифода қарор гирад. Албатта, эҳсосоти тасвирнашавандааст. Вақте номи маро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ғолиб эълон намуданд, намедонам чӣ гуна то ба минбар баромадам. Танҳо пасон дар даст парчами кишвари азизамон ба майдон баромаданамро тариқи навор дидам. Чунин эҳсос намудам, ки вақте берун аз Ватан қарор дорӣ, меҳри он даҳчанду садчанд дар қалбат зиёд мешавад. Меҳри Ватанро дар хориҷи кишвар ба мисли меҳри модар дар дил наздик эҳсос мекунӣ. Ин лаҳзаи хеле гуворо ва ҳаловатбахш аст, ки бо сухан тасвир намудани он имкон надорад. Барои ин лаҳзаро эҳсос намудан, бояд худ иштирокчии он бошӣ.
 - Дар гӯшаи Тоҷикистон, ки Шумо  дар форуми мазкур ташкил намудед, бештар ҳайати комиссия ба чӣ таваҷҷуҳ намуд?
- Онҳо бисёртар ба гиёҳҳое таваҷҷуҳ намуданд, ки ба воситаи онҳо ҳайати мо ҳар гуна доруҳоро омода сохта буд. Кори ман доир ба ҳарорати пӯст буд ва маводи он аз хокаи талк омода шуда буд. Ба он ду намуд гиёҳро низ ворид намудам.  Аз ин рӯ, онҳо бештар  ба гиёҳҳои шифобахш таваҷҷуҳ карданд. Моро зарур аст, ки имрӯз ба коркард ва истифодаи гиёҳҳои шифобахши кишвар иқдом намоем. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гиёҳҳои шифобахш хеле бой аст ва ҳанӯз дар замони хеш Абуалӣ ибни Сино мардумро бештар бо гиёҳҳои шифобахш табобат мекард.
- Тавре мо иттилоъ дорем, мавзӯи кори илмии шумо “Омӯзиши хосиятҳои физикию химиявии талки кони Мулвоҷ мебошад, инчунин, ихтироатон низ дар ҳамин самт амалӣ гардидааст. Дар ин бора ҳам каме маълумот медодед.
- Талки кони Мулвоҷ дар ноҳияи Ишкошим ҷойгир буда, миллионҳо тонна захира дорад. Вобаста ба хусусият ва манфиатҳои тиббияш он ҳанӯз кони кашфношуда боқӣ мондааст. Он танҳо аз сӯи геологҳо кашф гардидаасту халос. Кони мазкур на танҳо ба соҳаи тиб, инчунин, ба соҳаҳои  сохтмон,  қоғазбарорӣ, қаннодӣ ва дар умум, дар 24 соҳаи дигар имкони истифода шуданро дорад.
Ихтирои ман хокаи кӯдаконаи “Талк” мебошад. Хокаи дар таркибаш се молекулаи оксиди магний, чор молекулаи оксиди кремний ва молекулаи об дорад, дорои панҷараи кристаллӣ низ мебошад. Ин намуди панҷара сатҳи пӯстро нағз нигоҳ медорад, зеро зуд ҷабида намешавад. Хокаи кӯдаконаи моро технологияи коркардаш душвор набуда, аз маҳсулоте омода гардидааст, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ёфт мешавад. Аз ҷумла, кислотаи хлорид имрӯзҳо дар ноҳияи Ёвон мавриди коркард қарор дорад. 99 дарсади талк (маводи хокимонанд), ки дар Тоҷикистон мавҷуд аст, барои хокаи кӯдакона қобили истифода мебошад.
Хокаи кӯдаконаи “Талк” дар шароити лабораторӣ санади тасдиқкунанда дорад, аммо дар саноат ҳанӯз  ҷорӣ нашудааст, зеро барои он ки дар саноат ҷорӣ бишавад,  мо ба корхонаи алоҳида ва маблағ ниёз дорем.
- Аз назари шумо барои пешбурди фаъолияти занони ихтироъкори кишвар кадом мушкилиҳо мавҷуданд?
- Албатта, бо вуҷуди дастгириҳо мушкилот низ дар  самти пешбурди кор ва фаъолияти ихтироъкорон, аз ҷумла бонувон, вуҷуд доранд. Яке аз мушкилот нокифоя будани озмоишгоҳҳо мебошад. Масалан, аз он ки банда тӯли даҳ сол дар ин самт фаъолият намуда истодаам, аз ин озмоишгоҳ ба он озмоишгоҳ меравам, то кори хешро ба сомон расонам. Агар тӯли ин муддат кори худро дар як озмоишгоҳ анҷом медодам, вақти ман камтар сарф мешуд ва ҳарчи зудтар кори илмиамро ҳимоя ва ихтироамро барвақт ба анҷом мерасондам. Ҳолатҳое буданд, ки моро ба озмоишгоҳҳо роҳ намедонанд, бо масъулини онҳо баҳс менамудем. Хеле мехоҳам, ки як озмоишгоҳи фармакологӣ  дар кишвар таъсис дода шавад, то тамоми  гиёҳҳо ва маъданҳои дар кишвар вуҷуддошта дар он коркард бишаванд.
- Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?
- Нақшаҳо хеле зиёданд. Агар лоиҳаҳои мо дастгирӣ ёбанд, умедворам, ки мо дар кори худ метавонем муваффақ бишавем. Дар форум бо ҳамкасбони хеш аз дигар давлатҳо шинос шудем, онҳо моро ба кишварҳои хеш давъват намуданд. Умедворам, ки бо даст додани имконият дар оянда низ дар чунин форумҳои сатҳи байналмилалӣ бештар иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегардем, ном ва парчами  кишвари азизамон - Тоҷикистонро низ дар миёни дигар кишварҳо баланд мебардорем. Дар оянда нақша дорам, ки  дар самти дорусозӣ ва косметалогия низ ихтироъҳои хешро кашф намоям, зеро имрӯз талабот ба ин ду соҳа, воқеан, хеле зиёд аст. Бинобар ин, мехоҳам маҳсулоти дар ин самт  истифодашавандаро аз гиёҳҳои шифобахши кишварамон барои истифода ихтироъ ва пешниҳод намоем. Мутаассифона, дар соҳаҳои дорусозӣ ва косметалогия имрӯз бештар аз маводи сунъӣ истифода мешавад, на аз гиёҳҳои табиӣ.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»,
Хусрав ШОҲСАИДОВ,
корманди маркази матбуоти Вазорати
тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2019    №: 164    Мутолиа карданд: 718

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед