logo

Хабарҳо

ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

25 август дар маҷмааи савдои «Меҳргон» - и пойтахт  бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва иштироки кишоварзони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва сокинону меҳмонони пойтахт Иди каду баргузор гардид.
Ба ин ҷашн кадупарвароне роҳхат гирифтанд, ки дар озмунҳои шаҳрию ноҳиявии «Кадупарвари беҳтарин» ғолиб омада буданд.
Ба меҳмонон ва сокинони пойтахт намудҳои беҳтарини каду, таомҳои аз каду омодашуда ва дигар хӯрокҳои миллӣ пешниҳод шуданд. Зимни ифтитоҳи ҷашн зикр гардид, ки каду яке аз маҳсулоти қадима ва дӯстдоштаи мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад ва беш аз 5000 сол боз парвариш мешавад. Таъкид гардид, ки баргузории Иди каду ва намоиш - фурӯши каду ҳавасмандии марди деҳқонро ба парвариши ин намуди полизӣ зиёд мекунад ва яке аз роҳҳои босамари таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.
Муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Ҷамила Саидова иброз дошт, ки ҳоло дар мамлакат дурнамои истеҳсоли маҳсулоти полизӣ, аз ҷумла каду, пайваста барзиёд иҷро гардида, деҳқонон аз ин ҳисоб фоидаи хуб мебинанд. Ҳамин аст, ки майдони кишти полизиҳо сол ба сол васеътар мешавад.
Олимони соҳаи кишоварзӣ бо деҳқонон суҳбат карда, ба онҳо барои парвариши навъҳои беҳтарини каду маслиҳату тавсияҳои судманд доданд. Ҳакамон беҳтарин кадупарваронро муайян карданд. Ғолибон сазовори туҳфаҳо ва ифтихорномаю сипосномаҳо гардиданд.
Муҳим аст, ки нархи каду ва маҳсулоти аз каду омодашуда дар намоиш – фурӯши Иди каду дар муқоиса ба бозор қариб 50 дарсад арзон буд.
С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1638

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2019. «Истиқлол» ва «Регар - ТадАЗ» бори ҳафтум дар финал

Вохӯрии раҳбарони кумитаҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара

СММ: "Дар 100 сол аз сунами беш аз 250 ҳазор нафар ҳалок гашт"

Дар Сурия хоҳари Бағдодӣ бо хонаводааш боздошт шуд

Трамп бо Россия ва Чин оид ба назорати силоҳ созишнома бастанист

Дар Ӯзбекистон таҳияи сенарияи ягонаи тӯйҳоро пешниҳод доранд

Ҷаҳон дар як сатр

04.11.2019


Вохӯрии Шукурҷон Зуҳуров бо ҳайати вакилони Парлумони Аврупо

Ҷаласаи Шӯрои миллии рушди маориф баргузор шуд

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон

Чин ва ИМА масоили асосии созишномаи тиҷоратиро мувофиқа намуданд

Соли гузашта дар дунё 8 ҳазор амали террористӣ руй дод

Қазоқистон таъсиси Шӯро оид ба рушди иқтисоди рақамӣ дар СҲШ - ро пешниҳод кард

Барномаи ҳамкории иқтисодии кишварҳои СҲШ то соли 2035 қабул шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед