logo

иқтисод

ТОҶИКОБОД. НОҲИЯЕ ДАР МАСИРИ РУШД

Муҳимтарин рӯйдоде, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ноҳияи Тоҷикобод ба вуқӯъ пайваст, сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия буд. Ҷои ифтихори мардуми шарифи ноҳияи Тоҷикобод аст, ки боздиди навбатии Пешвои муаззами миллат  дар сатҳи баланд доир гардид.
- Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо сокинон ва боздидашон аз иншооти навбунёд дар назди мардум вазифа гузоштанд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо мо бояд онҳоро амалӣ гардонем, - иброз дошт Ҳамидулло Маҳмадшозода, раиси ноҳияи Тоҷикобод.
- Имрӯз дар кулли соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия пешравиҳо дида мешаванд. Аз ҳисоботи оморӣ бармеояд, ки дар  нимсолаи аввали соли равон нақшаи пардохти андозҳои маҳаллӣ 106 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 2 миллиону 837 ҳазору 812 сомонии пешбинишуда ба буҷети маҳаллӣ 2 миллиону 999 ҳазору 459 сомонӣ маблағи андоз ворид шуд. Нақшаи воридоти андозҳо дар якҷоягӣ бо андозҳои иҷтимоии ғайрибуҷетӣ низ 106 фоиз таъмин гашт.
Вале нақшаи 4 намуди андоз – аз арзиши иловашуда, воситаҳои нақлиёт, боҷи давлатӣ, дигар пардохтҳо ба буҷети маҳаллӣ иҷро нашуд. Ба ҳолати якуми январи соли 2019 қарзи бақияпулиҳо 1 миллиону 396 ҳазору 571 сомониро ташкил дода, дар шаш моҳи соли равон  20 ҳазору 235 сомонӣ қарз коҳиш ёфт.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 101,3 фоиз ва нақшаи қисми хароҷот 90 фоиз таъмин гардид. Масъулон сабабҳои асосии таъмин нагардидани қисми хароҷоти буҷети ноҳияро дар худдорӣ намудан аз маблағгузории хароҷоти дуюмдараҷа ва ҷой доштани воҳидҳои кории холӣ дар корхонаҳои буҷетӣ медонанд.
Дар ноҳияи Тоҷикобод мутобиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2018 - 2020 аз худ намудани 182 лоиҳа бо маблағи 117 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 22 лоиҳа бо маблағи 11 миллиону 220 ҳазор сомонӣ татбиқ ёфт.  Дар давоми  соли 2019 амалисозии 11 лоиҳа дар назар аст. Маблағи умумии дар доираи татбиқи лоиҳаҳои мазкур азхудмешуда  35 миллиону 833 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 
Дар нимсолаи аввали соли равон аз тарафи бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи 3 миллиону 387 ҳазору 135 сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 189 ҳазору 668 сомонӣ зиёд мебошад. Дар ҳамин иртибот шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Тоҷикобод ба 91 нафар ба маблағи 154 ҳазору 700 сомонӣ қарзи фардии меҳнатӣ дода, ба 126 нафар ёрии пулӣ расондааст.
Далелу рақамҳои омор дар бахши кишоварзӣ хурсандибахшанд. Бо иқдоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҳанӯз аз давраи тирамоҳу зимистон ҷиҳати омода гардондани иншооти обрасон – каналҳо, корҳои зиёди таъмирӣ ва коршоям гардондани сарбандҳо  анҷом дода шуданд, ки ҳоло бо иқтидори пурра кор мекунанд ва тайи чанд даҳсола бори аввал аст, ки таъминоти оби полизӣ дар ноҳия беҳбудӣ ёфт.
Ба истиқболи Ҷашни миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақша дар ноҳияи Тоҷикобод сохтмони 74 иншооти таъйиноти гуногун дар назар аст. Аз замони тасдиқ гардидани нақшаи чорабиниҳо то имрӯз 8 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо соли 2019 мебояд корҳои сохтмонӣ дар 27 иншоот анҷом ёбанд. Дар нимсолаи аввал ба маблағи 2 миллиону 246 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмону васлгарӣ ба итмом расонда шудаанд, ки аз ин 1 миллиону 296 ҳазораш бо маблағгузории шарикони рущд амалӣ гардидааст. Аз ҷумла, барои таъмири бинои литсейи касбӣ- техникӣ 600 ҳазор сомонӣ, маркази дастгирии бонувон 400 ҳазор сомонӣ, бунгоҳи тиббии деҳаи Гулрез 24 ҳазор сомонӣ, бинои муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ 85 ҳазор сомонӣ сарф гардид. Аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ 950 ҳазор сомонӣ ба корҳои сохтмонӣ дар биноҳои қасри фарҳанг, идораи шабакаи барқ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 10 равона гардид.
Дар майдончаҳои варзиши деҳаҳои Фатҳобод ва Сабзазор корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтанду дар 4 майдонча сохтмон бомаром идома дорад.
Дар соҳаи маориф низ сохтмони чанд иншооти ҷашнӣ дар нақша ҳаст. Дар назди муассисаи таълимии  рақами 2, деҳаи Фатҳобод, рақами 27, деҳаи Дараи Нӯшор,  рақами 42, деҳаи Кӯли Калон бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ сохтмони биноҳои иловагӣ дар авҷ аст.
Аз  ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ дар назди муассисаҳои таълимии рақами 7, деҳаи Зарнисор, рақами 18, деҳаи Мазори Боло, рақами 31, деҳаи Дараи Назарак, рақами 38, деҳаи Лангари Шоҳ, рақами 43, деҳаи Ғуломон сохтмони синфхонаҳои иловагӣ пешбинӣ шудааст.
Шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Тоҷикобод дар ин давра 37 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин кард, ба 46 нафар бекор қарзҳои фардии меҳнатӣ ба маблағи 78 500 сомонӣ дода шуд, ки аз ин 16 нафарро занон ташкил медиҳанд. Ба 364 нафар мақоми бекорӣ дода шудааст. Ҷойҳои кории холӣ 73 ададро ташкил намуда, ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг мансуб мебошад. Барои баланд бардоштани сатҳи касбияти калонсолону ҷавонон ба 120 нафар барои омӯхтани касбҳои дӯзандагӣ,  қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, қолинбофӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ роҳхат дода шуд.
Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дорад. Як қонуншиканӣ дар деҳаи Файзбори деҳоти Нӯшор ба қайд гирифта шуду қонунвайронкунанда бо қарори суд ҷарима супурд.
Як маъракаи хатнасури хайриявӣ бо ҷалби 50 нафар кӯдак, тӯи  арӯсию домодии хайриявӣ бо ҷалби 10 ҷуфт навхонадор баргузор гардид.
Суръат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расондани ҳосили фаровони зироату боғот ва ҷамъоварии беталафи онҳо, дигаргунии ҷиддӣ ворид намудан ба раванди таълиму тарбия, нигоҳдории тандурустӣ, фарҳанг, иҷтимоиёту маънавиёт вазифаи мушаххаси сокинони Тоҷикобод дар нимсолаи дуюм аст, ки барои иҷрояшон онҳо камари ҳиммат бастаанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2019    №: 165    Мутолиа карданд: 614

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед