logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИЯТ. ДАСТОВАРДЕ, КИ САРЧАШМАИ САОДАТ АСТ

Мо дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ бо такя ба ҳастии таърихӣ, ақлу хирад ва иродаи қавии халқи худ тавонистем, ки оташи ҷанги дохилии таҳмилиро фурӯ нишонда, парчами озодиву адолатро ба хотири ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқамон устувор гардонем. Маҳз ҷаҳду талош ва муттаҳид гардидани сокинони мамлакат дар атрофи роҳбарияти давлату Ҳукумат ва дастгириву ҷонибдории онҳо аз сиёсати пешгирифтаи давлат омили асосии расидан ба сулҳу ягонагӣ дар ҷомеаи мо гардид.
Эмомалӣ РАҲМОН
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ аввалин шуда бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии кишварро таҳия ва қабул кард. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самти асосии пешрафти шохаҳои давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муайян намуд. Асосҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дар доираи талаботи Конститутсия ба роҳ монда шудааст. Конститутсияи нави ҷумҳурӣ заминаи воқеии ислоҳоти судии мамлакатро гузошт. Бори нахуст ҳокимияти судӣ баробари ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф шуд, ки ин аз баланд рафтани мақоми судӣ дар ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Мувофиқи меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда вазифаи асосии ҳокимияти судӣ ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини қонунияту адолат мебошад. Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба суд салоҳиятро доданд, ки гунаҳгор ва бегуноҳии шахсро муайян созад, ҳаёт, қадру номус, моликият ва дигар ҳуқуқҳои инсон, инчунин, манфиати давлат ва дигар ташкилоту муассисаҳоро ҳифз намуда, волоияти қонун ва адолати иҷтимоиро дар ҷомеа таъмин намояд.
Татбиқи адолати судӣ яке аз роҳҳои боэътимоди эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд мебошад. Давлати ҳуқуқбунёд рӯи усули волоияти қонун, ҳуқуқу уҳдадориҳои давлат дар назди ҷомеа, равобити мутақобилаи шахс ва давлат устувор аст. Аз ин рӯ, маҳз ҳокимияти судӣ неруе эътироф шудааст, ки таъмини ин ҳама усулро бар уҳда дорад. Ба ибораи дигар, ҳокимияти судӣ таъминкунандаи роҳи эъмори давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Зеро мавҷудияти давлати ҳуқуқбунёдро наметавон бидуни таъмини адолат, инсоф ва озодиву баробарӣ тасаввур кард.
Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2011 иброз намуда буданд, ки яке аз унсурҳои муҳими ҷомеаи демократӣ мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ ва амалисозандаи адолати судӣ мебошад. Фаъолияти судяҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амали норавост.
Ҷамолиддин  АБДУЛЛОЗОДА,
муовини якуми раиси суди шаҳри Ҳисор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2019    №: 165    Мутолиа карданд: 1252
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед