logo

иқтисод

ЛАХШ . НОҲИЯЕ ДАР МАСИРИ РУШД

- Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар саросари кишвар корҳои ободонӣ беш аз пеш тавсеа меёбанд. Ба ин муносибат дар ноҳияи Лахш бунёду навсозӣ ва таъмири иншооти гуногун идома дошта, ҳамчунин, баҳри таъмини некуаҳволии мардум беш аз 100 гектар заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ дохил гардиданд, - иброз дошт Файзулло Баротзода, раиси ноҳияи Лахш.
Ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 136 иншооти нақшавӣ 40 адади он дар соли рафта ба анҷом расид, 50 адади он дар соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Ҳалли аксар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, вусъати корҳои ободонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ба иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозҳо ва пуррагардонии буҷет вобаста мебошад, ки ин масъала ҳамеша зери диққати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, ҷиҳати пурра ба кор андохтани механизм ва манбаъҳои иловагии ҷамъоварии андозҳо тадбирҳои судманд андешида шудаанд. 

АНДОЗ
Нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмии умумӣ мутобиқи нақша дар шаш моҳи  соли 2019 (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) дар ҳаҷми  100,1 фоиз таъмин  шуда,  ба  ҷойи  6 миллиону 422,6  ҳазор сомонӣ ба буҷет 6 миллиону 435,2 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гашт, ки тибқи нақшаи пешбинигардида  12,5 ҳазор  сомонӣ зиёд  мебошад.
Ба ҳолати 1 июли соли 2019 қарзи андоз аз буҷет ба маблағи 3 миллиону 173,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки  нисбат ба 1 январи соли 2019 ба маблағи 188,4 ҳазор сомонӣ  кам гардидааст.
Маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ тибқи нақшаи тасдиқгардида ба маблағи 14 миллиону 951,8 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд, дар асл воридоти маблағ  14 миллиону  894,8 ҳазор    сомонӣ  ё  ин ки 99,6 фоизро ташкил дод.
Дар қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 20 миллиону 129,6 ҳазор  сомонӣ  харҷ гардид, ки  91,2  фоизи нақшаро ташкил менамояд.
Барои пардохти музди маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ 13 миллиону 602,1 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст, ки  94,2 фоизи нақшаро ташкил мекунад. Дар натиҷа аз ҳисоби пардохти музди маоши ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ қарз нест.

САНОАТ
Соҳаи саноат ҳамчун соҳаи воқеии иқтисодиёт дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.  Зеро дар шароити имрӯза бе мавҷудияти саноати пешрафта, таъмини сатҳи баланди зиндагии мардум, ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ аз имкон берун мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои саноатӣ бо назардошти таҳлилҳо бо нархҳои амалкунанда ба маблағи 5 миллиону 868,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 1 миллиону 106,9 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 123,2 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар ин муддат неругоҳҳои «Питовкӯл-1» ва «Питовкӯл-2» ба миқдори 1001,6 ҳазор кВт - соат неруи барқ истеҳсол намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли пеш  124,9 ҳазор кВт - соат зиёд мебошад.
Ҳаҷми умумии гардиши моли чакана дар корхонаҳои саноатӣ  2 миллиону 881  ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 705  ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Дар асоси таҳқиқоти соҳаи савдо (мағозаҳо ва бозорҳо) гардиши мол 2 миллиону 881 ҳазор сомониро ташкил намуд.
Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар ҳамаи соҳаҳо 7 миллиону 149,4  ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 108,9  ҳазор сомонӣ кам ё 86,6 фоизро ташкил менамояд. 

КИШОВАРЗӢ
Бо мақсади  таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқ, маҷмӯи умумии даромади  кишоварзон 21 миллиону 650 ҳазор  сомониро ташкил   кард, ки  нисбат ба соли гузашта 633,9 ҳазор  сомонӣ зиёд аст.
Кишоварзон дар ҳамаи бахшҳои истеҳсолот дар майдони 1438 гектар ғалладонагӣ, дар 4688 гектар картошка ва дар 255 гектар  сабзавот кишт намуданд, ки аз нақша зиёд аст.
Соҳаи чорводорӣ яке аз бахшҳои асосии хоҷагидорӣ ба шумор рафта, саршумори чорвои калон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ  28327  сар  буда, аз он 16224 сарро модаговҳо ташкил менамояд. Саршумори чорвои хурд ба 134283 сар расид. Қутоспарварӣ хеле рушд кард. Занбуриасалпарварӣ ба авҷи аъло расид. Истеҳсоли гӯшт 932,4 тоннаро ташкил дод. 1670 тонна шир ба фурӯш рафт. 571  ҳазор дона тухм истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли гузашта 9 ҳазор дона зиёд мебошад.
      
СОҲИБКОРӢ
Дастрасии соҳибкорон ва эҳтиёҷмандон ба хизматрасонии бонкӣ беҳбудӣ ёфт. Аз тарафи ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» ба 114 нафар ба маблағи 1 миллиону 227  ҳазор сомонӣ, ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ба 3 нафар ба маблағи 16,5 ҳазор сомонӣ, ФҚХ «Эҳёи кӯҳистон» ба 198 нафар ба маблағи 714  ҳазор сомонӣ, шуъбаи БДА “Амонатбонк” ба 69 нафар ба маблағи 649 ҳазор сомонӣ, ФҚХ “Боршуд” ба 67 нафар ба маблағи 545,9 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ, 3 миллиону 152,4 ҳазор сомонӣ қарз дода шуд.
Тибқи маълумоти нозироти андози ноҳия тариқи «Равзанаи ягона» дар шаш моҳи соли 2019 дар миқёси ноҳия 2483 субъекти соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст.
Шумораи соҳибкорони хурду миёна ба  583 нафар расидааст. Аз шумораи умумӣ 210 нафарро соҳибкорзанон ташкил менамоянд.

ФАРҲАНГ  
Дар ноҳия 51 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 28 китобхона, 10 клуб, 8 хонаи фарҳангӣ, 1 мактаби мусиқӣ, 1 боғи фарҳангӣ - фароғатӣ, 1 ансамбли тарона ва рақси “Садои Лахш”, 20 ёдгории таърихӣ ва 2 осорхонаи назди бахши фарҳанг фаъолият доранд.
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба таъмини риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидаанд.
Бо ин мақсад комиссияи доимии ноҳиявӣ таъсис гардида, дар асоси талаботи қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал менамояд.
Дар ҳудуди ноҳияи Лахш 103  комиссияи доимии ҷамъиятӣ, аз ҷумла  1 комиссияи доимии шаҳрак, 9 комиссияи доимии деҳотӣ ва 93 комиссияи ҷамъиятӣ таъсис дода шудаанд.
Дар  шаш моҳи соли равон бо фарогирии ҳайати комиссияҳои доимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 104  маротиба семинару машварат ва суҳбату вохӯриҳо гузаронда шуда, протоколҳо ба тавсиб расиданд.
 Дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 98 рейди муштарак, 4 санҷиши фаъолияти комиссияҳои доимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, комиссияҳои ҷамъиятии ташкилоту муассисаҳо ва комиссияҳои ҷамъиятии кумитаи маҳаллаҳоро доир намуда, 1 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд. Нисбат ба қонуншикан протоколи маъмурӣ тартиб ва барои баррасӣ ба суди ноҳия пешниҳод карда шуд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо назардошти пешравиҳои соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ҳанӯз ҳам имконияти рушд ва равнақ додани соҳаи саноату сохтмон, таъсис додани корхонаҳо ва коргоҳҳои саноатӣ бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва ба ин васила ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гардондани буҷети маҳаллӣ шароиту имкониятҳои зарурӣ мавҷуд мебошанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш фаъолияти худро баҳри иҷрои вазифаҳои аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда равона намуда, ҳамаи тадбирҳоро меандешанд, ки соли 2019-ро ба марҳилаи созандагию бунёдкориҳои азим ва муваффақиятҳои калони меҳнатӣ табдил дода, санаҳои муҳими таърихиро сарбаландона истиқбол гиранд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.09.2019    №: 167-168    Мутолиа карданд: 303

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед