| Бахшҳо |
| Президенти ҶТ |
| Ҳуҷҷатҳо |
| Ҷаласаҳо |
| "Ҷумҳурият" |
сиёсат
Шинохти вижагиҳои интихобот ё худ саволу ҷавобҳои маъмултарин оид ба баргузории он
Ба қалами Мирзоалӣ Болтуев, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саволу ҷавобҳои маъмултарин оид ба интихобот дар шакли маҷмӯа аз чоп баромад. Ин дастур дар асоси пурсишҳое, ки дар арафаи интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар зеҳни оммаи васеи мардум пайдо мегарданд, мураттаб шудааст. Муаллиф кӯшиш ба харҷ додааст, ки ба ҳамаи саволҳо дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» посухҳои мушаххас дода, дар бораи фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҷолиб маълумот бидиҳад.
Чунин иқдом шуури сиёсии шаҳрвандонро дар шинохти вазифаҳои асосии худ ҳангоми иштирок дар интихобот баланд бардошта, перомуни рисолати асосии Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ маълумоти зарурӣ медиҳад. Бо назардошти муҳимияти он мо тасмим гирифтем, ки бахше аз саволу ҷавобҳои онро манзури хонандагон гардонем.
Савол: Маҷлиси Олӣ чӣ гуна мақом мебошад?
Ҷавоб: Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон –мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва аз ду маҷлис -Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Мӯҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст.
Савол: Парламенти думаҷлиса ё Маҷлиси дупалатагӣ барои Тоҷикистон чӣ зарурат дошт?
Ҷавоб: Ташкили Маҷлиси дупалатагӣ тибқи Созишномаи сулҳи миёни тоҷикон аз таърихи 27 июни соли 1997 дар назар дошта шудааст. Ҳарчанд ташкили парламенти касбӣ барои ҷумҳурии мо хароҷоти зиёдеро тақозо мекунад, лекин Президенти мамлакат ба хотири сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба ин розӣ шуд.
Савол: Маҷлиси миллӣ чӣ гуна маҷлис мебошад?
Ҷавоб: Маҷлиси миллӣ 33 аъзо дорад, ки 8 нафари онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин менамояд ва 25 нафар аз ҳавзаҳои бисёрмандата интихоб мешаванд. Инчунин ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳақ даст накашад.
Савол: Маҷлиси намояндагон чӣ гуна маҷлис аст?
Ҷавоб: Маҷлиси намояндагон Маҷлиси доимоамалкунандаи касбӣ буда, аз 63 вакил иборат аст, ки онҳо ба мӯҳлати 5 сол аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита интихоб карда мешаванд. Вакилон овоздиҳандагони худро дар парламент намояндагӣ намуда, қонунҳои навро баррасӣ менамоянд ва барои қабули онҳо овоз медиҳанд.
Савол: Киҳо ҳуқуқи ба Маҷлиси намояндагон интихоб шуданро доранд?
Ҷавоб: Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки ба синни 25 расида, ҳадди ақал панҷ соли охир шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳиби таҳсилоти олӣ бошад.
Савол: Киҳо ҳуқуқи ба Маҷлиси миллӣ интихоб ва таъйин шуданро доранд?
Ҷавоб: Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ва таъйин шуда метавонад, ки ба синни 35 расидааст, соҳиби таҳсилоти олӣ ва ҳадди ақал 7 соли охир шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
Савол: Аъзои Маҷлиси миллӣ чӣ гуна интихоб мешаванд ва аз тарафи кӣ таъйин мегарданд?
Ҷавоб: 25 нафари аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим ва овоздиҳии пинҳонӣ дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд. 8 нафар аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Инчунин ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳақ даст накашад.
Савол: Интихоботи бевосита ва бавосита чӣ маъно дорад?
Ҷавоб: Интихоботи бевосита интихоботест, ки дар он ҳар як интихобкунанда метавонад овози худро ба ин ё он номзад диҳад; интихоботи бавосита интихоботест, ки дар он намояндагони ҳавзаҳо аз номи мардум овоз медиҳанд. Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бевосита мебошад, зеро онҳоро шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд, интихоб менамоянд. Интихоботи Маҷлиси миллӣ бавосита мебошад, зеро 2,3-и онҳоро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб мекунанд ва 1/3-и боқимондаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин менамояд.
Савол: Номзадҳоро ба Маҷлиси намояндагон киҳо пешбарӣ мекунанд?
Ҷавоб: Ҳар шахс метавонад номзадии худро ба тариқи худпешбарӣ ба мақомоти намояндагӣ (Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии вакилони халқ) пешниҳод намояд. Инчунин ҳизбҳои сиёсие, ки дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шудаанд, ҳуқуқи пешниҳод намудани номзадҳоро доранд.
Савол: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон кай таъсис дода мешавад ва аз чанд нафар узв иборат аст?
Ҷавоб: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пешниҳоди Президенти мамлакат Маҷлиси намояндагон дар давоми се рӯзи баъди таъйини интихобот ба мӯҳлати 5 сол интихоб мекунад, ки он аз раис, муовини раис ва 13 нафар узви комиссия иборат аст.
Савол: Гарави интихоботӣ чист?
Ҷавоб: Ҳар номзаде, ки ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шудааст, баъд аз санҷиши мувофиқати ӯ ба талаботи Конститутсия (Сарқонун) ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба суратҳисоби Комиссияи марказии интихобот ба миқдори 200 (дусад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағ месупорад.
Дар сурати интихоб шудани номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон гарави интихоботӣ ба ӯ баргардонда мешавад. Ҳангоми бекор кардани қарори бақайдгирии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва ё интихоб нашудани номзад ба вакилӣ гарави интихоботӣ ба буҷети давлат гузаронида мешавад.
Савол: Ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар маъракаи пешазинтихоботии худ аз кадом маблағ истифода бурда метавонанд?
Ҷавоб: Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пештар танҳо аз тарафи буҷети ҷумҳурӣ маблағгузорӣ карда мешуд. Баъд аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон, ки дар интихобот ширкат меварзанд, имконият дода шудааст, ки хазинаи интихоботии худро барои маблағгузории интихобот таъсис диҳанд.
Савол: Ҳадди ниҳоии хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ чӣ қадар аст?
Ҷавоб: Ҳадди ниҳоии хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ набояд аз 1500 (як ҳазору панҷсад) ва ҳизби сиёсӣ аз 30 000 (сӣ ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад.
Савол: Хазинаи интихоботиро дар куҷо мекушоянд?
Ҷавоб: Хазинаи интихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва ҳизби сиёсӣ дар суратҳисоби муваққатии махсуси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва шӯъбаҳои он нигоҳ дошта мешавад.
Савол: Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва ҳизбҳои сиёсӣ чанд нафар шахсони боэътимод дошта метавонад?
Ҷавоб: Ҳар як номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон метавонад то 5 нафар шахси боэътимод ва ҳизбҳои сиёсие, ки номзадҳоро пешниҳод намудаанд, то 5 нафар шахси боэътимод барои ҳар як номзади пешбарикардаашон дошта бошанд. Аъзои комиссияҳои интихоботӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судяҳо, хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд шахси боэътимоди номзад ба вакилӣ бошанд. Вазифаи шахси боэътимод аз намояндагӣ намудани номзад ё ҳизб дар маҷлисҳои пешазинтихоботӣ, дар рӯзи интихобот, дар участкаи интихоботӣ ҳузур доштан ва дигар ҳуқуқҳое, ки қонун муқаррар кардааст, иборат мебошад.
Савол: Интихобкунандагоне, ки берун аз марзи ҷумҳурӣ ҳастанд, метавонанд дар интихоботи Маҷлиси Олӣ ширкат варзанд?
Ҷавоб: Бале, дар рӯзи интихобот интихобкунандагоне, ки дар хориҷи кишвар истиқомат мекунанд, дар сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлатҳои хориҷа воқеанд, овоз дода метавонанд. Барои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бештари онҳо дар Федератсияи Русия кор ва истиқомат мекунанд, дар шаҳри Москва участкаи интихоботӣ ва дар шаҳрҳои калонтарини он Санкт –Петербург, Новосибирск, Самара, Волгоград, Кемерово, Екатеринбург ва дигар шаҳрҳо овоздиҳӣ ташкил хоҳанд ёфт.
Савол: Дар ҳар участка ва ҳавзаи интихоботӣ чанд нафар интихобкунанда овоз дода метавонад?
Ҷавоб: Дар маҳалҳое, ки на камтар аз 20 ва на зиёда аз 3000 интихобкунанда доранд, участкаҳои интихоботӣ ташкил кардан мумкин аст. Ҳавзаҳои интихоботӣ дар ҳудуди 70 000 интихобкунанда созмон дода мешаванд. Як нафар узви танҳо як комиссия буда метавонад.
Савол: Киҳо узви комиссияҳои интихоботӣ шуда метавонанд?
Ҷавоб: Ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқи узви комиссия шуданро доранд, ба ғайр аз номзадҳои аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, судяҳо, прокурорҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шахсони боэътимоди номзадҳо.
Савол: Узви комиссияҳои интихоботӣ дар давраи тайёрӣ ва гузаронидани интихобот аз иҷрои вазифаҳояш озод буда метавонад?
Ҷавоб: Бале. Дар ин сурат музди миёнаи корашон аз ҳисоби маблағе, ки барои гузаронидани интихобот ҷудо мегардад, пардохта хоҳад шуд.
Савол: Аз теъдоди умумӣ, яъне 63 нафар вакили Маҷлиси намояндагон чанд нафар бо роҳи якмандата ва чанд вакил тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ интихоб мешавад?
Ҷавоб: Аз 63 вакил 41 нафар дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот ва 22 нафар аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот интихоб мешавад.
Савол: Номзад барномаи пешазинтихоботии худро чӣ гуна таблиғ мекунад?
Ҷавоб: Ҳамаи номзадҳо дар асосҳои баробар метавонанд аз тариқи радио, телевизион ва матбуот барномаҳои пешазинтихоботии худро фаҳмонанд. Барномаи пешазинтихоботии номзадҳо набояд хилофи Конститутсияи (Сарқонуни) ҷумҳурӣ ва қонунҳои амалкунанда бошад. Илова бар ин, ҳар як номзад ҳуқуқи истифодаи 15 дақиқа ва ҳар як ҳизби сиёсӣ 30 дақиқаи бепулро дар радио ва телевизиони давлатӣ дорад.
Савол: Бюллетенро чӣ гуна хат мезананд?
Ҷавоб: Дар бюллетени ҳавзаҳои якмандата номи як ва зиёда номзад навишта шудааст. Шахсеро, ки ба тарафдориаш овоз медиҳед, монда, номи дигаронро хат мезанед. Рӯйхати ҳизбиро ҳам ҳамин хел пур мекунед. Яъне ба истиснои ҳизбе, ки ҷонибдорӣ мекунед, дигар ҳамаашро хат мезанед. Бюллетени интихобот, ки дар он зиёда аз як номзад ё ҳизби сиёсӣ мононда шудааст, беэътибор шуморида мешавад. Бюллетене, ки тамоми номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ хат зада шудаанд, боэътибор аст.
Савол: Дар кадом маврид ба ҷои дигарон овоз додан мумкин аст?
Ҷавоб: Ҳар шахс бояд худаш овоз диҳад. Ба ҷои дигарон овоз додан манъ аст. Шахсе, ки бюллетенро мустақилона пур карда наметавонад, метавонад бо салоҳдиди худ ягон шахси холисро, ғайр аз аъзои комиссияи интихобот, нозирон, намояндагони васоити ахбори омма ба дохили ҳуҷра даъват кунад ва иродаи худро изҳор намояд ва он шахс ба ӯ ҷиҳати пур кардани бюллетен кӯмак расонад. Овоздиҳӣ аз соати 6-и субҳ то 20-и бегоҳ сурат мегирад. Барои ашхоси бемор қуттиҳои сайёр мебаранд. Дар ҳолати номбурда узви участкаи интихоботӣ ба хонаи чунин интихобкунандагон омада, ба онҳо имконият медиҳад, то бо истифодаи қуттиҳои сайёр овоз диҳанд.
Савол: Ҳисоби бюллетенҳо чӣ гуна сурат мегирад?
Ҷавоб: Ҳисоби бюллетенҳо дарҳол баъд аз ба анҷом расидани овоздиҳӣ сурат мегирад. Қабл аз ин дар ҳузури нозирон бюллетенҳои истифоданашуда ва вайронро аз ҳисоб мебароранд ва қисми рости поёнии онҳоро мебуранд. Сипас раиси комиссияи интихоботӣ ба аъзои комиссия, намояндагони аҳзоби сиёсӣ, шахсони боэътимод ва намояндагони васоити ахбори омма иҷозат медиҳад, то мӯҳрҳои қуттиҳои овоздиҳиро пеш аз кушодан тафтиш кунанд. Танҳо пас аз ин амал ҳисоби овозҳо оғоз мешавад.
• Аввал бюллетенҳои қуттиҳои сайёр шуморида мешаванд. Баъд аз ин узви комиссия ҳисоби бюллетенҳои қуттиҳои дар дохили участкаи интихоботӣ бударо оғоз мекунад.
• Бюллетенҳо бояд аз рӯи намудашон ҷудо карда шаванд (яъне, бюллетенҳо барои рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳои якмандатӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ).
• Ҳисоби ҳар намуди бюллетенҳо бояд бонавбат сурат гирад. Шуморидани бюллетенҳо аз рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ оғоз мегардад. Сипас бюллетенҳои номзадҳои якмандатӣ ҳисобида мешаванд. Дар охир бюллетенҳои номзадҳо ба ҳар як маҷлиси маҳаллӣ алоҳида шуморида мешаванд.
• Натиҷаи ҳисоби ҳар як намуди бюллетенҳо бо овози баланд эълон мешавад ва ба протокол сабт мешавад.
• Узви комиссияи интихоботӣ бояд ду нусхаи протоколро бо натиҷаи овоздиҳӣ бо ручка имзо намояд.
• Як нусхаи протокол дарҳол ба комиссияи болоӣ фиристода шуда, нусхаи дувум дар давоми се рӯз дар девори участкаи интихоботӣ барои шахсони боэътимод ва нозирон овехта мешавад.
Савол: Мандати вакилӣ аз рӯи аҳзоб чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?
Ҷавоб: Ҳизби сиёсие, ки камтар аз 5 фоизи овозҳоро гирифта бошад, аз гирифтани мандати вакилӣ маҳрум мешавад. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи умумии овозҳои интихобкунандагонро ба 22 (квотаи ҳизбҳо) тақсим мекунад. Натиҷаи он шумораи овозҳоест, ки барои як мандат лозим аст. Баъд миқдори овозҳои ҳар кадом ҳизб гирифта мешавад. Натиҷаи он шумораи мандати вакилоне мебошад, ки онро ҳизб соҳиб шудааст. Агар боз мандатҳои тақсимнашуда боқӣ монанд, онҳо дуюмбора тақсим карда мешаванд. Мандатҳои тақсимнашуда яктогӣ ба аҳзоби сиёсие дода мешаванд, ки бақияи овози гирифтаи онҳо зиёд аст.
Савол: Натиҷаи пешакӣ ва ниҳоии интихоботи Маҷлиси Олӣ кай дар матбуот чоп мешавад?
Ҷавоб: Натиҷаи пешакии интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон аз тариқи воситаҳои ахбори омма дар муддати 24 соати баъди ба охир расидани интихобот эълон карда мешавад. Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборро дар бораи натиҷаи интихоботи саросари ҷумҳурӣ ва рӯйхати аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар муддати на дертар аз ду ҳафта баъди интихобот интишор мекунад.
Савол: Агар дар рӯзи интихобот ба участкаи интихоботӣ рафта, номи худро дар рӯйхати интихобкунандагон наёбам, чӣ бояд кунам?
Ҷавоб: Пас аз пешниҳоди ҳуҷҷате, ки шахсияташро тасдиқ мекунад, ҳар як интихобкунанда, ки дар рӯйхати интихобкунандагон сабт нашудааст, дарҳол ба рӯйхати иловагӣ дохил карда мешавад.
Савол: Оё ба намояндагони васоити ахбори омма иҷозат дода мешавад, ки дар участкаи интихоботӣ қарор дошта бошанд?
Ҷавоб: Бале. Дар моддаҳои 8, 81, 82 ва 38-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидааст, ки намояндагони васоити ахбори омма метавонанд дар участкаи интихоботӣ ҳузур дошта бошанд ва ҷараёни интихоботро мушоҳида кунанд.
Дар маркази дилхушӣ таркиш
ба амал омад
Хабарҳои охирин
07.09.2010
Наврӯз ҷашни байналмилалии
кишварҳои узви САҲА эълон шуд
Душанбе: 15 иншоот мавриди истифода қарор гирифт
Барномаи ҷаҳонии озуқа: лоиҳаи нав роҳандозӣ гардид
7 корхонаи хишт ба кор даромад
«Шашболоӣ» 200 оиларо бо барқ таъмин мекунад
Медведев дар Қазоқистон. Кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?
Президенти Афғонистон шӯрои гуфтугузор бо толибонро созмон дод
Гурӯҳи баскҳо - ЭТА оштӣ эълон кард
Тағйири шеваи ҷангии Амрико дар Афғонистон
Чилӣ: кӯҳканҳо як моҳ боз дар зери заминанд
04.09.2010
Ҳомиди Карзай: дар пайи
ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд
Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд
Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр
Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд
Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ
Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият
Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид
Таркиш дар Хуҷанд: 25 нафар захм бардошт
Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?
Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ
Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест
Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд
02.09.2010
Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо
Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд
Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд
Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд
Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад
Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!
Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд
Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010
31.08.2010
Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад
| Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед |
|---|