logo

иҷтимоиёт

КӮШОНИЁН. ЧАРО ХОНАНДАГОН БО ЛИБОСИ МАКТАБӢ ТАЪМИН НАШУДАНД?

Мутаассифона, ҳарчанд соли нави таҳсил оғоз гардидааст, хонандагони баъзе аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён, то ҳол бо либоси мактабӣ  таъмин нашудаанд. Ин дар ҳолест, ки хонандагон як қисми маблағро пешпардохт кардаанд.
Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳияи Кӯшониён, ҳалли масъалаи сари вақт ва бо сифати хубу нархи дастрас таъмин намудани либосҳои мактаббачагонро дар бунёди корхонаи нисбатан калон ва ҷалби дӯзандаҳои чирадасту таҷрибадори ҳудуди ноҳияи хеш мебинад. 
- Теъдоди занони қобили меҳнат, ки ба дӯзандагӣ рағбат доранд, дар ноҳия кам нестанд. Ҳарчанд дар 8 ҷамоати деҳоти ноҳия коргоҳҳои хурди дӯзандагӣ фаъолият доранд ва ба дӯхтани либосҳои мактабии духтарона машғуланд, аммо қисми зиёди дӯзандаҳо аз уҳдаи дӯхтани либосҳои мактабии бачагона намебароянд. Лозим омад, ки бо корхонаҳои нисбатан калони кишвар ҳамкорӣ намоем.  Ҷиҳати таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ бо корхонаҳои дӯзандагии «Ресанда» - и шаҳри Бохтар ва «Равзанаи Юсуф» - и шаҳри Душанбе шартномаи ҳамкорӣ баста, барои хонандагон дар соли таҳсили нав 26430 адад либоси ягона дархост кардем, - гуфт ӯ.
Дар 59 муассисаи таълимии ноҳия 52460 хонанда таҳсил менамояд ва ин миқдор хонандаро дар ҳоле бо либоси мактабӣ  таъмин кардан имконпазир аст, ки дар ноҳия амалисозии чорумин ҳадафи стратегии кишвар -     саноатикунонии босуръат тезонда шавад. Ҳоло ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёду навсозии  303 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, барои ҳалли мушкилоти либоси мактабӣ як корхонаи калони дӯзандагӣ бунёд мегардад. Дар мавриди амалишавии ин иқдом масъала то як андоза ҳал мешавад ва волидайн барои фарзандонашон имкони фарохи интихоби либосро  дармеёбанд.
Мутаассифона, соли нави таҳсил оғоз ёфту ҳанӯз ҳам бархе аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён гирифтани либосҳои дархостакардаашонро интизорӣ мекашанд. Аз ҷониби коргоҳҳои дӯзандагӣ ба таъхир афтодани муҳлати дӯхтани либосҳо беэътиноӣ нисбат ба фарзандони мактабхони мо мебошад, ки Рӯзи донишро бидуни либосҳои ягонаи мактабӣ истиқбол гирифтанд. Ин дар ҳолест, ки рушди соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Масъулони соҳаи  маориф,  истеҳсолот, хусусан бахши дӯзандагии саноат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро лозим аст, то аз  усулҳои афзалиятнок кор гиранд ва дар Рӯзи дониш, ки барои ҷомеа, хосса хонандагон, лаҳзаи хотирмон аст, минбаъд чунин ҳолати ногувор рух надиҳад.          
Анвар ҲАФИЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.09.2019    №: 170    Мутолиа карданд: 1576

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед