menu Бахшҳо
menu Президенти ҶТ
menu Ҳуҷҷатҳо
menu Ҷаласаҳо
menu "Ҷумҳурият"
 

иҷтимоиёт

Кӯлоб-абаршаҳри зиёратӣ ва гардишгарӣ

Абаршаҳр –  яъне чӣ?

«Абаршаҳр» истилоҳест, ки тақрибан солҳои ҳафтод-ҳаштоди асри бист дар Ғарб пайдо шуд ва ба маънии шаҳрест фавқулода, яъне шаҳре, ки ё аз ҷиҳати шумораи нуфус дар нисбати сойири шаҳрҳо бисёр қобили таваҷҷӯҳ аст ва ё бартариҳои билфеъле дорад, ки аз он хеле шаҳрҳо маҳруманд. «Абаршаҳр» дар мафҳуми аввал бо истилоҳи «мегаполис» мувофиқат дорад, ки онро ба форсӣ «калоншаҳр» тарҷума кардаанд, ки шаҳрҳои хурду нохурди пиромунашро дар хеш фурӯ мебарад ва номе аз онҳо дар таърих боқӣ мегузораду халос. Шаҳрҳои Нию-йорк, Мехико, Токио ва Шанхай аз ин зумраанд, ки ҳар кадом наздик ба 20 миллион ва ё афзун аз он ҷамъият доранд. Пойтахти мо –Душанбе ҳам дар тӯлонимуддат ба чаҳор ҷониб то шаҳру шаҳракҳои Варзоб, Сомониён, Регар ва Файзобод доман паҳн мекунад ва ин ҳамаро мебалъад ва дар он шояд ниме аз аҳолии Тоҷикистон сукунат хоҳад дошт; агарчӣ калоншаҳр нашавад, аммо ба ин истилоҳ наздикӣ меҷӯяд.
Аммо «абаршаҳр» дар истилоҳи баъдӣ аз нигоҳи сернуфусӣ шоёни таваҷҷӯҳ нест, балки афзалиятҳои хосе дорад. Шаҳрҳое мисли Макка, Мадина, Машҳад, Байтулмуқаддас, Қуния, Бухоро ва Самарқанд дар ин радиф қарор доранд. Ду шаҳри аввал конуни сарзамини муқаддас, фурудгоҳи ваҳй ва нузулгоҳи малоика ва дару деворашон назаргоҳи Хотами анбиё (с) буда, бузургтарин қутбҳои зиёратии ҷаҳони ислом маҳсуб мешаванд ва дар давоми як сол дар маросими ҳаҷ ва умра даҳҳо миллион зоир аз саросари кишварҳои исломӣ гирди ҳам меоянд, изҳори якимонӣ, якзабонӣ, якфикрӣ ва якдилӣ менамоянд, садои пурнишоти «Лаббайка»-ро сар медиҳанд, бо муштоқӣ тавофи Хонаи Худо ва Равзаи Муборак мекунанд, бо Холиқи хеш розу ниёз мегӯянд ва таҷдиди мисоқ менамоянд. Беш аз 20 миллион шиа аз дохил ва хориҷи Эрон солона ба зиёрати ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (р) –имоми ҳаштуми худ мушарраф мешаванд. Байтулмуқаддас барои намояндагони ҷамеи адёни иброҳимӣ –яҳудият, масеҳият ва ислом (аввалин қиблаи муслимин ва меъроҷгоҳи Ҳазрати Расули акрам (с) шаҳри қудсӣ мебошад ва миллионҳо зиёратгар аз ҳафт иқлими дунё ба он ҷо сарозер мешаванд. Қуния шаҳрест воқеъ дар Туркия, ки дар он оромгоҳи босафои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки аз саршиностарин авлиё ва шуарои илоҳӣ буда, ҳафтоду ду миллат ва тариқатро ба ҳамфаҳмию ҳамраъйӣ фаро хондааст, ҷой дорад ва дилбохтагони осори ӯ соле ба андозаи 2 миллион тан аз зиёраташ файзу баракат меҷӯянд. Вале Бухорову Самарқанд, ҳарчанд зиёратгоҳҳои афзуне доранд, ба унвони марказҳои таърихию фарҳангӣ машҳуранд ва ҷаҳонгардон меоянд, то аз ҳазор соли умри ин ду шаҳри Орёно дидан кунанд ва бо таърих тамос ҳосил намоянд.
Аҷабо, номи Кӯлобшаҳри гумному назарногирро дар ин ду феҳрист намебинем ва оё обмӯрии мо воқиан аз боғ калон нест?

Оянданигарӣ магар имкон дорад?

Инсон ягона махлуқест дар гетӣ, ки тавонмандӣ дорад ҳам ба гузашта ва ҳам ба оянда бинигарад. Аммо ин биниш ду гуна бувад. Яке ояндабинии ботинӣ, ки махсуси анбиёву авлиёст. Онон қодиранд ба гузаштаву оянда нигоҳ афкананд ва ҳатто сафаре анҷом диҳанд. Паёмбари гиромии ислом (с) ҳудудан 1300 сол пеш аз ҷанги Исроилу Фаластин чунин пешгӯӣ кардааст: «Аз Фаластин то Шом ҷабҳае эҷод хоҳад шуд, ки то рӯзи Қиёмат идома хоҳад ёфт». Ё Нострадамуси фаронсавӣ ба тахмин 400 сол қабл бо калимоти рамзомез ҳафтод сол дар зулмат ғӯтидани Русияро, ки манзураш низоми коммунистист, баён намудааст. Инон афроди фароодӣ буданд ва аз ин басират одамони одӣ бенасибанд.
Дигаре ояндабинии зоҳирӣ, ки тавассути гавҳари ақл, мантиқ ва истидлол ҳосил шавад, ки вижаи рӯшанфикрон, донишмандон, сиёсатшиносон ва сиёсатмадорони соҳибтадаббуру соҳибтадбир аст. Тарҳрезии ояндаи як кишвар барои 15-20 сол дар айёми мо як падидаи маъмулӣ ба назар мерасад. Нигаристан ба ояндаи Меҳан ҷустани тарҳи як зиндагии осудатару шодтар барои ҳаммеҳанон мебошад.
Қобили тазаккур аст, ки дар байни мардуми авом сухане роиҷ бувад, ки ҳукми мақолро гирифта: «Кулли явмин батар». Аз манзари ҷонибдорони ин сухан роҳе барои хушбахтии заминӣ барои башар вуҷуд надорад, чунки сиёҳии фардо аз имрӯз бештар аст ва ҳеҷ хушиву хуррамӣ дар пай надорад. Аммо таърих гувост, ки башар ба сӯи камол ҳаракат дорад, асри бисту яки мо бо асри бисту яки то милод ҳеҷ қобили муқоиса нест. Чӣ таҳаввулоти азиму шигарфе дар дунё падид омада! Таҷрибаи таърихии замони мо нишон медиҳад, ки башар бо иттако ба донишу дин, ба хираду ахлоқ, бо ҳамзистии мусоламатомез бо ҳамаи халқҳо ва фарҳангҳо ва бо баҳраварӣ аз дастовардҳои инқилоби илмию техникӣ ва бо назардошти ҳифзи муҳити зист шоистагӣ дорад рӯзгори хешро хеле беҳбуд бахшад ва аз неъматҳои моддию маънавӣ баҳраи бештар бардорад. Рӯзгори мамолики мутараққии дунё бурҳони гӯё барои ин иддаост. Дарвоқеъ имрӯз башар дар беҳтарин, шодтарин ва амнтарин замоне аз таърихи ҳудудан даҳҳазорсолаи хеш ба сар мебарад, бо он ки бо мушкилоти азиме чун одамрабоӣ, парваришу фурӯши моддаҳои нашъовар, ифротгароӣ, даҳшатафканӣ (терроризм) ва таҳдидоти ҷанги атомию гармоиши ҷаҳонӣ рӯ ба рӯст. Вале ин гуна чолишҳо ба суратҳои мухталиф ҳамеша вуҷуд дошт. Бобоёни мо бо ҷеғи хурӯс бедор мешуданду бо ҷеғи хурӯс мехобиданд, хонаи сарватмандонро чароғи милмилак базӯр рӯшан мекард ва аксари қотеи мардум насибе аз неъмати саводу маърифат надошт. Аммо имрӯз мардум ағлаб дар хонаҳои барҳаво ва мунаввар аз нерӯи барқ зиндагӣ доранд, соҳибсаводанд ва ҷаҳонро тавассути ойинаи ҷаҳоннамо дар кошонаи худ мебинанду дар он сайру саёҳат мекунанд.
Орзуи зиндагии беҳтар орзуи ҳар инсон, ҳар миллат ва ҳар ҷомеа бувад, пас бо умед ва имон нигоҳе ба оянда меандозем.

Руҷӯе ба дирӯз ва имрӯз

Кӯлоб бо мавқеият ёфтан дар баландии 640-680 метр аз сатҳи дарё (баҳр) ва бо ҳудудан дусад ҳазор аҳолӣ шаҳрест дар ҷануби кишвар, ки дар давраи шӯравӣ муддатҳо маркази вилоят буд.
Кӯлоб баъди Инқилоби уктобр ба ҳаёти дубораи хеш оғозид ва дар солҳои истиқлоли миллӣ, хусусан бо таҷлили 2700 –солагии зодрӯзаш, ободтару дилоротар гашт. Бо Қӯрғонтеппа бо роҳи оҳан васл шуд. Бунёди фурудгоҳи байналмилалӣ ва шоҳроҳе ба сӯи Мурғобу ағбаи Кулма хуни тозае дар шарёнаш ҷорӣ сохт ва аҳамияти савқулҷайшиашро афзуд.
Сарзамини Хатлон, ки Кӯлоб дили тапандаи кунунии он аст, пойгоҳи пояндаву намирандаи забону адаб, ҳувияту арзишҳои орёӣ буду ҳаст. Лаҳҷаи ширини хатлониён бо гӯйиши мардуми Балхи бомӣ қаробат дорад. Яке аз куҳантарин ва дилнишинтарин таронаҳои мардумии форсии нав ба Хатлон марбут аст ва қариб 1300 сол саргузашт дорад; он гоҳ ки соли 725 Асад ибни Абдуллоҳ –волии Хуросони хилофати Умавиён ба Хатлон лашкар кашиду шикаст хӯрд, бачаҳои балхӣ ин таронаро бадоҳатан замзама карданд:
Аз Хуталон омадия,
Ба рӯ табоҳ омадия,
Овор боз омадия,
Хушку низор омадия.
Вале ҷои шигифтист, ки Сомонхудот –мӯбади оташкадаи Навбаҳори Балх, бузургниёи Амир Исмоили Сомонӣ, ин волии шикастхӯрдаро бо эъзозу эҳтиром пешвоз гирифт, ба дасти ӯ ислом овард ва бо ҳамин дар амри таърихии ба сари қудрат овардани набераҳояш ва миллати муаззаму мукаррами тоҷик асос гузошт.

Қадамҷои азизон

Хиттаи муборакаи Хатлон қадамгоҳи азизону бузургони Худост. Ҳар ҷо ки по мениҳед, бо марқаде, бо мазоре, бо бузургворе вомехӯред, ки мавриди такриму таъзими мардум қарор доранд.              
Бархе аз ин мазорот рамзианд ва бо азизе, ки зиёратгоҳ ба исми мубораки ӯст, рабте надоранд. Мақбараи Ҳазрати Султон воқеъ дар 18 - километрии шаҳраки Ховалинг аз ин қабил аст. Султон Увайси Қаранӣ дар ҷанги Сиффин дар сипоҳи Ҳазрати Алӣ (к) алайҳи Муовия ибни Абӯсуфён (р) ҷангиду ҷоми шаҳодат нӯшид ва дар ҳамон ҷо ба хок супурда шуд. Мазороти Имом Ҷаъфари Содиқ ва Ҳазрати Имом Аскарӣ (ҳар ду дар Даштиҷум) низ ба ин пешвоёни аҳли ташайюъ нисбат надоранд. Яке дар Мадина мадфун аст, дигаре дар Сомирро.
Мазорҳои намодин дар сартопои Хуросони Бузург фаровон дида мешавад, баъзе ба ҷои парастишгоҳҳои басо куҳан дубора бозсозӣ гашта, чеҳраи исломӣ гирифтаанд ва баъзе аз тариқи хоби солеҳон амре ҷиҳати бунёдашон шудааст. Нақл аст, ки Султон Ҳусайни Бойқарои Темурӣ дар хоб Расули акрам (с)-ро дид, ки фармуд, то барои Алӣ (к) дар наздикии Балх зиёратгоҳе дуруст кунад. Ҳамин тавр таҳкурсии шаҳри Мазоришарифро гузоштанд ва ҳол он ки Ҳазрати Алӣ (к) дар масҷиди ҷомеи Куфа ба шаҳодат расида ва дар Наҷаф хоксупорӣ шуда буд.
Аммо аксари мазорҳои Хатлон асолат ва решаи таърихӣ доранд. Мазороти Хоҷа Шақиқи Балхӣ, Шайх Муҳаммадамини Валӣ, Шайх Ёрмуҳаммади Валӣ, Мир Саййид Ҳасани Исфаҳонии маъруф ба Шоҳихомӯш (писархолаи Шайх Абдулқодири Гелонии маъруф ба Ғафсулаъзам), Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Обидин, Мавлоно Тоҷиддин, Мир Саййид Ҷалолиддини Гулдаста, Хоҷа Исҳоқ, Сайидабибии Робиамоҳ, Ҳазрати Бибинав, Ҳазрати Бибисавро, Шайхи Марванда, Хоҷаи Сабзпӯш, Пири Хоҷаи Дарёбор, Хоҷа Порсои Валӣ, Бобошоҳи Валӣ, Хоҷа Хурдаки Валӣ, Шайх Неъматуллоҳи Валии Зарробӣ аз ин силсилаанд. Ин силсила дароз аст, вале мо бо зикри ин чанд номи ҳумоюн басанда мекунем. Ин арҷмандон ҳама ё аз маконе валипарвар ба Хатлон омадаанд ва ё дар ҳамин вилоят чашм ба гетӣ гушуда ба вилоят расидаанд.

Баҳсе дар бораи авлиё

Чаро мӯъминон бо ишқу алоқаи фаровон, бо паймоиши роҳи дурударози шикӯҳу гарон, бо таҳаммули ранҷу азиятҳои сангин ба зиёрати мазоре шарафёб мешаванд, то бо Офаридгори Якто ба гуфтугӯ бипардозанд ва хостаҳои дунявию ухравиашонро ба миён гузоранд? Чаро иродатмандони Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ дар деҳи Тӯдакафш кафшҳоро раҳо карда, пойи пиёда чанд километр роҳро бо ҳаяҷону валвала менавардиданд? Ин ҷо чӣ розе ниҳон аст?
Авлиё (ё валиён, ба забони русӣ «святые») ворисони барҳаққи Ҷаноби Паёмбаранд (с) ва мардумро ба роҳи рост иршоду ҳидоят менамоянд, аз дину диёнат, аз маънову маънавият бо қотеъият дифоъ мекунанд, онҳоро густариш медиҳанд ва таҳким мебахшанд. Эшон ошиқони ҳақиқии Худоянд, на дунё меҷӯянду на охират, фақат Худоро меҷӯянд. Эшон бо анҷоми тамоми аҳкоми илоҳӣ, бо ҳукумат бар деви нафс, бо тасфияи ботин ва тазкияи қалб, бо сайру сулуки рӯҳонӣ сифоти инсонии худро ба сифоти илоҳӣ бадал сохта ба Ҳазрати Ҳақ расида («Расад одамӣ ба ҷое ки ба ҷуз Худо набинад»), ба мақоми вилоят даст ёфта ва соҳиби каромот шудаанд.
Ҷиҳати он ки хонандаи мӯҳтарам ба аслу ҳақиқати ҷойгоҳи авлиё дар силсилаи маротиби ҳастӣ воқиф шавад, дар ин замина се байт аз Мавлонои Балх, ки худ аз акобири авлиёуллоҳ аст, ба ҳайси бурҳони қотеъ меоварем.
Мегӯяд:
Эй ахӣ, гар авлиёро ёфтӣ,
Ту яқин медон, Худоро ёфтӣ!
Худои Мутаъол дар як ҳадиси қудсӣ мефармояд: «Чун бандаи Ман бо мустаҳҳабот ба Ман наздик мешавад, то ин ки дӯсташ медорам; пас агар дӯсташ доштам, шунавоиаш мешавам, ки бо он мешунавад, биноиаш, ки бо он мебинад, забонаш, ки бо он сухан мегӯяд, дасташ, ки бо он мегирад». (Сад ҳадиси қудсӣ. Душанбе, 2009, с. 31). Чунон ки пайдост, авлиё чашм, гӯш, забон ва дасти Худоянд; ба таъбири дигар инсонҳои Худовораанд ва сӯҳбат бо эшон, дар ҳақиқат, сӯҳбат бо Худост.
Мавлоно боз мегӯяд:
Офтоби офтобанд авлиё,
Офтоб аз нурашон гирад зиё.
Офтоб –ситораи пурфурӯғи осмон, ки ба юмни он ҳарорату ҳаёту нишот дар кураи торику сарду андӯҳноки Замин садҳо ҳазор сол барпост, дар пеши авлиё хурду ночизу ҳақир аст, онон басо пурнуру пурзиётар аз Офтобанд ва аз эшон нуру зиё касб мекунад.
Мавлоно бозу боз мегӯяд:
Авлиё доранд қувват аз Илоҳ,
Тири рафта бозгардонад зи роҳ.
Ҳар тир ки аз камон барҷаҳад, асло барнагардад. Ҳафт миллиард одами рӯи дунёро як ҷо гирд оваред ва аз камон тире холӣ кунед ва аз онҳо хоҳед, ки тирро баргардонанд, зинҳор натавонанд, зеро оҷизу нотавонанд. Аммо мушрикони Макка аз Паёмбари акрам (с) талаб карданд, ки моҳро дуним кунад. Ҳазрат бо иҷозаи Парвардгор ин корро анҷом дод, зеро ӯ шоҳаншоҳи анбиёву авлиёи олам аст. Ҳар ки ба мақоми вилоят расад, низ ба ин амр қодир аст, ба шарте ки Худованд изн фармояд.
Имоми Аъзам (р) –пешвои мазҳаби мо аҳли ҳам шариат, ҳам тариқат ва ҳам ҳақиқат буд ва бад-ин рӯй зиёрати мазорҳо дар ин мазҳаб ҷоиз аст. Ҳар мазор макони хоси назаркардаи илоҳист ва дар он ҳаёти осмонӣ ҳамвора меҷӯшад. Мардум ба далеле ба зиёрати мазорот мешитобанд, то Худоро зиёрат кунанд, назру ниёз оваранд ва муродашон ҳосил шавад ва корашон барор гирад.
Бо дастури илоҳӣ мазороти авлиё дар аксари нуқоти дунёи ислом ба вуҷуд омадаанд, то имонмандони нодору нотавон аз файзу футӯҳи ҳаҷ бенасиб намонанд. Баъзе аз авлиё монанди Хоҷа Аҳмади Ясавӣ ва Хоҷа  Баҳоуддини Нақшбанд ҳатто зиёрати се  бори хокҷои як валиро ба як ҳаҷҷи акбар баробар донистаанд.

Саййидуссодот, солори аҷам

Ифтихору иштиҳори шаҳри Кӯлоб ин аст, ки дар синаи поки хеш пайкари мутаҳҳари Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ (1314 – 384) –орифи кабир ва валиюллоҳи беназирро, ки машҳур ба Амири Кабир, Алии Сонӣ, Шоҳи Ҳамадон ва Ҳазрати Амирҷон аст, чун гавҳар дар садаф маъво додааст. Ин бузургвор пас аз ҳифзи Қуръон ва фарогирифти илмҳои мутадовили замон бо амри Шайх Шарофуддин Маҳмуд ибни Абдуллоҳи Маздақонӣ -мурид ва халифаи Шайх Алоуддавлаи Симнонӣ, намояндаи аъзами силсилаи кубравия ба нийяти таблиғу талқини ислом ба сайри офоқу анфус баромад, се навбат маъмураи оламро гардид, ба зиёрати ҳазору чаҳорсад тан аз авлиё мушарраф гашт ва аз баракоти рӯҳонӣ ва фуюзоти ботинии онҳо баҳра ёфт.
ӯ се бор ба Хатлон сафар кард, аз мардуми он муҳаббату самимият, сидқу ихлос дид, ягона духтари худро ба издивоҷи Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ –муриду халифаи худ даровард ва ин сомонро ватани дуюми худ хонд. Чаҳор бор ба Кашмири ҷаннатназир, ки мардумаш ғолибан бутпараст буданд, қадам ранҷа кард ва Султон Шиҳобиддин –фармонравои он хиттаро иршод фармуд. Дар дафъаи сеюм бо ҳафтсад нафар олим, фозил ва ҳунарманди эронӣ дар мавзеи Сринагар, дар канори рӯди Ҷаҳлам, хонақоҳе сохт ва ба кори таблиғу ишоаи дин пардохт. Он Ҳазрат ҳамроҳи ёронаш Кашмирро, ки дар ширку ҷаҳолат ба сар мебурд, ба мусалмонобод табдил дод ё ба сухани доктор Рӯшани Оробегим, устоди Донишгоҳи Карочӣ, «ин зулматкадаро бо нури шамъи ислом мунаввар сохт». (Маҷаллаи «Армуғон», шумораи 4, Душанбе, сентябри соли 1995, с. 12. Минбаъд: Армуғон). ӯ фарҳанг ва ҳунарҳои эронии исломӣ (монанди қолибофӣ, заргарӣ ва кандакорӣ)-ро  дар Кашмир ончунон устувор гардонд, ки Кашмир ба номи «Эрони сағир (хурд)» маъруфият ёфт. Аллома Иқболи Лоҳурӣ, ки ниёгонаш кашмирӣ ҳастанд, дар бораи мақоми воло ва хадамоти азими исломии ин бузургвор аз сари иродат чунин мегӯяд:
Саййидуссодот, солори Аҷам,
Дасти ӯ меъмори тақдири умам...
Муршиди он кишвари минуназир,
Миру дарвешу салотинро мушир.
Хиттаро он шоҳи дарёостин
Дод илму санъату таҳзибу дин.
Офарид он мард Эрони Сағир
Бо ҳунарҳои ғарибу дилпазир.
Ба навиштаи доктор Эҳсонуллоҳи Алии Истахрӣ, мардуми Покистон аз Шоҳи Ҳамадон ситоиши бисёр мекунанд ва ҳанӯз пас аз даргузашти садаҳо мусалмонони Кашмир рӯи дил ба Ҳазрати ӯ доранд (яъне ба ӯ иродат меварзанд). Саййид афзун бар он ки аҳолии Кашмирро ба ифтихори ислом ташриф дод, ҳунар ва санъат ва фарҳанги Эронро ба армуғон ба он сарзамин бурд». (Армуғон, с. 6).
Ба қавли доктор Алиасғари Ҳикмат «Ҳанӯз ҳам Хонақоҳи муало ё Масҷиди Шоҳи Ҳамадон дар шаҳри Сринигари Кашмир дар маҳаллаи Алоуддинпур –он ҷо ки нахустин бор намоз гузорида буд, назди кашмириён аз амокин (ҷойҳо)-и муқаддаса шумурда мешавад. Ҳатто ҳиндуҳо низ инро мӯҳтарам медоранд». (С. 6).
Ва бар сари даромадгоҳи ин хонақоҳ байти зер ба чашм мехӯрад:
Эй дил, агарат матлаби файзи ду ҷаҳон аст,
 Рав бар дари шоҳаншоҳ, ки Шоҳи Ҳамадон аст!

Кашмир ва кашмириён

Кашмир музофотест, ки аз шимол бо Помири Афғонистон, аз шимолу шарқ бо иёлатҳои Синкиёнгу Уйғуристон ва Тибети Чин, аз ғарб бо иёлати Панҷоби Покистон ва аз ҷануб бо иёлатҳои Ҳиматалпрадеш ва Панҷоби Ҳиндустон ҳаммарз мебошад. Қаблан аз ноҳияи Вахони Тоҷикистон роҳе буд тавассути Помири Афғонистон ва Чатрори Покистон ба Кашмир.
Масоҳати Кашмир беш аз 222 ҳазор км2 ва хеле калонтар аз Тоҷикистон аст. Замонҳое Кашмир якпорча буд, вале баъди соли 1947 байни Ҳинду Покистон қисмат гашт ва пасон як бахши онро Чин ишғол кард. Имрӯз ниме аз масоҳати он дар ихтиёри Ҳинд мебошад ва Ҳинд ба саросари қаламрави Кашмир иддао дорад ва аз ин рӯ миёни Ҳинду Покистон барои ин музофот се бор ҷанг рух додааст.
Мобайни силсилакӯҳҳои Пирпанҷал ва Ҳимолой водии Кашмир доман паҳн кардааст, ки қариб 200 км дарозо ва беш аз 40 км паҳно дорад ва дар баландии наздик ба 1600 м аз сатҳи дарё воқест. Ин водӣ сераҳолитарин бахши музофоти Кашмир мебошад. Аз васати водӣ рӯдбори киштигарди Ҷаҳлам, ки аз кӯҳсори Ҳимолой маншаъ мегирад, ҷорист ва дар лаби он шаҳри Сринагар –пойтахт ва бузургтарин шаҳри иёлати Ҷамму ва Кашмири Ҳинд ҷойгир аст. Дар сойири дараҳои Кашмир рӯдҳои Ҳинд, Тавӣ, Равӣ ва Чиноб мехурӯшанд.
Кашмир ҷаззобтарин ва дилгушотарин минтақа барои ҷаҳонгардон аст. Аз ин лиҳоз Кашмирро гавҳаре дар тоҷи Ҳинд донистаанд. Қаблан тобистонҳо фармонравоён дар ин ҷо дам мегирифтанд ва дар аҳди Бобуриён дар асрҳои 16-17 дар водии Кашмир боғҳое чун Нишот ва Шолимар шӯҳрат доштанд.
Дар шимоли Кашмир аз водиҳои Ҳинд, Гилгит ва Хунза шоҳроҳи савқулҷайшии Сиёҳсангон (Қароқурум) мегузарад, ки Кошғари Чинро бо убур аз гарданаи Хунҷирод (4890 м) бо Исломобод -пойтахти Покистон васл мекунад.
Кашмир дар маҷмӯъ ҳудудан 15 миллион ҷамъият дорад. Аксари қотеъи ин музофотро мусалмонон ташкил медиҳанд, ки худро кашмирӣ мехонанд ва ба забонҳои кашмирӣ ва урду сухан мегӯянд. Бархе қавмҳо аз ойинҳои буддогароӣ ва сикҳизм пайравӣ мекунанд. Дар Кашмири Чин ладакҳо ва балтҳои тибетинажод сукунат доранд. Ҷамму ва Кашмир ягона иёлати Ҳинд аст, ки дар он мусалмонон аз нигоҳи шумора бартарӣ доранд.
Лозим ба зикр аст, ки ҳоло миллионҳо кашмирӣ чи дар Ҳинд ва чи дар Покистон хориҷ аз сарзамини худ низ зиндагӣ доранд. Бар илова дар ин ду кишвар ва низ Афғонистон беш аз 2 миллион нафар худро содот медонанд, ки пушташон ба Шоҳи Ҳамадон мерасад ва дар Покистон Анҷумани байналмилалии исломии содоти Шоҳи Ҳамадон фаъолият дорад. Ҳамчунин дар иёлати Панҷоби Покистон, ки қариб 90 миллион ҷамъият дорад, хоҳишмандони сафар ба Кӯлоб фаровонанд. Зимнан тоҷикони муқим дар Хуросони Бузург аз асри XI бо оғози лашкаркашии Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба Ҳинд то асри ХIХ муҳоҷиратҳои густурдае ба Панҷоб доштаанд ва нақши онон дар этногенез (ташаккул)-и миллати панҷобӣ ҳалкунанда будааст ва қисмате аз панҷобиён, бо он ки ба панҷобӣ такаллум мекунанд, ҳоло ҳам худро тоҷик мешуморанд.

Соли 2014 – соли шоҳи ҳамадон

Аз эҳтимол дур нест, ки соли 2014 соли Шоҳи Ҳамадон эълом гардад, зеро ин мутафаккири кабир ҳафтсадсола хоҳад шуд. Умед аст, ки таҷлили ҷаҳонӣ аз зодрӯзи ӯ фасли тозае дар ҳамадонишиносӣ хоҳад буд ва заминаи созгоре барои ҳамкорию ҳамёрии пасини таҳқиқгарон, фарҳеҳтагон ва дилбохтагони он бузургвор хоҳад гузошт.
Ба ин баҳона таъсиси Маркази ҳамадонишиносӣ дар назди Пажӯҳишгоҳи фалсафаи ҷумҳурӣ воҷиб ба назар мерасад. Азбаски бахши муҳиме аз ҳаёту фаъолияти ин андешапардоз дар Тоҷикзамин сипарӣ шуда ва марқади муборакаш дар ин ҷост, пас ин масъулият ба зиммаи мо қарор мегирад. Вазифаи ин марказ чоп ва тарҷумаи осори мутааллиқ ба ӯ ба забонҳои форсӣ, русӣ, ингилисӣ ва урдуст ва эҷоди пули тафоҳуме миёни пажӯҳандагони ин ҳавза хоҳад буд.
Агар Ватанамонро мехоҳем обод кунем, бояд зарфиятҳову қобилиятҳояшро саҳеҳ донем. Аз ин ҷиҳат роҳандозии корҳои муқаддамотии зербиноӣ барои табдили Кӯлоб ба абаршаҳри зиёратӣ хеле лозим ба чашм мерасад. Дар ибтидо шаҳрро як калонбандари ҳамлию нақлӣ бояд сохт. Пӯшониши шоҳпулҳо аз рӯи рӯдхонаи Панҷ ба сӯи Афғонистон дар Фархор ва Шӯрообод (номи аслии ин шаҳристон Даштиҷум ё Даштиҷом аст, онро бояд эҳё кард) дар ин амр гоми боаҳамияте хоҳад буд.
Воҷиб аст, ки наздиктарин, камхарҷтарин ва камранҷтарин роҳи мошинӣ ё релсиро аз Кӯлоб ба сӯи Кашмир ҷустуҷӯ кунем. Дар ин маврид тарҳи Имом Оғохони Чаҳорум-пешвои исмоилиёни олам ба хотир мерасад. Агар саҳв нашавад, солҳои навади асри бист ин тарҳи роҳи оҳан аз тариқи нашрияе ба сурати мухтасар баён шуда буд, ки Кӯлобро бо Қалъаихум ва Бадахшони Афғонистону Чатрори Покистон иттисол медиҳад ва аз самти шарқии Чатрор, ки тоҷикони исмоилимазҳаб дар он будубош доранд, Кашмир оғоз мешавад. Чаро аҳли сиёсат, иқтисод, тиҷорат ва фарҳанги мо аз ин тарҳи хеле мушкилгушо дар ғафлат монданд, барои мо торик аст. Лозим буд, ки аз ин тарҳ гарму ҷӯшон истиқбол шавад, зеро он якум бо сармояи Бунёди Оғохони Чаҳорум таҳаққуқ пайдо мекунад ва дуюм дар баровардани ҷумҳурӣ аз бунбасти иртибототӣ ва иттисоли Тоҷикистон бо шимоли Покистон, хусусан устони Кашмир ва табдили Кӯлоб ба як қутби зиёратии минтақа ҳойизи арзиши фаровонест.

Серзоиртарин зиёратгоҳи осиёи марказӣ

Кӯлобшаҳр бо ҷой додани мақбараи Шоҳи Ҳамадон дар домони худ чаҳор кишвар-Покистону Ҳиндустону Афғонистону Эронро бо Тоҷикистон сахт гиреҳ мезанад. Дар саросари густураи ҷуғрофиёии Осиёи Марказӣ, ки имрӯз панҷ кишвари мустақил дар он вуҷуд доранд, ҳеҷ шаҳре бо Кӯлоб дар заминаи табдил ба як қутби зиёратӣ рақобат карда наметавонад. Ин вижагии истисноии Кӯлоб аст.
Мақбараҳои Хоҷа Муҳаммади Башоро (деҳаи Мазоришарифи ноҳияи Панҷканд), Имоми Исмоили Бухорӣ (деҳаи Хартанги вилояти Самарқанд), Хоҷа Аҳмади Ясавӣ (шаҳри Туркистони Қазоқистон) ва Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд (шаҳри Бухоро) аз машҳуртарин зиёратҷойҳои минтақа мебошанд.
Бо вуҷуди ин аввалан дар зиёрати ин азизон кам касеро дучор меоед, ки худро муриди онон шуморанд ва сониян теъдоди ин зоирон бо зоирони Амири Кабир дар сурати гушоиши роҳҳо ва барқарорсозии суботи сиёсию иқтисодӣ дар минтақа хеле андак хоҳад буд . Хабаре хондем, ки миёни Кӯлоб-Исломобод ҳавопаймое ба парвоз хоҳад андаромад, ки вазифаи асосиаш бурду оварди муридони Шоҳи Ҳамадон хоҳад буд. Ононе, ки аз Кашмир ва баъзе нуқоти Покистон ба зиёрати ин бузургвор хоҳанд омад, худро муриди ҳалқабаргӯши муроди хеш медонанд, ҳамчунон ки Шоҳ Носири Хусрави  Қубодиёниро исмоилимазҳабони Тоҷикистону Афғонистон, ки мазори файзосораш дар Ямгони Афғонистон воқест ва дар он ғори овозадор аз ҷумла асои дарози он азизи Худо мавҷуд аст, ки аз болои баландаш гувоҳӣ медиҳад. (Шоҳ Носир ҳам ҳакими илоҳӣ ва ҳам авлиёуллоҳ буд. Як далел ин аст, ки чун поён ёфтани умрашро дарёфт, ба бародараш, ки ҳамроҳаш ба тарғибу густариши дин саргармӣ дошт, дастур дод, ки фардо ду ҷин меоянд, ҳамроҳи эшон маро ғусл деҳ, кафан пӯшон ва ба хок супор). Миёни иштиёқу муҳаббати мурид ва зоир тафовут афзун аст. Бар илова шумори ононе, ки дар дил зиёрати оромгоҳи Шоҳи Ҳамадонро  мепарваранд, даҳҳо миллион нафар аст. Дар саросари қаламрави Хуросони Бузург (иборат аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, ҷануби Қазоқистон, Афғонистон ва Эрони шарқӣ) фақат шаҳрҳои Мазоришариф (оромгоҳи намодини Ҳазрати Алӣ) ва Машҳад (оромгоҳи ҳақиқии Имом Ризо) дар ин замина аз шаҳри Кӯлоб гӯйи сабқат мебаранд.
Ин тавонмандии нуҳуфтаи азими Кӯлобро бояд аз имкон ба феъл биёвард. Вале корро, чунонки ба арз расид, аз бунёди роҳи оҳан ва ё мошинӣ шурӯъ кард. Баъдан бо вусъатбахшии масоҳати атрофи оромгоҳ онро мутобиқ бо зиёратгоҳҳои маъруфи ҷаҳони ислом бояд бозсозӣ кард, шукӯҳу шаҳомати нотакрор бахшид ва дар канораш Масҷиди ҷомеи Ҳазрати Амирҷон, ки калонтарин намозгоҳи шаҳр бошад ва зоирон бидуни заҳмате он ҷо намоз хонанд, таҳоратгоҳҳо, гармобаҳо, обрезҳо, донишгоҳи исломӣ, китобхона, ганҷсаро (осорхона), меҳмонпазириҳои одӣ то меҳмонсароҳои панҷситора барафрохт. (Айни ҳамин корро дар нисбати мақбараи Мавлоно Яъқуби Чархӣ, ки дар ҳошияи пойтахт қарор дорад, бояд анҷом дод. Ин муҷтамеи зиёратӣ бояд Душанбешаҳрро азамат ва шукӯҳи бемисл ба армуғон дошта бошад ва аз диданаш хориҷиён ба ваҷду шааф оянд). Дар ин робита ободсозии мақбараи Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ ва рустоҳои Хоҷа Алишоҳ ва Чубек, ки нахустин бор он азизи Худо дар ин ду маскан гузида буд ва деҳи Тӯдакафш, ки дар он зоирон кафшҳоро кашида, пойи пиёда бо дили муштоқ сӯи зиёраткада мешитофтанд, аз аҳамияти хосе бархурдор хоҳад буд.
Агар дар минтақа суботи сиёсиву иқтисодӣ пойбарҷо бошад, соле сад ҳазор ё панҷсад ҳазор зоири хориҷӣ мақбараи Ҳазрати Амирҷонро зиёрат кунад, даҳҳо ҳазор кас ҷои кор пайдо мекунад, ҳаёту симои шаҳр мутаҳаввил мегардад ва хароҷот дар чанд сол пӯшониш мешавад.

Ҷаҳон аз гардишгарӣ солона 7 триллион доллар даромад мегирад

Гардишгарӣ (туризм)-и байналмилалӣ имрӯз яке аз даромадзотарин ва пуртаҳарруктарин соҳаҳои иқтисод аст ва таҳлилгарон барометр (ҳолсанҷ)-и олии шукуфоии иқтисодии як кишварро сатҳи фаъолмандии гардишгариаш донистаанд. Тибқи омори мағзона (интернет)-ӣ, ҳиссаи гардишгарӣ беш аз 7 дарсади ҳаҷми умумии сармоягузориҳо, 11 дарсади хароҷоти масрафӣ, 5 дарсади даромадҳои андозӣ ва сеяки тиҷорати ҷаҳонии хадамотро ташкил медиҳад ва имрӯз дар саросари дунё беш аз 270 миллион нафар ва ё як нафар аз ҳар даҳ нафари коркунанда машғули соҳаи гардишгарӣ мебошанд.
Аз рӯи иттилои ИТАР-ТАСС, бино ба пешбиниҳо дар даҳ соли наздик гардишгарӣ, агар бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ маҳор шавад, хусусан дар ИМА, Чин, Ҷопон, Олмон ва Бритониёи Кабир босуръат хоҳад афзуд ва бузургтарин бозори ҷаҳонгардӣ Иттиҳоди Аврупост, ки ба он 35 дарсади даромади соҳа рост меояд ва наздик ба 30 миллион нафар дар он машғули коранд. Даромади умумии ҷаҳонӣ аз гардишгарӣ дар як сол 7 триллион долларро ташкил медиҳад.
Ҳар сол Туркия аз ҳисоби ҷаҳонгардон беш аз 20 миллиард доллар даромад мегирад. Дар Амороти Муттаҳидаи Араб, ки се баробар камтар аз Тоҷикистон масоҳат дорад, даромад аз гардишгарӣ беш аз 16 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ҳар сол ба Куба 2,5 миллион сайёҳ ворид шуда, ба хазинаи давлат миллиардҳо доллар вомерезанд. Шаҳри Лондон бо 5 миллион аҳолӣ соле аз 20 миллион гардишгар пазироӣ мекунад.
Коргоҳони Созмони байналмилалии гардишгарӣ (UNWTO) бо ояндабинӣ бар ин ақидаанд, ки кишварҳои рӯ ба рушди ҷаҳони сеюм, ки пеш ба иллатҳои сиёсӣ баста ва ё тақрибан дастнорас буданд, алъон дар ин ҳавза худнамоӣ доранд. Черногория соли чаҳорум аст, ки аз ҳайси суръати афзоиши тиҷорати гардишгарӣ ҷои якумро дар дунё мегирад, ки ба он ҳар фасли сол метавон сафар кард, то тобистон дар пляжҳои дарёи Адриатик офтоб хӯрд ва ё зимистон бо лизак (лижа) дар кӯҳҳо сайр кард. Кишварҳои собиқ сотсиёлистие мисли Руминия, Хорватистон, Латвия ва Албания бо арзёбии ояндадории гардишгарӣ ҷиҳати иқтидорбахшии иқтисоди миллӣ дар шумори даҳ кишваре қарор гирифтаанд, ки саноати гардишгарии онҳоро ояндаи дурахшоне интизор аст.
Саноати гардишгарӣ дар Тоҷикистони мо дар ҳолати ҷанинӣ қарор дорад. Порсол ҳамагӣ наздик 20 ҳазор гардишгар аз он дидан карданд.  Шаҳри Кӯлоб бо зарфиятҳои билқуввае, ки дорад, қодир аст ба яке аз қутбҳои гардишгарии минтақа низ табдил ёбад ва солона миллионҳо сайёҳ аз чаҳор гӯшаи дунё ба тамошои он бароянд.

Сафаре ба оғӯши таърих

Шаҳри Ҳулбук дар асрҳои нӯҳ то ёздаҳ пойтахти шоҳони Хуталон буд, ки бо куҳандизу шаҳристону работу гӯристонаш дар авҷи гулгулшукуфташ 200-300 гектар масоҳат дошт ва бозёфтҳои нодире аз он ба даст омада ва ин муҷтамеи меъмории таърихӣ дар Осиёи Марказӣ назир надорад. Ба қавли Ричард Фрай-таърихнигори номдори амрикоӣ, Ҳулбук ойинаи таърих ва фахри тамаддуни орёист. Алъон фақат бахши марказии шаҳр ба андозаи 70 гектар боқӣ мондааст ва ба навиштаи академик Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ, ҳамагӣ 7 гектари он кандуков шуда, корҳои азиме дар пеш хоҳад буд.
Қалъаро барафроштаанд ва Ҳулбук рӯ ба эҳёст. Аз манзари мо Ҳулбукро зиндагии дубора бояд бубахшид ва ба унвони ҷозибаи таърихию фарҳангии мунҳасир ба фард дар маърази тамошои ҷаҳонгардон қарор дод. Ҳар гардишгаре, ки аз дохил ё хориҷ ба дидори Ҳулбук меояд, бояд ки аз асри бистуяк якбора ба асри даҳ –асри тиллоии Сомониён ворид шавад.
Ба ин манзур шаҳри Ҳулбукро ончунон ки дар асри даҳ ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ дошт, боистӣ ба сурати мухтасар ҷони тоза эҳдо кард ва ба намоиш гузошт. Кохи шоҳро бо толор, кошона, меҳмонхона, осоишгоҳ, ҳавз ва худи шаҳрро бо кӯча, раста, бозору бозорча, гармоба, корвонсаро, масҷид, мадраса, китобхона ва дарвозаҳояш бозсозӣ кард ва ҳангоми мавсими гардишгарӣ дар он ҳазор -дуҳазор танро бо пӯшишҳои қадим, бо гӯйиши хатлонӣ бошиш дод. Ба тариқи мисол дар як кох бояд шоҳу вазире бо аҳли дарбор биншинанд ва сафири хориҷие бипазиранд; дар бозор гурӯҳе анвои маҳсулоту меваҷотро ба муштариён пешниҳод кунанд; ромишгарон бинавозанду хунёгарон тарона хонанд, паҳлавонон зӯр озмоянд...
Сафар ба таърихи мурда муҳим аст ё зинда? Бешубҳа ба таърихи зинда!
Хулласи калом, шаҳри Ҳулбуки хурди асримиёнагиро бо аҳолиаш дар асри бистуяк эҳё бояд сохт, то ба сифати ҷозибаи нотакроре шӯҳрат  ёбад ва сели сайёҳон ба он сарозер шавад. Ҳамин иқдомро дар нисбати Қалъаи мири Кӯлоб (асри нуздаҳ) воқеъ дар Чармгарони поён метавон пеш гирифт.
Ин иқдоми мо шояд дар таърихи гардишгарии дунё ҳамто надошта бошад, вале агар мехоҳем як рӯзгори хушнавотару бонишоттар дошта бошем, бояд гузинаҳои нав ба навро ҷӯйишгарӣ кунем.

Сафаре ба оғӯши табиат

Дар замони мо одамон дар шаҳрҳо дар маҳдудаи қафасҳои бетонӣ нафасгиранд ва аз бӯйи ғализи асфалту дуди мошинҳову корхонаҳо ранҷ мебаранд ва мехоҳанд ҳар сол бо сафаре ба оғӯши модаронаи табиати бикру сарсабз хастагиҳоро рафъ кунанд ва дубора нерӯву фару фараҳ ёбанд. Аз ин рӯ гардишгарии экологӣ дар саропои дунё сол ба сол равнақи афзунтаре пайдо мекунад.
Сомони Кӯлоб дар ин замина гунҷоишҳои нуҳуфтае дорад ва дар сурати бозсозии роҳҳо ва анҷоми корҳои зербиноии умда (мисли бунёди меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, бӯстонсароҳо, кемпингҳо...) қодир аст ба биҳиште барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ табдил ёбад. Аз ин лиҳоз ноҳияи Балҷувон ба хотири Сарихосор, ки аз дилгушотарину босафотарини мавзеоти Осиёи Марказист, минтақаи гардишгарии байналмилалӣ эълом шудааст. Шаршараи Сарихосор ва доманаи сарсабзи он дили ҳар бинандаеро мерабояд ва мехоҳад чанд рӯзу шабро он ҷо сипарӣ кунад. Барои ҷалбу ҷазби ҳар чи бештари гардишгарон дар ҳар ҷо ки офтобрӯ ва пурдомана бошад, метавон як –ду осиё обро аз фарози кӯҳе аз баландии ду-се километр сарозер кард ва бо сохтани обшори маснӯъӣ минтақаи бемислу монанди сайёҳӣ ба вуҷуд овард.
Низ шипангҳо ва ошхонаҳои вижае дар зистгоҳҳои Сарихосор,  Даштиҷум ва Чилдухтарон, ки ҷиҳати ҳифзи низоми экологӣ ва генофонди набототу ҳайвонот таъсис шудаанд, боистӣ барои тамошо ва фароғати гардишгарон созмон дод ва ҳатто бо нархи ҷаҳонӣ ба шикори морхӯр (гунаи нодири бузи кӯҳӣ) ва ғурм (гунаи нодири гӯсфанди кӯҳӣ) иҷозат фармуд, ба шарте ки саршумори ин ду ҷонвар ба марзе расида бошад, ки хавфи нобудии комил таҳдидашон накунад.
Ташкили саёҳат ба намаккӯҳҳои Хоҷамӯъмин ва Хоҷасартез, ки дар 10-24 километрии шаҳр қарор дошта, ба унвони ёдгориҳои геологии барҷастаи ҷаҳонӣ беҳамто мебошанд, дар ёдҳо ҳамеша боқӣ хоҳад монд. Пойгоҳи гардишгарӣ бешак шаҳри Кӯлоб хоҳад буд ва аз он ҷо тавассути автобус сафарҳо анҷом мегирад. Дар баъзе мавзеъҳо истифода аз аспу хару хачиру уштур гардишгаронро ба ҳаяҷон меорад ва мехоҳанд бори дигар аз ин адиру ёлаҳо бигзаранд.
Гардишгарӣ пайки сулҳу ҳамфаҳмию мадорои миёни миллатҳову мамлакатҳост ва абзори боарзишест, ки ба василааш гуфтугӯи тамаддунҳо сурат мегирад ва бегумон низ даромаде, ки аз он ба даст меояд, саршор аст ва ободию хуррамии дилҳо ва шаҳрҳоро ба дунбол дорад. Агар солона ҳар яке аз сад ҳазор ё понсад ҳазор гардишгар бо худ ҳазор долларӣ биёварад, сад ё понсад миллион доллар ба шаҳри Кӯлоб ворид хоҳад шуд.

Фотеҳи АБДУЛЛОҲ,
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият


Баёни ақида (0)

07.09.2010


Наврӯз ҷашни байналмилалии кишварҳои узви САҲА эълон шуд

Душанбе: 15 иншоот мавриди истифода қарор гирифт

Барномаи ҷаҳонии озуқа: лоиҳаи нав роҳандозӣ гардид

Таҷрибаи эстониҳоро омӯхтанд

7 корхонаи хишт ба кор даромад

«Шашболоӣ» 200 оиларо бо барқ таъмин мекунад

Тафсилоти таркиш дар Хуҷанд

Медведев дар Қазоқистон. Кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Президенти Афғонистон шӯрои гуфтугузор бо толибонро созмон дод

Молдова: раъйпурсии ноком

Гурӯҳи баскҳо - ЭТА оштӣ эълон кард

Тағйири шеваи ҷангии Амрико дар Афғонистон

Чилӣ: кӯҳканҳо як моҳ боз дар зери заминанд

04.09.2010


Ҳомиди Карзай: дар пайи ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд

Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд

Ҷоиза муборак!

Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр

Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд

Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ

Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият

Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид

Таркиш дар Хуҷанд: 25 нафар захм бардошт

Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?

Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ

Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест

Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд

02.09.2010


Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд

Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд

Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд

Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад

Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!

Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд

Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010

31.08.2010


Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед