logo

иқтисод

ТОҶИКИСТОН АЗ МАКОНҲОИ ҚАДИМАИ ПАРВАРИШИ ХАРБУЗА

Харбуза - зироати гармидӯст буда, дар водиҳо,  минтақаҳои наздикӯҳӣ ва заминҳои обёришавандаю лалмии бо намӣ таъмин парвариш карда мешавад. Давраи нашъунамои ин зироат ба моҳҳои апрел - октябр рост меояд.
Харбузаву тарбуз чун маводи истеъмолӣ дар давраи тобистону тирамоҳ ва зимистон дар зиндагии аҳолии Тоҷикистон мавқеи хоссаро ишғол менамояд. На танҳо дар деҳот, балки дар байни мардуми шаҳр истеъмоли харбузаву тарбуз бо нон - ивазкунандаи як қатор хӯрданиҳои дигар ба ҳисоб рафта, дастархони мардум ва рӯзгорашонро обод мекунад.
Дар таркиби харбуза вобаста ба навъ ва давраи пухтарасиаш аз 8 то 23 дарсад қанд, 7-9 дарсад ангиштобҳо, миқдори зарурии витаминҳою моддаҳои минералӣ, оҳан (назар ба шир 15-17 маротиба зиёд), калий, калсий, хлор ва натрий мавҷуд мебошад. Миқдори калория дар 100 грамм дилаи харбуза 33 ккал буда, барои бемориҳои лоғарӣ, камхунӣ, ва дилу рагҳои хунгард тавсия дода мешавад.
Аз таҳқиқоти археологӣ бармеояд, ки таърихи пайдоиш ва парвариши харбуза 5,5-6 ҳазор солро дар бар гирифта, дар Осиёи Миёна ва Осиёи Хурд чун зироати истеъмолӣ маълум буд. Қаламрави Тоҷикистон яке аз маконҳои асосию қадимаи парвариши харбуза ба ҳисоб меравад. Қисми зиёди намуду  навъҳои харбуза маҳз дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бо заҳмату истеъдоди халқ дар ҳазорсолаҳо ба вуҷуд омадааст. Харбузаи Тоҷикистон сифатан такрорнашаванда аст. Навъҳои парваришшавандаи харбуза дар Осиёи Марказӣ зиёда аз 500 номгӯйро дар бар гирифта, бештар аз 200 номгӯйи онҳо номи аслии тоҷикӣ доранд ва ин далел аз ватани харбуза будани Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.
Намудҳои парваришёбандаи харбузаи Тоҷикистон, асосан, 4 қисманд: гурӯҳи ҳандалакҳо, харбузаи дилааш мулоим, харбузаи тобистонаи дилааш сахт (чарс) ва навъҳои тирамоҳию зимистона. Ба гурӯҳи ҳандалакҳо «Ҳандалаки зард», «Зомбучаи ало»,  «Кӯкча – 14», ба тобистонаи мулоим «Токаш - 28», «Амирӣ», «Оби  набот», «Зарметанӣ», «Дониёрӣ», «Лабиобӣ», «Сабзак - 588» ва ғайра дохил мешаванд. «Бухорӣ - 33», «Зардтӯр», «Андархонӣ», «Лӯбиёӣ» (Босволдӣ), «Гулобии сабз» ва ғайра аз гурӯҳи  харбузаҳои тирамоҳию зимистонаанд.
Харбузаи Тоҷикистон бо сифату лаззати хос аз ҳисоби таъму қанднокӣ, гуногунии давраи пухтарасӣ ва хусусиятҳои нигоҳдорӣ дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он ба худ ҳамто надорад. Бояд ёдовар шуд, ки агар таносуби истеҳсоли харбузаю тарбуз то солҳои 80 - уми асри гузашта дар ҷумҳурӣ 60-70 дарсад ба 30-40 дарсад баробар бошад, баъдан ин нишондиҳанда, бо сабабҳои гуногун ба бартарии тарбуз мубаддал шуд ва ин ҳолат ба кам шудани майдони кишти як қатор навъҳои нодири харбуза сабаб гашт.
Хурсандиовар аст, ки солҳои охир майдону парвариши харбузаву тарбуз пайваста васеъ мешавад. Ин ҳолат аз сиёсати агарарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси диверсификатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ бо мақсади таъмини талоботи аҳолӣ бо маводи хӯрока ва амнияти озуқавории мамлакат маншаъ мегирад. Чуноне ки дар урфият мегӯянд:
Умри боқӣ хоҳӣ, Умрбоқӣ  хӯр,
Ё Оби набот ё Парсилдоқӣ хӯр.
Тановул гар кунӣ харбузаро субҳ,
Барорад аз дилат ҳар иллату кубҳ.
Ҳамин тариқ, дар қатори минтақаҳои асосии истеҳсоли харбузаву тарбуз - водии Вахши вилояти Хатлон сол то сол васеъшавии майдони парвариши харбузаву тарбуз дар водиҳои вилояти Суғд, инчунин, минтақаи  Кӯлоби вилояти Хатлон ва водии Ҳисор  ба мушоҳида мерасад.
Тибқи маълумоти оморӣ, истеҳсоли полизӣ соли 2018 дар ҷумҳурӣ ба 563 ҳазор тонна расида, ҳосилнокиаш  27,4 тонна аз ҳар гектарро ташкил дод. Дар муқоиса ба солҳои 80 - 90 - уми асри гузашта истеҳсоли зироатҳои полизӣ, аз ҷумла харбузаву тарбуз, чандин маротиба зиёд шудааст ва фурӯши васеи онҳо дар бозору мағозаҳо ва  нуқтаҳои алоҳидаю махсус ҳамеша ба назар мерасад.
Афзун гаштани истеҳсоли харбузаю тарбуз на танҳо ба беҳ шудани сатҳи таъминоти талаботи аҳолӣ бо ин маводи истеъмолӣ нақши калон мебозад, балки ба содироти зиёди ин маҳсулот мусоидат намуда, фоидаи калони  иҷтимоӣ ва иқтисодӣ меорад. Ҳосилнокии харбузаву тарбуз дар ҳар гектар замини объёришаванда 30 - 35 тонна ва дар замини лалмии бо намӣ таъмин 12–18 тоннаро ташкил медиҳад ва дар муқоиса бо дигар зироатҳо даромаднокии иқтисодии калонро соҳиб аст.
Барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли харбузаю тарбуз баланд бардошти ҳосилнокӣ, васеъ намудани майдони кишт ва парвариши навъҳои нави харбузаву тарбуз тадбирҳои асосианд.
Мутаассифона, солҳои охир дар минтақаҳои асосии парвариши харбуза дар қатори ҳашароту касалиҳои манфузи пешина (ширинча, тортанаккана, эпиляхна, шумгиёҳ, касалиҳои пажмурдашавӣ, пӯсиши реша) паҳншавии васеи ҳашароти дигари зараровар – магаси харбуза ба  назар мерасад, ки метавонад ҳосили харбузаро қариб ба пуррагӣ нобуд созад. Ин ҳашарот таҳдиди ҷиддии аз байн рафтани навъҳои нодиру нотакрори  маҳаллӣ – захираи тиллоии навъҳои миллии харбузаро ба миён овардааст. Аз ин лиҳоз, олимону мутахассисон ва роҳбарони идораю хоҷагиҳо бояд барои рафъи ин мушкил чораҳои таъхирнопазири муассир андешанд ва дар афзунгардонии ҳаҷми истеҳсоли харбузаву тарбузи Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Турсунбой АХМЕДОВ,
академики Академияи илмҳои
кишоварзии Тоҷикистон,
Ҳикматулло НАЗИРОВ,
доктори илмҳои кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.09.2019    №: 177    Мутолиа карданд: 236
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед