menu Бахшҳо
menu Президенти ҶТ
menu Ҳуҷҷатҳо
menu Ҷаласаҳо
menu "Ҷумҳурият"
 

иҷтимоиёт

27 миллион сомонӣ - барои маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ

Дар соли сипаришуда 8912 кор  иҷро гардид, зикр намуд зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтия Муҳаммадиева.
Инчунин корҳо бо 459 қарору супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, 281 мактубу дархостҳои вазорату идораҳо, ташкилоту мақомоти хориҷие, ки ворид шуда буданд, дар мӯҳлатҳои муайян ба анҷом расиданд. 155 бюллетен, 101 маълумот, 35 маҷмӯаи оморӣ, аз ҷумла 23 маҷмӯа мувофиқи меъёрҳои нави байналхалқӣ, 56 гузориш оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, 110 кори иттилоотӣ ва дигар маълумоти оморӣ ба истифодабарандагон пешниҳод шуд.
Соли 2009 диққати асосӣ ба иҷрои корҳои давраи тайёрӣ оиди барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли  2010   дода   шуд.  Буҷети давлатии  Тоҷикистон  барои гузаронидани маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил 27 миллион сомонӣ ҷудо кардааст.
Маъракаи мазкур аз 21 то 30 сентябри соли ҷорӣ гузаронида мешавад. Ғайр аз маблағи дар буҷет ҷудогардида Бунёди нуфуси СММ ба Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаронидани маърака кӯмаки худро расонда, маслиҳату машварат медиҳад.
Аз рӯйи маълумоти омор, шумораи аҳолии Тоҷикистон айни ҳол зиёда аз 7,51 миллион нафар мебошад, ки 49,8 фоизи онро занон, ва 50,2 фоизро мардон ташкил медиҳанд.

Оҳистамоҳи ВАФОБЕК


Баёни ақида (0)

07.09.2010


Наврӯз ҷашни байналмилалии кишварҳои узви САҲА эълон шуд

Душанбе: 15 иншоот мавриди истифода қарор гирифт

Барномаи ҷаҳонии озуқа: лоиҳаи нав роҳандозӣ гардид

Таҷрибаи эстониҳоро омӯхтанд

7 корхонаи хишт ба кор даромад

«Шашболоӣ» 200 оиларо бо барқ таъмин мекунад

Тафсилоти таркиш дар Хуҷанд

Медведев дар Қазоқистон. Кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Президенти Афғонистон шӯрои гуфтугузор бо толибонро созмон дод

Молдова: раъйпурсии ноком

Гурӯҳи баскҳо - ЭТА оштӣ эълон кард

Тағйири шеваи ҷангии Амрико дар Афғонистон

Чилӣ: кӯҳканҳо як моҳ боз дар зери заминанд

04.09.2010


Ҳомиди Карзай: дар пайи ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд

Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд

Ҷоиза муборак!

Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр

Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд

Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ

Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият

Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид

Таркиш дар Хуҷанд: 25 нафар захм бардошт

Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?

Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ

Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест

Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд

02.09.2010


Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд

Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд

Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд

Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад

Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!

Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд

Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010

31.08.2010


Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед