logo

Хабарҳо

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

Муштзани тоҷик дар даври сеюм
Муштзани маъруфи кишвар, чемпиони Осиё – 2019 Баҳодур Усмонов дар  Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс (шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия) ба даври сеюм роҳ ёфт.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, ӯ дар даври дуюм Туғрул Эрдемирро (Туркия) бо нокаути техникӣ шикаст дод.
Ҳарифи Баҳодур дар даври навбатӣ муштзани Фаронса Софиан Оумиҳа мебошад. Бояд гуфт, ки Софиан чемпиони ҷаҳон (соли 2017) ва барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Рио - де - Жанейро (60 килограмм) буда, соли равон медали нуқраи Бозиҳои Аврупоро (-64 килограмм) ба даст овардааст. Ба ҳамин хотир, метавон гуфт, ки Баҳодурро дар ин давр имтиҳони ҷиддӣ дар пеш аст. Муҳорибаи онҳо 17 сентябр сурат мегирад.

ШОҲМОТ
Сабрина ду медали нуқра гирифт
Дар Чемпионати Осиёи Ғарбӣ оид ба шоҳмот (Деҳлӣ, Ҳиндустон) миёни наврасон Сабрина Абророва ду медали нуқра ба даст овард.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпӣ иттилоъ доданд, Сабрина Абророва медалҳоро дар равияҳои рапид ва классикӣ соҳиб шуд.

ЛИГАИ ОЛӢ
«Истиқлол». Ду қадам то чемпионӣ
Бозиҳои даври 14 - уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд.
Дар вохӯрии марказӣ тими «Истиқлол» дар  меҳмонӣ  дастаи  «Регар-ТадАЗ» - ро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард.

НАТИҶАИ СЕ БОЗИИ ДИГАР:
«Хатлон» – «Хуҷанд» – 2:0;
КМВА «Памир» – «Кӯктош» – 3:2;
«Истаравшан» – «Панҷшер» – 3:2.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 409

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед