| Бахшҳо |
| Президенти ҶТ |
| Ҳуҷҷатҳо |
| Ҷаласаҳо |
| "Ҷумҳурият" |
иқтисод
Ҳаҷми ММД ба 20,6 миллиард сомонӣ расид
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 бо мақсади паст намудани таъсири шиддатнокии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти кишвар чораҳои фискалӣ таҳия намуда, барои дар амал татбиқ намудани онҳо тадбирҳои мушаххас андешид. Новобаста аз таъсири бӯҳрон ба иқтисодиёти кишвар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, вазъи молиявӣ ва таъмини сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ мусбат арзёбӣ шуданд, -гуфт вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов зимни нишасти матбуотӣ.
Натиҷаҳои ҷамъбасти пешакии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ нишон дод, ки дар соли сипаригашта ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 20,6 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбати соли 2008 3,0 миллиард сомонӣ (17,1%) зиёд аст. Буҷети ҷории давлатӣ нисбат ба соли гузашта 740,8 миллион сомонӣ афзуд.
Дар баробари ин аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ 270,3 миллион сомонӣ, грантҳо барои лоиҳаҳои инвеститсионӣ 176,5 миллион сомонӣ, қарзҳо барои лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ 342,6 миллион сомонӣ ва қарзи Ҷумҳурии халқии Чин 576,9 миллион сомонӣ ҷалб ва азхуд карда шуд.
Ҳамзамон дар ин давра гардиши савдои хориҷӣ нисбати соли 2008 ба маблағи 1,1 миллиард доллари амрикоӣ (23,4%) коҳиш ёфта, ҳаҷми содирот 396,4 миллион доллар (28,1%) ва воридот 701,1 миллион доллар (21,4%) кам гардид. Таъсири манфии ин омилҳо ба он оварда расонид, ки даромади буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 5541,2 миллион сомонӣ (99,7%) таъмин гардид, ки аз нақша 18,3 миллион сомонӣ кам мебошад.
Ба буҷети ҷумҳуриявӣ бошад, зиёда аз 150,7 миллион сомонӣ маблағ ворид нагардид, ки ба ин беиҷро мондани пардохтҳои гумрукӣ сабаб шуданд.
Дар хотима вазир ба суолҳои рӯзноманигорон, ки бештар ба мавзӯи хариду фурӯши саҳмияҳои «НБО-и Роғун» дахл дошт, ҷавобҳои мушаххас дод.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
Дар маркази дилхушӣ таркиш
ба амал омад
Хабарҳои охирин
07.09.2010
Наврӯз ҷашни байналмилалии
кишварҳои узви САҲА эълон шуд
Душанбе: 15 иншоот мавриди истифода қарор гирифт
Барномаи ҷаҳонии озуқа: лоиҳаи нав роҳандозӣ гардид
7 корхонаи хишт ба кор даромад
«Шашболоӣ» 200 оиларо бо барқ таъмин мекунад
Медведев дар Қазоқистон. Кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?
Президенти Афғонистон шӯрои гуфтугузор бо толибонро созмон дод
Гурӯҳи баскҳо - ЭТА оштӣ эълон кард
Тағйири шеваи ҷангии Амрико дар Афғонистон
Чилӣ: кӯҳканҳо як моҳ боз дар зери заминанд
04.09.2010
Ҳомиди Карзай: дар пайи
ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд
Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд
Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр
Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд
Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ
Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият
Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид
Таркиш дар Хуҷанд: 25 нафар захм бардошт
Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?
Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ
Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест
Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд
02.09.2010
Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо
Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд
Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд
Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд
Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад
Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!
Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд
Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010
31.08.2010
Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад
| Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед |
|---|