logo

иқтисод

ГӮШТ. ЧАРО НАРХ ДИГАР АРЗОН НАШУД?

Аз рӯи қоидаи  маъмули иқтисодӣ,  вақте дар бозор талабот ба маҳсулот  зиёд мешавад, арзиши он   низ меафзояд.  Дар кишвари мо, хусусан, дар арафаи идҳои суннатӣ, якбора талабот ба маҳсулоти ғизоӣ  меафзояду нархи он боло меравад, вале чун анъанаи рӯзҳои баъдӣ нарх батадриҷ ҳам бошад, ба танзим медарояд. Аммо имсол шоҳид гардидем, ки баъди ид, агарчи нархи як қисми маҳсулот  арзон шуд,  нархи афзудаи гӯшт ҳамоно бетағйир боқӣ монд. Тавре аён аст,  танҳо нархи гӯшт давоми   як соли охир  беш аз 30 дарсад афзудааст. Сабаби пайваста  гарон шудани арзиши гӯшт дар чӣ бошад?
Ба гуфтаи Абдухалил Наҷибуллоев, сардори шуъбаи нархҳо ва тарифҳои  Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сабаби асосии болоравии нархи гӯшт  нокифоягии истеҳсолоти дохилӣ нисбат ба талаботи аҳолӣ ва вобастагии зиёди бозори истеъмолии ҷумҳурӣ аз моли воридотӣ мебошад.
Дар ҳақиқат, омори истеҳсоли дохилии гӯшт дар ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки он  ақаллан 30 дарсади талаботи аҳолиро намепӯшонад. Масалан, 31 августи соли гузашта бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмоли маҳсулоти асосии озуқаворӣ муайян гардиданд, ки тибқи он, ҳар як сокини ҷумҳурӣ тӯли як сол ба 60 килограмм маҳсулоти гӯштӣ талабот дорад. Ин нишондиҳандаро аз рӯи шумораи умумии аҳолӣ (беш аз 9 миллион нафар) ҳисоб намоем, дар маҷмӯъ, давоми як сол аҳолии мамлакат ба зиёда аз 540 ҳазор тонна маҳсулоти гӯштӣ эҳтиёҷ дорад. Аммо аз маълумоти Вазорати кишоварзии мамлакат бармеояд, ки тӯли шаш моҳи соли равон дар кишвар ҳамагӣ наздики 74 ҳазор тонна  гӯшт истеҳсол гардидааст, ки ба 26  дарсади талаботи аҳолӣ баробар мебошад.
- Вақте талабот ба дилхоҳ маҳсулот аз ҳаҷми истеҳсоли дохилии он зиёд мегардад, арзиши мол то аз ҳадди тавоноии харидории аҳолӣ гузаштан гарон мешавад. Ҳолатҳои эҷоди монеаҳо баҳри  ворид шудани маҳсулоти бештару беҳтар  ба бозорҳо ва  набудани  низоми харид, захираю пешниҳоди маҳсулоти асосии озуқаворӣ аз  ҷониби мақомоти дахлдор, бахусус Иттифоқи «Тоҷикматлубот», омилҳои дигари гароншавии нархи маҳсулотанд. Ҳамчунин, норасоии иншооти махсуси нигоҳдошти маҳсулот ин мушкилро дучанд мегардонад, - гуфт Наҷибулло Хайруллоев.
Соли равон дар арафаи идҳои суннатии мардуми тоҷик  болоравии арзиши гӯшт бисёр мушоҳида шуд. Мутаассифона,  барои танзими нархи он  дар ин айём воридоти гӯшт аз ҷониби Иттифоқи «Тоҷикматлубот»  дар шаҳру навоҳӣ хеле  ночиз  буд. Бино ба  ҳисоботи роҳбарияти «Тоҷикматлубот»,  соли равон рӯзҳои фарорасии идҳо ҳамагӣ 40,7 тонна гӯшт ба бозор бароварда шудааст, ки дар муқоиса ба талаботи аҳолӣ хеле кам аст. Оё бо чунин захираи ночиз нархи маҳсулоти бозорро дар ин рӯзҳо танзим намудан имкон дорад?
Ин камбуду норасоии «Тоҷикматлубот» - ро  ҳоло ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти аввалия, ки бо ташаббуси роҳбарияти шаҳри Душанбе ташкил гардидаанд, пур менамоянд. Аммо доираи фарогирии чунин ярмаркаҳо ва захираи маҳсулот барои аҳолии афзояндаи пойтахти мамлакат оё  кифояткунанда аст? Ин паҳлуи дигари масъала мебошад.
Фаррух Хушбахтов, директори КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия» - и шаҳр гуфт, ки бо дастгирии раиси шаҳр сол ба сол имкониятҳои захираи маҳсулоти корхона зиёд мешаванд.
- Аз аввали соли равон  аз тарафи корхона 385,2 тонна гӯшти гов ва 40,3 тонна гӯшти гӯсфанд бо нархҳои дастрас пешниҳоди харидорон шудааст. Тайи ин муддат дар рӯзҳои фарорасии Иди рамазон 1057 сар гов, 414 сар гӯсфанд ва Иди қурбон 295 сар гӯсфанд барои танзими нархи гӯшт дар бозорҳо кушта шуда,  бо нархҳои арзон пешкаши сокинон гардид. Ҳамчунин, рӯзи Иди қурбон 1200 сар гӯсфанд бо нархи арзон ба сокинон пешниҳод шуд, - гуфт Фаррух Хушбахтов.
Аз маълумоти боло бармеояд, ки масъулони ярмаркаҳои фурӯши ниёзи аввалияи шаҳр ба хотири танзими нархи гӯшт чорворо аз хоҷагиҳои шаҳру навоҳии атрофи пойтахт арзонтар харида, онро ба фарқ аз дигар гӯштфурӯшон арзон пешкаши харидорон намуданд. Ҳарчанд гӯштфурӯшону қассобони дигар ҳам чорворо аз мардум  арзон мехаранд, аммо онҳо аз рӯи мақоли “бардорад, зам кун...” амал намуда, бо суиистифода аз талаботи мардум ҳамон қадар, ки дилашон мехоҳад, қимат мефурӯшанд. Ин ҳолат боиси шиддат гирифтани қиматшавии нархи гӯшт гаштааст.
Аммо Фаррух Хушбахтов, мушкили асосии болоравии нархи гӯштро ба норасоии  хӯроки омехтаи чорво рабт медиҳад, на ба қассобон. 
- Гароншавии нархи гӯшт, асосан, аз серхарҷ гардидани парвариши чорво маншаъ мегирад. Соли гузашта як кило кунҷора 2,3 - 2,5 сомонӣ арзиш дошт, аммо имсол ба 4,5 - 5 сомонӣ расидааст. Ҳамчунин, қассобон маблағи андоз, иҷораи нуқтаи савдо, истифодаи қувваи барқ, хизматрасонии коммуналӣ ва ғайраро мепардозанд, ки арзиши аслии маҳсулотро гарон менамояд, - изҳор дошт ӯ.   
Тӯйчӣ Рӯзиев, устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, профессор, барои афзун намудани истеҳсоли гӯшт пешниҳод дорад, ки дар шаҳру ноҳияҳои кишвар фермаи махсуси парвариши говҳои зоти гӯштӣ  - қалмиқӣ, қазоқии сарсафед ва Абердин - ангус  ташкил карда шавад. Ин зотҳо ба шароити табиии Тоҷикистон мутобиқанд.  
- Омили коҳиш ёфтани ҳаҷми гӯшти чорво набудани фермаҳои махсуси говҳои зоти гӯштист. Азбаски имрӯзҳо фермаи чорвои гӯштӣ мавҷуд нест, маҳсулнокии чорво ба ҳадди нигаронкунанда поён фаромадааст. Ҳоло чорвои майда ба ҷойи 70 - 80 кило ҳамагӣ 20 - 25 кило ва аксари буққаҳои имрӯза ба ҷойи 550 - 600 кило  ба зӯр 120 - 130 кило гӯшт медиҳанд. Аз ин сабаб, бо вуҷуди саршумори зиёди чорво (2,5 миллион сар чорвои калон ва 6 миллион сар чорвои майда), мо талаботи 9 миллион нафар аҳолиро таъмин карда наметавонем. Зотҳои гӯштии гов батадриҷ кам мешаванд. Буққаҳое, ки имрӯз дар дасти аҳолӣ ва фермерон ҳастанд, зоти гӯштӣ нестанд. Агар онҳоро панҷ сол ҳам парвариш кунӣ, аз 100 – 150 кило зиёд гӯшт намедиҳанд. Бо ин зотҳо ҳеҷ гоҳ мо аҳолиро бо гӯшт пурра таъмин карда наметавонем. Барои истеҳсоли гӯшт ҳам бояд корхонаи алоҳида  амал намояд. Коргоҳе, ки метавонад моро бо гӯшт пурра таъмин намояд, ин фермаи говҳои зоти гӯштист, ки афсӯс, имрӯз мо онро надорем. Масалан, солҳои пеш дар ноҳияи  Шаҳринав  таҳти  роҳбарии  Наҷмиддин Аюбов фермаи пуриқтидори парвариши говҳои гӯштии “Фрунзе” фаъолият менамуд. Дар ин ферма як гӯсола давоми яку ним - ду сол то 500 килограмм гӯшт мегирифт. Чаро имрӯз дар кишвар чунин ферма набошад? Ҳоло, ки камчинии гӯшт пеш омадааст, эҳё намудани чунин хоҷагиҳои говҳои зоти гӯштӣ, яъне корхонаи  истеҳсоли гӯшт бо андозҳои сабуки ҳавасмандкунанда ва дастгирии молиявии давлатӣ ниҳоят зарур мебошад. Агар дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар ақаллан яктоӣ фермаи говҳои зоти гӯштӣ бо 40 – 50 сар ва корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво  амал намояд, бовар дорам, ки аҳолӣ бо гӯшти истеҳсоли худӣ  таъмин гардида, ҷойҳои корӣ фароҳам меоянд. Даромадҳои андозӣ низ аз ин ҳисоб бамаротиб меафзоянд. Ҳамчунин, омори кунунии саршумори чорво ба воқеияти  таъминоти аҳолӣ бо гӯшту шир рост намеояд, ки ин ҳам барои рушди соҳа мушкил эҷод намудааст. Саршумор бояд дақиқ ба қайд гирифта шавад, то чигунагии вазъи чорводорӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ аниқ бошад, - гуфт номбурда.
Назари олими соҳаи чорводорӣ дар бораи вазъи ногувори парвариши говҳои зоти гӯштӣ  ва таҳлилу мушоҳидаҳои дигар моро ба ин андеша оварданд, ки масъулони соҳаи кишоварзӣ ва сохторҳои дигари дахлдор кайҳо боз аз ҳамкорӣ бо чунин донишмандон фосила гирифтаанд. Таҳлилу хулосаҳои вазорату идораҳои марбута вобаста ба вазъи таъминоти сокинон бо гӯшт хеле сатҳию хом менамоянд. Маълум, ки ин хулосаҳоро барои рӯпӯш кардани ноуҳдабароиашон манзур мегардонанд. Ҳам иқрор нестанд, ки масъаларо дуруст намедонанд.  Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки барои беҳтар намудани вазъи парвариши чорвои гӯштӣ ва таъминоти мардум бо маҳсулоти он ташкил кардани як гурӯҳи кории доимоамалкунанда бо шумули олимони соҳа  ҳамчун бахши тавсиядиҳанда, масъулони вазорату идораҳо – татбиқкунанда ва Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ба ҳайси захиракунандаи кофии маҳсулот зарур аст, то масъалаҳои дар ин самт пешомадаро пайваста дуруст баррасию таҳлил намояд. Дар акси ҳол кӯр - кӯрона ва дар алоҳидагӣ  санҷидани  мушкили мавҷуда ба ҳалли он ҳеҷ таъсире накарда,  моро ба вобастагии зиёд аз маҳсулоти воридотӣ оварда мерасонад.   
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2019    №: 179    Мутолиа карданд: 595
28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед