иҷтимоиёт
УСТОДИ ВАРЗИШ. БАРДОШТ АЗ РӮЗГОРИ ИБРАТОМӮЗИ ШАЙДУЛЛО ИСОЕВ
Симои баҳодуронаи ӯро қариб ҳар саҳарӣ медидам. Аз деҳаи Тагноб ба маркази хоҷагӣ меомад. Дар роҳ мо - бачаҳои мактабхон ба ин марди ботамкину одӣ, вале нуронӣ салом дода мегузаштем. Баъзан, ӯ моро аз роҳ боздошта, аз мактабу дарсхонӣ пурсон мешуду баъд, андешамандона риштаи суҳбатро дигар тараф мекашид. Мо медонистем, ки акаи Шайдулло, ҳатман, аз варзиш ҳарф мезанад. Вай зуд рамузгирона ба қаду басти мо нигариста мегуфт: «Ку бачаҳо, бигӯед, ки кадом намуди варзишро дӯст медоред». Ин дам ба шавқ омада, ҳар кадом дар бораи гуштигирӣ, боксу волейбол ва футбол нақл мекардем. Ӯ бо шавқу ҳавас моро гӯш мекарду дар охир, оҳи сарде кашида, синчакорона ба мо менигаристу мегуфт:
«Чаро шумо варзиши сабукро дӯст намедоред? Охир давидан ҳам ҳунар аст». Ва дар бораи мусобиқаҳои варзиши сабук бо меҳру муҳаббат нақл мекард…
Солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар деҳоти мо бештар гӯштии миллӣ авҷ гирифта буд. Паҳлавонию майдонороӣ ҳукми анъанаро дошт. Аз деҳоти дуру наздик ба майдон мебаромаданду садои таҳсину офарин баланд мегардид. Ана маҳз дар ҳамин давра Шайдулло Исоев дар минтақаи Кӯлоб ба варзиши сабук роҳ кушод. Ӯ нахустин ҷавони кӯҳистоние мебошад, ки дар ин ҷода меъёри Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравиро ба ҷо овардааст…
Шайдулло Исоев соли 1957 аввал ба техникуми тарбияи ҷисмонии шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) дохил шуда, солҳои таҳсил чун варзишгари бомаҳорат ном баровард. Он давра аксари шарикдарсонаш ба гӯштигирӣ таваҷҷуҳ доштанд, аммо ӯ баръакс, ба варзиши сабук сахт дил баста буд.
Дар нахустин мусобиқаҳои варзиши сабук ширкат намуда, ғолиб гардид. Чемпиони ҷаҳон Паничкин Шайдуллои ҷавонро барои сайқали маҳорат ба дастаи варзишгарони сабуки ҷумҳурӣ шомил намуд. Маҳз чусту чолокии фавқулода, машқи пайваста ба ин сабаб шуд.
Соли 1961 ба деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ омада,то соли 1967 дар мактаб-интернати ҳамин деҳа ба сифати муаллими тарбияи ҷисмонӣ ва мураббӣ фаъолият намуд. Мактаб - интернат дар як муддати кӯтоҳ ба як маъвои писандидаи ҷавонон табдил ёфт.
Соли 1965 шогирдонаш - волейболбозони мактаб - интернат чемпиони мутлақи Тоҷикистон ва сазовори медали тилло гардиданд.
Солҳои дар мактаб - интернати деҳаи Кадучӣ кору фаъолият намуданаш шогирдони зиёдеро тарбия кард, ки то ҳол ба варзиши сабук содиқ мондаанд. Шогирдонаш Сайдаҳмад Назаров чемпиони мутлақи минтақаи Кӯлоб гардида, ҳамзамон, ба баландии як метру 85 сантиметр ҷаҳида, сазовори медали тилло шуд. Шогирди дигараш Ҳилолбӣ Довудова нахустин духтари деҳотиест, ки дар спартакиадаи мактаб - интернатҳои ҷумҳурӣ оид ба варзиши сабук дар масофаи 200 метр чемпион гардид.
Бо устодаш Паничкин ҳамкорӣ дошт. Зери роҳбарии вай на танҳо варзиши сабук, балки самбо, волейболу ҳарби озодро аз худ кард. Ва аз ҳама муҳимаш Устоди варзиши сабук гардид. Баробари машқу ширкат дар мусобиқот ва фаъолияти омӯзгорӣ соли 1965 ба Донишгоҳи омӯзгории ба номи Шевченко (ҳоло ба номи устод Садриддин Айнӣ) дохил шуд ва онро соли 1970 хатм намуд.
Соли 1967 дар шаҳри Ужгороди Россия мусобиқаи байналмилалӣ доир гардид. Шайдулло бори нахуст дар чунин мусобиқаи сатҳи баланд ширкат варзида, дар дави марафон масофаи 42 километру 195 метрро аввалин шуда тай намуд ва меъёри Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравиро иҷро кард. Соли 1970 аввалин маротиба аз фурудгоҳи Домодедово то Майдони Сурхи шаҳри Москва марафони варзиши сабук доир шуд, ки дар он тоҷикписар - Шайдулло Исоев дастболо гардида, ба гирифтани медали тилло сазовор шуд.
Ӯ солҳои 1957 - 1975 қариб дар тамоми шаҳрҳои бузурги собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар мусобиқаҳои гуногуни умумииттифоқӣ оид ба варзиши сабук ширкат намуд. Соли 1973 дар Спартакиадаи халқҳои СССР дар шаҳри Москва бахшида ба ҷоизаҳои рӯзномаи «Правда» дар масофаи 10 километр ва «Труд» дар масофаи 30 километр ширкат меварзад. Дар ин масофаҳо маҳорату чолокии баланд нишон дода, аввалин шуда ба марра мерасад ва соҳиби медали тилло мегардад. Ин дастоварди ӯ варзишгари вақт Валерий Радионовро, ки шореҳи бахши варзиши сабуки СССР низ маҳсуб меёфт, мафтун намуд ва бо пешниҳоди ӯ акси Шайдулло дар рӯзномаи «Советский спорт» ба нашр расид. То солҳои 80 - уми асри гузашта дар мусобиқаҳое, ки дар 39 шаҳри собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз он ҷумла Москва, Ленинград, Киев, Вилнюс ва Прага доир гаштаанд, ширкат намуда, сазовори панҷ медали тилло, 23 нуқра ва зиёда аз 100 нишони сарисинагӣ гардидааст.
Солҳои Истиқлолияти давлатӣ барои Шайдулло Исоев солҳои бобарору нек омад. Ҳоло шогирдони ӯ чемпиони ҷаҳон Дилшод Назаров, Аҷмал Амиров, Сергей Забавский, Олга Герасимова, Меҳрангез Назарова, Дилшода Раҳмонова иштирокчии фаъоли мусобиқоти гуногун буда, парчамбардорони диёр гаштаанд.
Шайдулло Исоев барои хидматҳояш ба унвонҳои Устоди варзиши СССР, Мураббии хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Довари дараҷаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук, Аълочии маорифи Тоҷикистон, панҷ медали тилло ва унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, медалҳои "Барои меҳнати шоён", "Собиқадори меҳнат" қадр гардидааст.
Маҷид САЛИМ, нависанда, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.09.2019 №: 179 Мутолиа карданд: 460