иҷтимоиёт
"РАШТ. ЧАРО МОҲИПАРВАРӢ РУШД НАМЕЁБАД?"
Матлаби “Рашт. Чаро моҳипарварӣ рушд намеёбад?”, ки 6 майи соли равон дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи "Ҷумҳурият" чоп шудааст, дар ҷаласаи васеи назди раиси ноҳияи Рашт бо иштироки масъулони соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ноҳия ҳамвора тадбирҳои саривақтӣ роҳандозӣ менамояд. Дар ҳамин ҳол, эродҳои муаллифи мақола низ дурустанд. Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2018, № 360 "Дар бораи Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 - 2015" нақшаи тадбирҳо таҳия гардида, дар асоси он се ҳавзи моҳипарварӣ таъсис ёфта буд. Ҳамчунин, бояд дар шафати дарёи Сорбоғи Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода ҳавзҳои моҳипарварӣ сохта мешуданд. Мутаассифона, бо сабабҳои гарон будани нархи хӯроки моҳӣ, мушкили дастрассозии он ва ҷалби нокофии соҳибкорон ба ин самт барномаи мазкур ноиҷро монд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри рушди соҳаи моҳипарварӣ ва иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, № 160 "Дар бораи Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022" талош варзида, мақсад гузоштааст, ки тавассути ҷалби соҳибкорон ба ин соҳаи муҳим, равона кардани қарзҳои имтиёзнок ва андешидани тадбирҳои дигари судманд дар ин самт инкишофи минбаъдаи моҳипарвариро таъмин намояд.
Ғайниддин МАНОНОВ, муовини раиси ноҳияи Рашт
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.09.2019 №: 179 Мутолиа карданд: 470