logo

иҷтимоиёт

КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗӮИ “СТРАТЕГИЯҲОИ МИЛЛӢ ОИД БА МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ”

Чанде пеш бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) ва Шабакаи байналмилалӣ оид ба маърифатнокии молиявӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзои СҲИР, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва вазорату ташкилотҳои ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Стратегияҳои миллӣ оид ба маърифати молиявӣ” конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар конфронс идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, ки масъули баргузории ин чорабинӣ мебошад,  баҳри таҳия ва татбиқи минбаъдаи “Стратегияи миллӣ оид ба маърифати молиявӣ”дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҳаммонанди бонкҳои марказии дигар давлатҳо дар заминаи таҷрибаи байналмилалӣ табодули таҷриба намуданд. Чорабиниро муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова ҳусни оғоз бахшида, барои дар ҳамоҳангӣ баргузор намудани чунин як чорабинии муҳими байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд ва Шабакаи байналмилалӣ оид ба маърифатнокии молиявӣ арзи сипос баён намуд.
- Конфронси мазкур барои таҳияи асосҳои ташаккули “Стратегияи миллӣ оид ба маърифати молиявӣ” дар заминаи омӯзиши таҷрибаҳои байналмилалӣ бахшида шуд. Дар чорабинӣ намояндагони ҳашт давлати дунё, инчунин, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, қарзӣ ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Аз ин рӯ, бо боварӣ метавон гуфт, ки баргузории он ба фаъолияти минбаъдаи ҳамкориҳои мо дар доираи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд ва Шабакаи байналмилалӣ оид ба маърифатнокии молиявӣ такони ҷиддӣ хоҳад дод. Бахусус, масъалаи “Маърифати молиявӣ барои муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо”, ки дар рафти ин семинар таҳлил карда шуд, метавонад барои дарк ва бартараф намудани мушкилиҳои дар ин самт ҷойдошта мусоидат намояд, - иброз намуд Лола Салимова.
Намояндаи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд Елена Митеева дар бораи “Лоиҳасозии стратегияи миллии саводнокии молиявӣ”, “Саводнокиии молиявӣ барои муҳоҷирон ва аъзои оилаҳои онҳо” ва “Сохтори идоракунии самаранок ва харитаи роҳи Стратегияи миллии саводнокии молиявӣ” муовини сардори идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон Улуғбек Бозоров доир ба “қадамҳои амалигардонии Стратегияи миллии саводнокии молиявӣ”, Далер Муродалиев, сардори шуъбаи  саводнокии молиявии идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ вобаста ба мавзӯъҳои калидии таҳияи Стратегияи миллии саводнокии молиявӣ ва намояндаи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд Кирил Косеев оид ба “Лоиҳасозии барномаҳои самаранок оид ба саводнокии молиявӣ барои муҳоҷирон ва аъзои оилаҳои онҳо” бо рӯнамоҳо баромад намуданд.
Ҳамчунин, дар конфронс намояндагони бонкҳои марказии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷамила Токмамбетова аз Бонки миллии Қирғизистон, Фараҳ Алиева аз Бонки марказии Озарбойҷон, Лазиз Мирзоев аз Бонки миллии Ӯзбекистон оид ба таҷрибаҳои давлатҳои худ дар самти татбиқи стратегияи миллии саводнокии молиявӣ, сухан ронданд.
Як нуқтаро бояд зикр кард, ки Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) – форуми байналмилалиест, ки ба ҳукуматҳои кишварҳои гуногун имкони муқоиса ва табодули таҷриба дар самти сиёсати иқтисодӣ, пайдо кардани таҷрибаи пешқадами кориро фароҳам оварда, дар самти оммавигардонии хулоса ва тавсияҳое, ки ба беҳтар шудани вазъи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунанд, саҳми назаррас дорад.
Шабакаи байналмилалӣ оид ба маърифатнокии молиявӣ соли 2008 ташкил шуда, беш аз 240 ташкилоти давлатӣ, аз ҷумла бонкҳои марказӣ, мақомоти назорати молиявӣ, вазоратҳои молия ва маорифи беш аз 115 давлатро муттаҳид намудааст. Методология ва принсипҳои асосии саводнокии молиявӣ, ки шабакаи мазкур пешниҳод менамояд, мисли дигар форумҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аз ҷониби кишварҳои “Гурӯҳи бистгона” қабул ва ҷонибдорӣ шудааст. Аъзои он дар ду сол як маротиба мулоқот намуда, табодули таҷриба менамоянд ва афзалиятҳои стратегиву чораҳои зарурии мутавозини сиёсати иқтисодиро баррасӣ мекунанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.09.2019    №: 182    Мутолиа карданд: 336
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед