Хабарҳо
Баррасии тавсеаи ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм
Дирӯз дар шаҳри Ню- Йорки ИМА дар ҳошияи иҷлосияи 74-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо директори иҷроияи директорати иҷроияи Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ Мишел Конинскс вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ дар самти мубориза бо терроризм баррасӣ шуда, вобаста ба масоили таҳдидҳои замони муосир ва чолишҳои минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1429