logo

иҷтимоиёт

ВМКБ. ХОТИМАГУЗОРӢ БА РАҚАМҲОИ ҲАВОӢ ДАР ҲИСОБОТИ ОМОРӢ

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вохӯрӣ бо рӯзноманигорон таъмини вазъи амнияти шаҳрвандон дар вилоят, хусусан шаҳри Хоруғ, афзоиши эътимоди мардум ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва наздик шудани ҳокимият ба мардумро аз ҷумлаи дастовардҳои асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят арзёбӣ намуд.

Зикр гардид, ки зимистони гузашта дар вилоят хеле сербарф омад. Бино ба маълумоти мутасаддиёни соҳа, дар шаҳри Хоруғ баландии барф аз 1,7 ва дар минтақаҳои баландкӯҳ аз 2 метр ҳам гузашт. Вале ёрии саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини техникаи роҳсозӣ ва заҳмати шабонарӯзии роҳсозони вилоят имкон дод, ки мушкилот сари вақт ҳал гардад. Бо вуҷуди ин, дар ин давра роҳ ба ноҳияи Ишкошим 27 рӯз банд монд. Дар ҳамин ҳол, дар ягон минтақаи вилоят ба норасоии маводи асосии хӯрока роҳ дода нашуд.
 Ёдгор Файзов доир ба натиҷаҳои соҳаи кишоварзӣ ҳарф зада, зикр кард, ки имсол нисбат ба соли пешӣ 1300 гектар камтар кишт ба ҳисоботи оморӣ роҳ ёфт.
- Вале ин чунин маъно надорад, ки мо ҳаҷми воқеии майдони киштро кам карда бошем. Балки пеши роҳи изофанависиро гирифта, заминҳои зери сохтмонҳоро, ки ҳамасола дар ҳисобот чун замини кишт сабт мешуданд, аз ҳисобот баровардем. Саршумори паранда ва чорво ҳам дар ҳисоботи оморӣ кам шуд, яъне ҳисоботи омориро то андозае ба ҳақиқат наздик кардем, то бидонем, ки истеҳсолоти воқеиамон чӣ қадар аст, талаботи истеъмолии моро чӣ қадар таъмин мекунад ва ба чӣ қадар маҳсулоти воридотӣ ниёз дорем. Ҳоло мушоҳида мекунем, ки дар бозорҳои вилоят, бахусус бозори марказии шаҳри Хоруғ, маҳсулоти истеҳсоли худӣ кам ба назар мерасад. Аҳли деҳоти гирду атрофи шаҳр ҳам бештар ширу гӯшт ва маҳсулоти дигари кишоварзиро аз бозори шаҳр мехаранд, - гуфт ӯ.
Раиси вилоят зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти худӣ ва ба содирот нигарондашударо аз ҳадафҳои афзалиятноки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ арзёбӣ кард.
Бо таассуф зикр гардид, ки созандагиву ободонӣ дар вилоят дар замони Истиқлолияти давлатӣ хеле пешрафт карда бошад ҳам, дар ин самт вилоят аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ақиб мемонад. Саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар ин раванд кам ба назар мерасад. Соли равон маблағгузории шарикони рушд барои сохтмонҳо кам шуд. Дар баъзе иншоот, ки бо маблағҳои буҷетӣ бунёд гардида истодаанд, корҳо ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудаанд ва суръати истифодаи босамари маблағҳо қонеъкунанда нест. Як мушкил он аст, ки бо вуҷуди сатҳи баланди бекорӣ дар вилоят, ташкилотҳои сохтмонӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ коргар намеёбанд. Фирмаи сохтмонии Қадамшо Чиниев, ки бунёди чанде аз иншоотро ба зимма дорад, 60 нафар коргарро аз минтақаҳои берун аз вилоят ба кор ҷалб кардааст. Сокинони вилоят дар ин иншоот майли кор кардан надоранд, дер ба кор ҳозир мешаванду зуд аз кор мераванд. Коргарони дигар минтақаҳо нисбат ба кадрҳои маҳаллӣ беҳтар кор мекунанду шабу рӯз дар иншоотанд. Раиси вилоят пешрафти соҳаи саноатро ба натиҷаҳои фаъолияти 2 корхонаи саноатӣ - “Помир энержи” ва Комбинати ордбарории ноҳияи Шуғнон марбут дониста, бо нигаронӣ зикр кард, ки дар ин давра 49 корхонаи саноатии дигари вилоят кам маҳсулот истеҳсол намуданд ё тамоман фаъолият надоштанд. Дар самти рушди саноати кӯҳӣ раиси вилоят иттилоъ дод, ки ҷиҳати сода кардани бақайдгирӣ ва иҷозатномадиҳӣ барои кор дар конҳои ҳудуди вилоят корҳо рафта истодаанд. Вале айни ҳол сокинони вилоят аз имкониятҳо дар самти заршӯӣ кам истифода мебаранд. Раиси вилоят аз он изҳори хушбинӣ кард, ки аз 18 лоиҳаи сармоягузории ба Форуми байналмилалии “Помир Инвест” пешниҳод гардида 14 лоиҳа мавриди таваҷҷуҳи сармоягузорон қарор гирифт ва фаъол намудани кор дар кони ангишти Равноб, аз ҷумлаи ин лоиҳаҳо мебошад.
 Зикр гардид, ки хонандагони вилоят дар ин давра аз олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ 15 медал ба даст оварданд, ки дар қиёс ба солҳои пеш зиёд аст. Вилоят дар самти дохилшавии хатмкунандагони мактабҳо ба муассисаҳои олии хориҷи кишвар дар ҷумҳурӣ дар ҷои аввал қарор дорад. Пойгоҳи моддӣ - техникии муассисаҳои маориф сол ба сол мустаҳкам гардида, ҳоло бунёду навсозии 55 мактаби садамавии вилоят ба нақша гирифта шудааст.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2019    №: 184    Мутолиа карданд: 1462
26.01.2021


 ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 ҶАЛАСАИ ШӮРОИ НОЗИРОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

 ВОХӮРӢ БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

 «ТОҶИКОН» БА НОҲИЯИ ЛАХШ РАСИД

 НАШРИ КИТОБНОМАИ ШАРҲИҲОЛИИ БОҚӢ РАҲИМЗОДА

 «ҒУНЧАҲОИ ХАТЛОН»

 МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН. БЕЭЪТИНОӢ НИСБАТ БА ОН БОИСИ ҶАВОБГАРӢ ШУД

 СОХТАКОРӢ. БОЗДОШТИ НАФАРОНЕ, КИ ҲУҶҶАТҲОИ ҚАЛБАКӢ МЕСОХТАНД

 ТАМАЪҶӮӢ ЗАНИ 32 – СОЛАРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ ШИНОНД

22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед