logo

сиёсат

ДУРӮҒПАРОКАНИИ ИФРОТИҲО Ё АЗ АНҶУМАНҲОИ ВАСВАСАВӢ ТО ҲУВИЯТСИТЕЗИИ НАҲЗАТИҲО

Як гурӯҳ ҷинояткорони ифротӣ, муздурони беҳувият, хоинони ватанфурӯш аз ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ ва “Гурӯҳи - 24” бо ёрии сарпарастону хоҷагони зиддитоҷикияшон дар кишварҳои мухталифи ғарбӣ паноҳандагӣ ва  лонаи истироҳат ёфтаанд. Онҳо барои ноором намудани авзои дохилии Тоҷикистон ва бадном кардани сиёсати одилонаи Ҳукумат аз ҳама гуна усули муқовимат ва методу фишангҳои сиёсӣ барои расидан ба мақсадҳои шум, ноҷавонмардона, ғаразолуди худ талош доранд. Ҳаёти мардуми тоҷик ва муқаддасоти дини мубини ислом назди ин гурӯҳҳои ифротӣ, ки яксолагии таъсиси  ташкилоти ҷаълии террористии як паймони шикаста ва барбодрафтаро дар шаҳри Варшава ҷашн гирифтанд, ягон арзиш надорад.

Саркардагони ин бадхоҳон ва даҳҳо ифротии дигар дар солгарди ташкилоти террористии худ мақсад ва ҳадафи аслиашонро фош намуда, изҳор доштанд, ки мо барои мансабу курсӣ ва барои бадастовардани қудрати сиёсӣ мубориза бурда истодаем.  Аз ягон намуди мубориза ва хунрезӣ даст намекашем.  Ин гумгаштагон зери унвони фейк, яъне бо номгузории “Паймони миллӣ” кишварҳои аврупоиро фиреби сиёсӣ намуда, мақсадашон тиҷорат ва  дарёфти грантҳои хориҷӣ ва лонаи роҳат дар Аврупо аст.
М. Садриддин сухангӯ ва миссионери салафимаслаки ТТЭ ҲНИ ва Фирӯзи Муъмин дар шабакаҳои иҷтимоии интернет  ақоиди ботил ва идеологияи муҳлику тавтиапардоз ва зидди фарҳанги тоҷикиро рангу тобиши “динӣ” дода, барои фиреби чашми мардум, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, раванди ҷанги иттилоотӣ ва шустушӯи мағзиро, тақвият бахшидаанд.
Агар ба фаъолияти эмиссарии М. Садриддин аз ибтидо чашм бидӯзем, дармеёбем, ки мавсуф дар ибтидо аз мубаллиғони ғояҳои ифротии салафия ва афкору ақидаи ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” буда ва дар ин ҷода даҳҳо ҷавони тоҷикро ба эмиссарҳои Абубакри Бағдодӣ дар ивази беномусии худ фурӯхтааст.  Ӯ бо сармоягузории бевоситаи “Давлати исломӣ” ва ҷабҳаи размандаи “Аннусра”- и террористони Сурия ба Туркия, Афғонистон ва шаҳри Москва сафар намуда, бо хадамоти террористӣ ва саркардаҳои ҳаракатҳои ифротӣ байъат ва машварат намуда, барои анҷом додани амалҳои зиддибашарӣ бо лордҳои хориҷӣ ҳамнишину ҳамтабақ аст.
Таҳлил ва ковишҳои тахассусӣ нишон медиҳанд, ки дигар шарафи инсонӣ, имон ва нангу номуси миллӣ дар пайкараву тафаккури ифротии ин муздурони беҳувият боқӣ намондааст. М. Садриддин ва ҳамҷинсони хоину бемуруввати он дар сангари душманӣ алайҳи миллат ва давлати худ қарор гирифта, чун репраққосаҳои бешарму ҳаё барои бадном кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зердолонҳои САҲА ҳузур пайдо намуда, ин саҳнаро барои паҳн намудани маълумоти бардурӯғу беасос ва  буҳтон нисбат ба Тоҷикистон  истифода мебаранд.
А. Бобоев як ифротии дигар аз ҷумлаи дурӯягоне мебошад, ки худро раиси “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ” ҳисобида, тавассути ин ниҳоди террористии ҲНИ пайваста маводи бемантиқ ва аз воқеият дур ба табъ мерасонад.  Албатта, шеваҳои аблаҳона ва ихтилофангези гумроҳшудагони ТТЭ ҲНИ дар арсаи байналмилалӣ зуҳуроти тоза ва нав нест.   Бобоев Абдусаттор дар асоси барномаи тарроҳинамудаи ТТЭ ҲНИ дар шонздаҳуми июни соли 2016 дар шаҳри Варшава - пойтахти Лаҳистон  ҳамоиши сиёсиеро бо номи “ Ёдбуди шуҳадои зиндон” баргузор намуда буд. А. Бобоев тавассути ин ниҳоди зидди Тоҷикистонии худ аз хоҷагонаш пулҳои муфт ба даст оварда, дар майхонаву раққосахонаҳои репӣ бо айшу ишрат рӯз мегузаронад.
Аъзои  ТТЭ ҲНИ ҳаргиз дар фикри ягон зиндонӣ ва маҳбус нестанд, балки онҳо бо гузарондани чунин ҳамоиш ва конфронсҳои ҷаълӣ талош доранд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бадном карда, ҳамзамон, чеҳраи сиёҳ ва террористии ҲНИ ва саркардагони ҷинояткори онро ҳамчун омили мусбат ва хайрхоҳ муаррифӣ намоянд. Тавассути ин аъмоли манфурашон инҳо аз бархӯрдор шудан ва истифодаи маблағҳои ташкилотҳои байналмилалӣ манфиат мебаранд. Инҷо саволе пайдо мешавад, ки чаро А. Бобоев ва ҳаммаслакону ҳамҷинсони ӯ дар ҳоли фаъолиятҳои қаблиашон, умуман, дар бораи зиндонӣ фикре ҳам намекарданд ва ба ёдашон низ ҳеҷ як нафаре ба ҷуз айшу ишрат намеомад?  Имрӯз бошад, барои манфиатҳои шахсӣ, пайдо намудани лонаи роҳат дар кишварҳои хориҷ,  даст ба  эҷоди тафриқаву низоъ дар байни миллат задаанд. Ӯ фаромӯш кардааст, ки мардуми тоҷик дигар бозичаи дасти ин авбошони сиёсӣ ва мансабхоҳу мансабталош намегарданд.
Тавре ҳамагон огоҳанд,  садҳо тан аз размандагони ТТЭ ҲНИ дар рафти амалиётҳои террористии худашон қурбон гашта, садҳо тани дигар аз дасту по маҳрум гашта буданд. Аммо раҳбарону масъулини наҳзат, ба монанди М. Кабирӣ, Ш. Алимов, М. Садриддин ва А. Бобоев, ягон маротиба ба онҳо кумак нарасонданд, балки хазинаҳои молию пулии ТТЭ ҲНИ-ро ғорат карда, ба яғмо бурданд ва дар хориҷ аз кишвар барои аҳли байти худ марказҳои тафреҳӣ ва хонаву маишатгоҳҳо хариданд. Ягон саркардаи ТТЭ ҲНИ дар фикри ислом ва ҳаёти мусалмонҳои Тоҷикистони азиз нестанд.
Ҳоло мардуми шарифи тоҷик ин ҳама найрангҳоро медонанд ва симои аслии душманони хешро мешиносанд. Аз ин рӯ, талошҳои бесуботсозии ҷомеа, оростани анҷуманҳои васвасасозе, ки пушти лоиҳаҳои он манфиатҳои молии хоинони миллат меистанд, ба амну осоиши кишвари рӯ ба тараққиёти мо ҳеҷ таъсире нахоҳанд гузошт.

Фирӯз НОСИРОВ, коршиноси масоили сиёсӣ, сокини шаҳри  Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2019    №: 185    Мутолиа карданд: 387

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед