logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКОБОД. АВЛАВИЯТ БА ТАРБИЯИ ОИЛАҲОИ ҶАВОН

11 июли соли 2019 ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои ҷавон сабукӣ овард.
Тибқи тағйироти мазкур ба падару модар дар рӯзи додани ариза ё дар муддати панҷ рӯзи корӣ аз лаҳзаи додани ариза, ки он на дертар аз се моҳ баъд аз таваллуди кӯдак пешниҳод шудааст, ҳуҷҷати сабти таваллуд ройгон дода мешавад. 
 Чунин иқдом имкон медиҳад, ки шаҳрвандон сари вақт ва бидуни хароҷот барои кӯдаки навзоди худ шаҳодатномаи таваллуд бигиранд.  Тағйироти мазкурро сокинони ноҳияи Тоҷикобод боз як ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳрвандон, бахусус барои табақаҳои камбизоат арзёбӣ намуда, аз иқдоми хайрхоҳонаи Пешвои миллат изҳори сипос менамоянд.
Ба андешаи мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Тоҷикобод Хуршед Саломзода тағйироти мазкур барои сари вақт аз қайди сабти давлатӣ гузаштани кӯдакони навзод боис мегардад. Зеро, яке аз сабабҳои сари вақт нагирифтани шаҳодатномаи таваллуд аз ҷониби қисме аз волидон ба супурдани маблағ марбут буд. «Акнун кори мо -  кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва бахшҳои Агентии омор барои бақайдгирии ҳолатҳои таваллуд осон гардид, - мегӯяд Хуршед Саломзода, - аз тарафи дигар, тағйирот боиси шаффофият ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани маълумоти оморӣ мегардад. Илова бар ин, тибқи қонунгузорӣ гузаштан аз ташхиси тиббӣ низ барои издивоҷкунандагон ройгон гардид, ки ин ҳам яке аз ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат барои шаҳрвандон маҳсуб мегардад».
Тибқи маълумоти шуъбаи САҲШ дар нуҳ моҳи соли 2018  дар ноҳияи Тоҷикобод  858 таваллуд ба қайд гирифта шуд, имсол шумора ба 949 нафар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 91 таваллуд зиёд мебошад.
Яке аз мушкилоти дигар барои навхонадорон ин махфӣ нигоҳ доштани натиҷаи  ташхиси тиббӣ ба шумор мерафт, ки бе ризоияти шахси ташхисшуда ошкор намегардид. Акнун тибқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» мақомоти бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки аризаро дар бораи бастани ақди никоҳ қабул намудааст, уҳдадор аст никоҳшавандаҳоро бо тартиб ва шартҳои бақайдгирии давлатии ақди никоҳ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо ҳамчун ҳамсарони оянда шинос намуда, онҳоро оид ба оқибатҳои пинҳонкунии маълумотҳое, ки барои бақайдгирии давлатии ақди никоҳ монеа мегарданд, огоҳ намоянд.
Яке аз мушкилоте, ки солҳои охир ҷомеаро ба ташвиш овардааст, зиёд шудани шумораи бекор кардани ақди никоҳ мебошад, ки ноҳияи Тоҷикобод низ истисно нест. Дар нуҳ моҳи соли 2019 ҳамагӣ 336 никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 116 адад кам мебошад.  Шумораи бекор кардани ақди никоҳ 42 адад буда, нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 13  - то зиёд аст. Албатта, ин рақамҳо боиси нигаронии аҳли ҷомеаи ноҳия, бахусус масъулони сохторҳои марбутаи давлатӣ  қарор гирифт.
Бо мақсади пешгирӣ аз вайроншавии оилаҳо аз тарафи бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод корҳои зиёде бурда мешаванд. Аз тарафи  бахш, дар  якҷоягӣ бо бахши  кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷалби шахсони рӯзгордида корҳои тарғиботӣ, аз ҷумла  мулоқоту  вохӯриҳо дар ҷамоатҳои деҳот, ба роҳ монда шудаанд. Зимни мулоқот ҳаёти намунавии оилаҳои рӯзгордида ва навташкил дар байни аҳолӣ  тарғибу ташвиқ мешаванд.
Аз вохӯриҳо аён мегардад, ки сабабҳои пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, пеш аз ҳама, омода набудани навхонадорон  ба ҳаёти мустақилона мебошад. Дар аксар вақт, дахолати бемавриди бархе аз волидон низ сабабгори ин ҳолати номатлуб мегардад. Аз рӯи хулосаҳо бармеояд, ки ҷавонон, бахусус духтарон, бояд ба ҷои саросемавор хонадор шудан, ба таҳсилу касбомӯзӣ машғул шаванд. Агар қабл аз хонадоршавӣ ҷавонон  соҳиби маълумот ва ё касбу ҳунар шаванд, таҷрибаашон ҳам ба кор ва ҳам ба зиндагӣ бештар мегардад.
Зимни сафари кориашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба ноҳияи Тоҷикобод дар масъалаи тарбияи ҷавонон ва соҳибмаълумот намудани онҳо диққати хосса зоҳир намуданд. Пешвои миллат ба ҷавонон бобати таҳсили духтарон, нақши муҳим доштани мавқеи занон дар тарбияи насли наврас ва ба  илму ҳунаромӯзӣ ва корҳои давлатию ҷамъиятӣ ҷалб намудани занону духтарон насиҳатҳои падарона намуда, ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ 124 квота, аз ҷумла 84 ҷой барои духтарон, ҷудо намуданд. Ин ғамхории хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро сокинони ноҳия иқдоми басо муҳим дар самти маърифатнокӣ ва пойдории оилаҳои  ҷавон, бахусус духтарони кӯҳистон арзёбӣ менамоянд, зеро маҳз маърифатнокии навхонадорон боиси пойдории оилаҳои солим дар ҷомеа мегардад.

Дилшод АМИРОВ,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.10.2019    №: 186    Мутолиа карданд: 724
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед