Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Regnum.ru. 3 - 4 октябр сарвазири Россия Дмитрий Медведев бо раиси Шӯрои давлатӣ ва Девони вазирони Куба Мигел Диас - Канел гуфтушунид мекунад, - иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Ҳукумати ФР.
RT. Дар Олмон изҳор доштанд, ки таҳримот аз Россия танҳо дар сурати пешравӣ дар татбиқи созишномаи Минск бардошта мешавад.
Regnum.ru. Дар як қатор музофотҳои Ҷопон бо наздикоии тӯфони «Митаг» бориши бесобиқа мушоҳида мешавад, ки 50 соли охир ба ин шиддат наборида буд.
«Известия». Ба гуфтаи котиби генералии ОПЕК Муҳаммад Баркиндо, Арабистони Саудӣ ҳаҷми истихроҷи нафтро пас аз ҳамлаи дронҳо ба иншооти нафтӣ пурра барқарор сохт.
INTERFAX.RU – Хусиҳои шӯришгари Яман 290 асирро озод намуданд, - хабар додааст Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх.
«Красная звезда». Низомиёни рус дар пойгоҳи ҳавоии Хмеймими Сурия дар ду соли охир 118 бесарнишини гурӯҳҳои террористиро нобуд намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 700