| Бахшҳо |
| Президенти ҶТ |
| Ҳуҷҷатҳо |
| Ҷаласаҳо |
| "Ҷумҳурият" |
ҳуқуқ
Рашк зиндониаш кард
Муноқишае, ки чанде қабл дар Ҷамоати деҳоти Ҳисори ноҳияи Ҳисор миёни зану шавҳар Дилшод Сулаймонов ва Зиёда Тағоева сар зад, дар ниҳоят бо марги зан анҷомид.
Сабаби аслии ба вуқӯъ омадани ин ҳодисаи ногувор дар бекории шавҳар унвон мешавад. Дилшод бо Зиёда соли 2005 оила барпо карда, соҳиби ду писар гашт. Бинобар ҷои кори доимӣ надоштан моҳи ноябри соли 2008 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Русия рафта, тӯли шаш моҳ дар он ҷо ба корҳои сохтмонӣ машғул шуд. Дар ин муддат ба ӯ дӯстонаш якчанд маротиб занг зада гуфтаанд, ки гӯё завҷааш бо мардҳои дигар ишқварзӣ мекунад.
Дилшод 13 марти соли 2009 ба хона баргашта аниқ кард, ки занаш дар дӯкони бозори марказии ноҳияи Ҳисор ба дӯхтан ва фурӯши либосҳои миллии занона машғул аст. Ба хона дер омадани зан боиси рашки шавҳар гардид. Акнун ӯ ҳар қадами мондаи ҳамсарашро зери назорат мегирифт.
Зиёда субҳи 11 июни соли 2009 ба мошини «Тангем» савор шуда, ба бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе омад. Дилшод низ мошинеро киро карда ӯро пайгирӣ намуд. Зиёда ба бозор ворид шуда, пас аз 10-15 дақиқа бо ҳамон мошин роҳи Ҳисорро пеш гирифт. Дилшод мегӯяд, ки дар хилватгоҳи гардиши деҳаи Учқули ноҳия занашро бо ронанда дар ҳолати ишқварзӣ дарёфт...
Далелҳои овардаи Дилшод, ки қисми таркибии парвандаи ҷиноятии нисбат ба ӯ бозгардидаро фаро гирифтаанд, дар коллегияи судӣ баррасӣ гаштанд. Вале дар парванда далелҳои дигаре низ ҳастанд, ки мухолифи гуфтаҳои ӯянд. Маълум гашт, ки Дилшод Сулаймонов ҳамсарашро аз рашк пайваста зери латукӯб қарор медодааст. Чун кор аз ҳад мегузарад, Зиёда аз шавҳараш дархости ҷудо шуданро талаб мекунад. Ва иброз медорад, ки ӯро барои тӯҳмати ноҳақаш ҳеҷ гоҳ намебахшад.
Шавҳари ба ғазабомада ҳамсарашро ба ҳаммом дароварда ба сару рӯяш бензин пошид ва дар ҳузури фарзандон модари онҳоро оташ зад. Забонаи оташ ба дасту пойҳои бензинолудаи Дилшод низ часпида, паси панҷа ва пойҳояшро сӯзонд. ӯ дарро сар дода, ба хомӯш кардани оташи дастонаш машғул шуд. Зиёда бо сӯхтани 90 дарсади баданаш 20 июни соли 2009 аз олам чашм пӯшид...
Парвандаи ҷиноятии Дилшод Сулаймоновро коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии ҷумҳурӣ баррасӣ намуда, ӯро бо моддаи 104, қисми 2, банди «е»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба мӯҳлати 25 сол зиндонӣ кард.
Раҳмон ШЕРАЛИЕВ,
машваратчии халқии
Суди Олии ҷумҳурӣ
Дар маркази дилхушӣ таркиш
ба амал омад
Хабарҳои охирин
07.09.2010
Наврӯз ҷашни байналмилалии
кишварҳои узви САҲА эълон шуд
Душанбе: 15 иншоот мавриди истифода қарор гирифт
Барномаи ҷаҳонии озуқа: лоиҳаи нав роҳандозӣ гардид
7 корхонаи хишт ба кор даромад
«Шашболоӣ» 200 оиларо бо барқ таъмин мекунад
Медведев дар Қазоқистон. Кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?
Президенти Афғонистон шӯрои гуфтугузор бо толибонро созмон дод
Гурӯҳи баскҳо - ЭТА оштӣ эълон кард
Тағйири шеваи ҷангии Амрико дар Афғонистон
Чилӣ: кӯҳканҳо як моҳ боз дар зери заминанд
04.09.2010
Ҳомиди Карзай: дар пайи
ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд
Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд
Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр
Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд
Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ
Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият
Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид
Таркиш дар Хуҷанд: 25 нафар захм бардошт
Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?
Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ
Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест
Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд
02.09.2010
Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо
Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд
Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд
Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд
Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад
Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!
Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд
Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010
31.08.2010
Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад
| Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед |
|---|