Хабарҳо
Тоҷикистон 48 зиндониро ба Афғонистон интиқол дод
Parstoday. Дирӯз 48 зиндонӣ дар марзи Тоҷикистон ба ҳукуматдорони Афғонистон супурда шуд.
Соли равон ин дувумин маротиба аст, ки зиндониёни афғон аз Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол дода шуданд. Қаблан моҳи июл низ 80 зиндонии афғон дар ҳамин минтақаи марзӣ ба давлати ҳамсоя таҳвил дода шуда буд. Аксари афғонҳо ба ҷурми қочоқи нашъа аз озодӣ маҳрум гаштаанд.
Мақомоти Афғонистон дар ин робита мегӯяд, ки чанд шаҳрванди тоҷикро, ки ба иттиҳоми ифротгароӣ ва терроризм дар зиндонҳои Афғонистон буданд, ба Душанбе интиқол додааст.
Интиқоли зиндониёни тоҷик ва афғон ба ватанашон бар асоси тавофуқномаи миёни давлати Тоҷикистон ва Афғонистон аз соли 2010 сурат мегирад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2447