иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Олими намоёни соҳаи иқтисод, чеҳраи маъруфу шинохта дар доираҳои илмии ватанию хориҷӣ, устоди соҳибмактаб, муаллифи назарияи иқтисодиёти хурди кушод ва дастовардҳои фаровони илмӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон, академики Академияи байналхалқии муҳандисӣ Лутфулло Саидмуродов маҳбуби хосу ом мебошад.
Ба Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов ҳуҷҷат супурда, аз имтиҳоноти қабул гузашта, ба сафи донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат пайваст ва соли 1981, баъд аз хатми бомуваффақона, ба ҳайси ассистенти кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолиятро оғоз кард.
Соле баъд ба Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов ҷиҳати пешбурди тадқиқоти илмӣ сафарбар гардид. Бо ҳамин мақсад соли 1983 ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи донишгоҳи мазкур дохил шуд. Дар зарфи се сол таҳқиқоти илмии худро дар мавзӯи «Шаклҳои тобеияти меҳнат ба сармоя дар раванди саноатикунонии капиталистии кишварҳои рӯ ба тараққӣ: дар мисоли Ҳиндустон» таҳти роҳбарии Нуреев Рустам Маҳмудович ба итмом расонда, бомуваффақият ҳимоя карда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ гардид.
Баъди бозгашт ба кишвар ҷиҳати илмро ба амал пайвастан фаъолияти худро ба ҳайси муаллими калон, дотсенти кафедраи назарияи иқтисоди факултаи иқтисодӣ ва солҳои 1994 – 1996 дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии иқтисодии факултаи молияву иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома бахшид.
Ҳамагӣ 32 сол дошт, ки ба узвияти Шӯрои иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд. Соли 1997 аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти бехатарии Аврупо (ОБСЕ) ба сифати нозири байналхалқии интихоботи парламенти Ҷумҳурии Сербия фаъолият намуд.
Аз соли 1996 сар карда то соли 2006, муддати даҳ сол, умри азизи худро барои аз сифр поягузорӣ кардани факултети иқтисодии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ сарф кард. Солҳои 2002 – 2004 ба ҳайси директор ва профессори байналмилалии ҳамкор дар барномаи байналмилалии – «Такмили ихтисоси муаллимони факултаҳои иқтисодии мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият дошт.
Ҳамзамон, Лутфулло Ҳабибуллоевич соли 2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, то моҳи апрели соли 2015 дар Парламенти касбии кишвар ҳамчун узви кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон (аз соли 2013 раиси ин кумита), инчунин, ҳамчун узви комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба одоби вакилон, узви комиссияи муваққатии экологӣ, узви фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи апрели соли 2015 инҷониб, вазифаи директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.
Ҳамин тавр, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Саидмуродов Лутфулло Ҳабибуллоевич, ҳама донишу таҷриба ва неруи худро барои ободӣ ва пешрафти кишвари азизу мардуми сарбаланди он сарф менамояд ва рисолати худро дар сатҳи баланд ба ҷо меорад.
Фаридулло УБАЙДУЛЛОЕВ, устоди ДДМИТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.10.2019 №: 188 Мутолиа карданд: 221