logo

иҷтимоиёт

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН БА АРТИШИ МИЛЛӢ ОҒОЗ ШУД

Расми гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими даъвати тирамоҳӣ бо шукӯҳ ва тантанаҳои хоси ватандӯстӣ оғоз шуд. Аз ҷумла, дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе маъракаи гусели наваскарон ба Артиши миллӣ дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои ватандорӣ, пос доштани марзу буми кишвар сурат гирифт. Рӯзи аввали даъват ба ин муносибат дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон  ба номи Акашариф Ҷӯраев чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Чорабинии мазкур бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир гардида, дар он Умед Гуреззода, муовини раиси шаҳр, Асрор Латифзода, муовини вазири мудофиа, Ризо Назарзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони комиссариатҳо, қисмҳои ҳарбӣ ва падару модарони даъватшудагон иштирок доштанд.
Умед Гуреззода, муовини раиси шаҳри Душанбе, дар оғози ҳамоиш иброз дошт: «Бо саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии маишиву моддӣ муҳайё шуда, дар ҳамаи воҳидҳои низомӣ имрӯз афсарони касбии ботаҷриба ҷиҳати баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар менамоянд. Тӯли 28 соли соҳибистиқлолӣ Артиши миллии мо роҳеро тай намудааст, ки он қимати чандин даҳсоларо дорад».
Асрор Латифзода, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳор дошт, ки хизмати Ватан - Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард ба ҳисоб меравад. Сол ба сол сафи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд, зиёд гардида истодааст. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок меандешад.
Сипас, аз ҷониби муовини раиси шаҳри Душанбе, муовини вазири мудофиа ва муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш ба даъватшудагоне, ки курси кӯтоҳмуддати ронандагиро хатм кардаанд, ҳуҷҷати ронандагӣ тақдим гардид.
Қобили зикр аст, ки чунин маъракаи муҳим дар ҳамаи вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳамин тартиб оғоз гардида, муташаккилона идома дорад. Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳои расида, бархе шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ноҳияҳои Шуғнон, Дарвоз, Ишкошим, Мурғоби ВМКБ ва шаҳри Исфараи вилояти Суғд дар рӯзи аввали даъват аз иҷрои нақша хабар доданд.

Лашкар ШАРИФЗОДА,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2019    №: 188    Мутолиа карданд: 1686

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»

Прокурорҳои генералии СҲШ мубориза бо нашъафурӯшӣ ва қочоқро баррасӣ намуданд

Таъкиди сарвазири Гурҷистон аз зарурати беҳсозии муносибат бо Россия

Ҷаҳон дар як сатр

01.10.2019


Тоҷикистон 48 зиндониро ба Афғонистон интиқол дод

Намояндагони комиссияи Аврупо барои музокирот ба Беларус мераванд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед