logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Барои хариди замин чӣ қадар пул диҳад?
Дар расм порчаи секунҷаи заминест, ки бо нишондоди андозаҳояш  ба фурӯш гузошта шудааст. Муайян кунед, ки агар 1м2  замин 1000 сомонӣ бошад, довталаб барои хариди ин замин бояд чӣ қадар пул диҳад?
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru


НАМАКРО БА КӮЛ АНДОЗ
Ҷавоне мақсади зиндагиашро гум карда, худро бениҳоят бадбахт мехонд. Рӯзе устоди солхӯрдаашро вохӯрду аз ноҷӯриҳои рӯзгораш шиква намуд. Ҷавон гаштаю баргашта такрор мекард: «Чаро маҳз ман бояд ғамзада бошам?».
Устод ба фикр фурӯ рафт ва ба пиёлаи обе каме намак рехту ба шогирд дароз кард.
Чун ҷавон обро нӯшид, устод аз ӯ пурсид:
Таъмаш чӣ хел? 
- Бениҳоят шӯр, чеҳраашро турш карда, - гуфт ҷавон.
Устод лабханде заду фармон дод, то бо худ як кафи дигар намак гирад ва ҳамроҳаш  ояд. Хомӯшона то лаби кӯл расиданд. Шогирд бо тақозои устод намакро ба кӯл андохт ва аз он нӯши ҷон карду афзуд: «Болаззат аст об, шӯр нест».
Пирамард ба ӯ гуфт:
- Ғам дар ҳаёти мо мисли намак ва дили мо ба масал кӯлу пиёла аст. Намакро ба оби пиёла неву ба кӯл андоз ва ҳаётатро шӯр макун.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Барфи наҷотбахш
Боварнокарданист, вале ҳақиқат чунин аст: ду маротиба кӯрпаи махмалини барф сарнишинҳои тайёраҳоро, ки аз баландии зиёд афтоданд, наҷот дод. Ҳавонаварди рус лейтенант И. М. Хизов аз тайёраи бомбаандози вайроншудаи худ берун ҷаст ва аз баландии 6600 метр сӯи замин сарозер шуд. Бахташ хандиду ба нишебии пурбарф афтод, ӯ дар беморхона бо каме лат хӯрдани сутунмуҳра бистарӣ шуд. Афсари англис Николас Элк-мейд аз қиркунандаи оташгирифта бе парашут аз баландии 5500 метр ба замин ҷаҳид. Шамол ӯро ба сӯи ҷангалзор бурд. Ба нӯг – нӯги дарахтони арча бархӯрда, сипас ба ғарами барф уфтод, чанд дақиқа ҳушашро бохт ва баъд гӯё ҳодисае нашуда бошад, аз ҷой бархост. Захмҳои хӯрдааш кирои гап ҳам набуданд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Сухани Раневская аст, ки мегӯяд:
- Склерозро табобат кардан ғайриимкон аст, вале фаромӯш кардан мумкин.
Аз русӣ тарҷумаи
Фараҳзоди ҚУРБОНАЛӢ


27 СОЛ ДАР ҶАНГАЛ
24 марти соли 1973 ҳавопаймои «Douglas DC-6» бо 47 мусофир аз Сингапур ба Манил парвоз кард. Ногаҳон ҳавои соф тағйир ёфта, раъду барқ ба вуҷуд омад. Командири экипаж дарҳол ба танзимгар хабар дод, ки тайёра дар самти шарқии ҷазираи Барнео воқеъ асту алоқа қатъ шуда истодааст. Дар ҳамин ҳол, муҳаррики тайёра оташ гирифту ва доду фиғони мусофирон ба фалак печид. Халабон аз ноилоҷӣ ҳавопайморо дар яке аз гӯшаҳои ҳамвору бехатари ҷангалзор нишонд. Дар натиҷа 7 нафар ҷон бохта, чандин кас ҷароҳат бардошт.
Ҳарчанд мусофирон наҷотдиҳандагонро интизор шуданд, касе ба суроғашон наомад. Мутаассифона, имкони истифода аз алоқа ҳам набуд. Ҳамин тавр, «робинзо» - ҳо 27 сол дар ҷангал монданд.
Дар ин муддат борҳо кӯшиш намуданд роҳи баромадан аз ҷангалро пайдо кунанд, аммо ҳар дафъа талошашон барабас мерафт. Чун одамони ибтидоӣ рӯз гузаронда, асосан, ба шикор машғул мешуданд.
Бо гузашти замон гузори суратгирони ҳинду ба ин ҷо афтоду аз «одамони бенишон» хабар доданд.
Таҳияи М. ҚОДИРОВА


БЕРНАРД ШОУ
Бернард Шоу ҳеҷ гоҳ иҷозат намедод, ки коргардонҳо сатре аз пйесаашро кам кунанд. Боре аз ӯ бисёр хоҳиш карданд, ки дигар илоҷ нест, бояд асарро камтарак кӯтоҳ намоянд. Дар акси ҳол тамошобинони роҳдурӣ аз охирин рейси поезд ҳам қафо монда, то хонаҳояшон расида наметавонанд.
- Ба пйесаи ман кордор нашавед, беҳтараш ҷадвали ҳаракати поездҳоро тағйир диҳед,- гуфт Шоу.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалимаи ҚУРБОНАЛӢ


ОИНАҲОИ ФАВҚУЛОДАИ НУРОФАР
Шаҳраки Рюкани Норвегия дар  пастӣ,  байни кӯҳҳои сарбафалаккашида, мавқеъ гирифтааст. Бинобар ин,  сокинонаш тӯли моҳҳои марту сентябр  аз дидани Офтоб маҳруманд.  Соли 1913 Саму Эйде идеяеро роҳандозӣ намуд. Ӯ дар баландии яке аз кӯҳҳои  шаҳрак барои таъмини рӯшноӣ оинаеро  насб кард. Азбаски  дар оғози асри гузашта техника  чандон  рушд накарда буд, ҷиҳати чарх задани оина мушкилӣ пеш омад. Бинобар ин,  Эйде муваффақ нашуд. Соли 2005 бо ташаббуси рассоми таҳҷоӣ Мартину Андерсен идеяи  Эйде дубора мавриди арзёбӣ қарор гирифта, ба коршиносон пешниҳод гардид. Соли 2013 бо дастгирии сокинони шаҳраки Рюкан 3 оинаи махсусро дар қуллаҳои кӯҳ насб карданд, ки тариқи онҳо самти рӯшноӣ ба майдони марказии шаҳр мерасад. Пас аз он ташрифи сайёҳон ба ин ҷо бештар шуда, аксар на барои лижаронӣ, балки ҷиҳати тамошои оинаҳои ҳайратангез ба ин макон меомаданд.
Таҳияи  Анвар ҲАФИЗ


ИЛТИФОТИ ШАҲБОНУ БА ЯК САРЛАШКАР
Александр Суворов дар бачагӣ заифу лоғар буд. Бо вуҷуди ин, ба  корҳои ҳарбӣ шавқу рағбат дошт. 
Боре шаҳбону Елизавета гвардиячии ниҳоят ҷавонро дар дарвозаи шаҳр дида, ба ӯ рубли нуқрагин ҳадия менамояд. Аммо посбон бо изҳори он ки: «Ҳангоми хизмат қабули ҳар гуна ҳадияҳо  қатъиян манъ аст», инъомро қабул намекунад. Ин  амали садоқатмандонаи гвардиячӣ ба Елизавета хуш омад. Фардои он рӯз  барои баланд бардоштани вазифаи Суворов   малика фармон дод ва ӯ капрали (ҳайати хурди фармондеҳӣ) Елизавета  гардид.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА


САВОЛЕ, КИ МАРДРО 105 КГ ЛОҒАР НАМУД
Ҷеймс Сомервилли 32 - солаи австралиягӣ падари ду кӯдак 219 килограмм вазн дошт. Болои ин, чун аз дарди диабет азият мекашид, ба қавле умедашро аз зиндагӣ канда буд. Вале ногаҳон, пас аз суҳбати духтараки  8 – солааш Ханно Ҷеймс якбора тағйир меёбад. Ханно дар авҷи суҳбат аз падар мепурсад, ки  оё ӯ омодааст дар рӯзи арӯсиаш вайро ба калисо барад. Мард ҷавоби тасдиқкунанда дод. Саволи дигари духтарак боз дардноктар буд, аниқтараш ӯ тавзеҳ дод, ки оё то он замон падар зинда мемонад, охир, ӯ мунтазам дору истеъмол менамояд ва вақти зиёдашро дар бемористон мегузаронад. Ҷеймс илоҷи дигар надошт, охир бояд ба ваъдааш вафо кунад.
Рӯз то рӯз худро тағйир додан гирифт, пеш аз ҳама худро ба қабули доктор номнавис кард.  Бо кӯшишҳои пайваста ва назорати духтур баъд аз як сол меъдаашро ҷарроҳӣ намуданд. Пас аз ҷарроҳӣ ва, ҳамчунин, бо парҳез кардану тамринҳои пайваста дар толори варзиш Ҷеймс дар 12 моҳ 105 кг вазн партофт. Дар ин муддат завҷааш 40 кило хароб шуд. Алҳол ин ду ҷуфт ҳаёти солиму фаъолро мегузаронанд ва одатҳои муфидашонро ба кӯдакони хеш меомӯзанд. Ба гуфтаи Ҷеймс ӯ дар толори тамрин шаш рӯзи ҳафтаро мегузаронад ва аллакай бисёр проблемаҳои марбут ба саломатиашро ҳал кардааст.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ 


ФАВВОРАИ ТИЛЛОӢ
Фаввораи Трев яке аз маъруфтарин гӯшаҳои тамошо дар шаҳри Рим ба шумор рафта,  солҳои 1743 – 1762 бунёд ёфтааст. Он калонтарин фаввораи «шаҳри абадӣ» буда, баландиаш ба 25 ва паҳноиаш ба 50 метр мерасад.
Аввалҳои асри XX сайёҳон анъанаи аҷиберо ҷорӣ карданд: ҳар нафаре, ки ба Рим меояд, бояд сайрро аз фаввораи Трев оғоз намуда, аввал ба он чанд танга андозад. Ин одат дар муддати кӯтоҳ байни сайёҳон маъмул шуд. Ҳамин тариқ, ба шарофати ташрифи миллионҳо сайёҳ, фаввора ғарқи тиллою танга гашт.  Барои мисол, соли 2017 сармояи фаввора 1 миллиону 400 ҳазор евроро ташкил дод. Ҳуқуқи ҷамъоварии ин маблағро танҳо ширкати «Каритас Романа» дорад. Онро ба барҷомондагону ниёзмандон тақсим менамоянд. Ба шаҳрвандону меҳмонон гирифтани тангаҳо қатъиян манъ аст.
Таҳияи М. ҚОДИРОВА


Қомати шоҳи Россия Пётри 1 тахминан 2 метру 13 сантиметр буд.
***
Людовики XIV бо лақаби Шоҳ – Офтоб 413 кати хоб дошт.
***
Капитан Кук нахустин нафарест, ки ба тамоми қитъаҳои рӯи Замин пой ниҳодааст.
Таҳияи Умар АЛӢ


ХОББИ
Бардоштҳои аҷиб аз рӯзгори шахсиятҳои маъруфи олам

5. Эрнест Хемингуэй, нависандаи  амрикоӣ ва дорандаи Ҷоизаи Нобел, ба бокс дилбастагӣ дошт ва эътирофгашта буд, то он ҷо, ки ӯро чандин маротиба барои ширкат дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ даъват кардаанд.

6. Леонид Брежнев яке аз собиқ роҳбарони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун шикорчии беҳамто эътироф гардида, 90 милтиқ дошт.

7. Екатеринаи II машғулиятҳои аҷибе дошт. Ӯ ашёи ғайриодӣ, аз ҷумла китобҳои нодир, расмҳои фавқулода,  муҷассамаҳои  мармарӣ ва ғайраҳоро ҷамъоварӣ менамуд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


ЧЕМПИОНҲОИ ҶАҲОН  ОИД БА ШОҲМОТ
Макс ЭЙВЕ
Давраи чемпиониаш солҳои 1935–1937. Намояндаи Нидерланд. Чемпиони панҷуми ҷаҳон.
Ғалабааш бар Алёхин ҳамчун сенсатсия эътироф гаштааст. Инро ҳатто ҳамватанони Эйве интизор набуданд ва чи ҳоҷат ба гапи барзиёд, ки худи Алёхин ба ғалабаи ӯ бовар надошт ва бо осонӣ розӣ шуд, ки дар «майдони рақиб» ба муҳориба пардозад. Ҳар чи гӯянду нагӯянд, ғалабаи Эйве ҳаққонию сазовор буд ва дар муборизаи бошарафона ба даст омад.
Макс Эйве дар зиндагӣ шахси доно ва ҳаматарафа буд. Вай аз фанни риёзӣ дарс медод, унвони профессорӣ дошт. Минбаъд вазифаи роҳбари ФИДЕ – Федератсияи байналмилалии шоҳмотро ба зимма гирифт.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


ДАРАХТИ ТАНҲОИ БИЁБОН
Дар шимолу шарқии Нигер, дар биёбони тафсони Тенере, дарахти ақоқиё (акатсия) рӯида буд. Онро танҳотарин дарахти рӯи Замин меномиданд, зеро дар масофаи то 400 километр дар гирду атрофи ин дарахт ягон рустании  дигар вуҷуд надошт. Олимон ҳанӯз солҳои сиюми асри гузашта муайян карданд, ки ин дарахт умри 300 - сола доштааст. Давоми солҳои тӯлонӣ дар биёбони тафсон сояи дарахти танҳо макони истироҳат барои корвониён буд. Касе исбот карда наметавонад, ки чӣ гуна ва бо кадом роҳ решаи ақоқиё ба намӣ роҳ ёфта, зинда мондааст. Мутаассифона, ҳарчанд сокинони маҳаллӣ  солҳо мекӯшиданд, ки ин  дарахти беназирро аз осеб нигаҳ доранд, муваффақ нашуданд ва дарахти нодир ниҳоят ба нобудӣ рафт. Соли 1973 дар иртибот ба аз байн рафтани ин дарахти беназир ду фарзия расонаӣ шуд. Тибқи яке аз онҳо дарахт аз тарафи ронандаи сархуш хароб гардидааст. Фарзияи дуюм мегуфт, ки он бар асари боди шадид решакан шудааст. Бо вуҷуди ин, дарахти азбайнрафтаро мардум гиромӣ дошт. 8 ноябри  ҳамон сол комиссияи махсус ташкил шуда, танаи онро ба пойтахти  Нигер - шаҳри Ниамей оварданд. Ин ҷо дар Музейи миллӣ барои ин дарахти ғайриодӣ павилйони махсуси муҷаҳҳазонидашуда сохтанд.  Дар ҷойи дарахти 300 - сола бошад, пайкараи металлии онро ҳамчун ёдоварӣ бунёд намуданд.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


БУЗУРГТАРИН ИХТИРОИ АСР
Соли 2005 дар Британияи Кабир аз рӯи пурсиши гузарондаи «Би – би – си» дар мавзӯи ихтирои бузургтарини техникӣ аз соли 1800 дучарха ғолиб эътироф гашт. Он на танҳо аз ихтирооте чун интернет ва муҳаррики дарунсӯз пеш гузашт, балки аз ҳамаи ихтирооти дигар дар якҷоягӣ овози бештар ба даст овард.
Воқеан, ду сол қабл ҷопонҳо ҳамчун бузургтарин ихтирои асри XX лапшаи тезтайёрро интихоб карда буданд.
Таҳияи Мафтуна НУРИДДИН


ПУЛҲОИ АФСОНАВӢ
3. Пули «Питон», Амстердами Ҳолландия
Яке аз даҳ пули аҷиб дар ҷаҳон буда, дар бандари шарқии Амстердам ҷойгир аст. Бунёди он соли 2001 ба итмом расид ва ба туфайли шакли ғариб доштан, яъне ба мори калон - аждаҳо монанд буданаш , «Питон» ном гузоштаанд. Танҳо фарқаш аз мори табиӣ дар он аст, ки рангаш сурх аст.
Пули хазандашакл нимҷазираи Споренстургро бо ҷазираи Борнео мепайвандад.
Лола РИЗОӢ, тарҷума аз русӣ


АЗ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
1. Тортан бе сар ҳам то ду ҳафта зинда мемонад.
2. Зарофа бо забони нимметрааш гӯшҳояшро тоза мекунад. Он дар биёбонҳои бе об нисбат ба уштур зиёд зиндагӣ карда метавонад.
3. 95 дарсади медузаро об ташкил медиҳад. Бинобар ин, ниҳоят шаффоф аст.
4. Ҳассосияти наҳанг ба хун он қадар зиёд аст, ки мавҷудияти 1 грамм хунро дар 100 ҳазор литр об дарк мекунад.
5. Мушҳои паррон ҳангоми аз ғор берун шудан доимо ба тарафи чап парвоз мекунанд.
6. Шири шутур турш намешавад, рангашро ҳам дигар намекунад.
7. Гурба зиёда аз 100 овози гуногун мебарорад.
Таҳияи Сайфулло Ашуров


ТӮБИ КАЛОНТАРИН БАРОИ РЕГБИ
Бо хабарҳои охирин ошно шуда, кас ба чунин хулоса меояд, ки мардум барои ба «Китоби рекордҳои Гиннес» шомил шудан чи корҳои аҷибе мекунад. Барои мисол, ширкати истеҳсолкунандаи маҳсулоти варзишии «Aramis Regby» тӯберо офарид, ки бо он танҳо азимҷуссаҳои афсонавӣ метавонанд регби бозӣ кунанд.
Дарозии он 597 сантиметрро ташкил дода, қутраш ба  369 сантиметр баробар аст. Ҳангоми рӯнамоиаш маҷбур шуданд, ки тӯбро тавассути чархбол ба шаҳри Молтони ҷанубии Бритониё баранд.
Тӯб аз рӯи стандартҳои «бародари хурдиаш» сохта шудааст. Мутахассисонро лозим омад, ки ба ғайр аз ҳисобу китоби дақиқ вақту заҳмати зиёдеро паси сар намоянд, то ба қавли худашон ин муъҷизаро биофаранд.
Таҳияи Саҳобиддин СУЛТОНЗОДА 


ҲИКОЯҲОИ ВОҚЕИИ ОДАМОНИ ВОҚЕӢ
ЛЕОНИД РОГОЗОВ
Табибе, ки худро ҷарроҳӣ намудааст
Духтури шӯравӣ Леонид Рогозов, ки ягона духтур дар истгоҳи дурдасти Антарктида буд, худашро ҷарроҳӣ кардааст.
Вақте ки духтури 27 - сола дарди сахт ва нишонаҳои классикии ба аппендитсит монандро дар худ ҳис кард, донист, ки роҳи ягонаи халосӣ ҷарроҳӣ хоҳад буд. Аммо аз сабаби боридани борон ва набудани нақлиёт маҷбур шуд, ки худашро худ ҷарроҳӣ кунад.
Дар рафти ҷарроҳӣ ба ӯ якчанд кас ёрӣ расонданд. Барои иҷрои амалиёт 1 соату 45 дақиқа вақт сарф шуд.
Таҳияи Лутфия ҚОДИРОВА


АСБОБҲОИ НОДИРИ МУСИҚӢ
ТЕРМЕНВОКС
Мусиқӣ дар фазо
Соли 1919 кашшофи шӯравӣ Лев Терменов асбоби мусиқие офарид, ки ҳамагонро ба ҳайрат овард. Терменвокс яке аз куҳантарин асбоби мусиқии барқие мебошад, ки бо хусусиятҳои худ аз дигар созҳо тафовут дорад. Тарзи навозиши он хеле аҷиб аст: ромишгар ба болои асбоб даст намерасонад, дар ҳоле ки оҳанг танинандоз мегардад. Ба ин кор ду антеннае, ки ҷойгиршавии дастони навозандаро муайян менамоянд, мусоидат мекунанд. Ин антеннаҳо садо ва низоми овози оҳангро идора менамоянд.
Воқеан ҳам, терменвокс асбоби мусиқии нодир буда, то ҳанӯз ҳамтои он пайдо нашудааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2019    №: 188    Мутолиа карданд: 1827

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед